11:03:26 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПУЛИС: АФСАРОНИ БОЗДОШТШУДА БО ГУРӮҲҲОИ ҶИНОИИ ХОРУҒ ҲАМДАСТАНД

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд ду мақоми собиқи пулиси ин кишвар, ки ахиран дар Қирғизистон боздошт шуданд, ба хотири иртибот бо гурӯҳҳои ҷинояткор дар Хоруғ аз симатҳои худ қаблан барканор шуда буданд. Бар асоси хабари сойти интернетии ин вазорат, ки рӯзи 25 октябр мунташир шудааст, қаблан ин ду афсар дар суфуфи кормандони пулис дар вилояти Бадахшон фаъъолият мекарданд.

/images/stories/2012/10/29_kharogh_noncred-291012.jpgАммо сарҳанги дувум (подполковник) Маҳкам Лашкаров ва сарвон (капитан) Асалбек Боронбоев 20 октябри соли равон аз вазоифи хеш сабукдӯш шудаанд. Бар навишати ин сойт Маҳкам Лашкаров, масъули бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи ноҳияи Мурғоб, ва Асалбек Боронбоев, корманди ин бахш, ба хотири "иртибот бо гурӯҳҳои ҷинояткор" дар шаҳри Хоруғ аз мақомҳояшон барканор шудаанд.

Ин сойт менависад, ки хабаргузориҳо ин ду фардро ба унвони кормандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон муъаррифӣ карданд, дар ҳоле ки онҳо "ҳангӯз чанд муддат пештар", яъне 20 октябр аз симатҳои худ барканор шудаанд.

Пештар хабаргузории "24kg" дар Қирғизистон хабар дода буд, ки дар посгоҳи марзи муштараки "Бор-Добо"-и ноҳияи Олтойи ин кишвар ду корманди пулиси Тоҷикистон боздошт ва аз утумубили онҳо шаш килуграм ҳируин кашф ва мусодира шудааст. Аммо тафсилоти бештаре дар бораи наҳваи боздошти ин афрод мунташир нашудааст.

Аз сӯйи дигар, бар асоси гузоришҳо, Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар ҷаласае дар шаҳри Хоруғ ҳафт нафар аз кормандони дигари пулис дар вилояти Бадахшонро барои "бедиққатӣ ба ҳангоми иҷрои вазоифашон" аз симатҳояшон барканор кардааст.

Вазири умури дохилӣ панҷ тани аз кормандони дигари пулис дар бадахшонро низ барои бад иҷро кардани вазоифи худ ихтор додааст. Дар ин хабар низ омадааст, ки ду афсари ин ниҳод дар ноҳияи Мурғоб барои иртибот бо гурӯҳҳои ҷинояткор аз шуғлашон барканор шудаанд.

Ҳарчанд масъулони пулис иртиботи онҳо бо кадом гурӯҳҳои ҷинояткорро эълом накардаанд, вале манобеъи огоҳ мегӯянд эҳтимолан ин гурӯҳҳое ҳастанд, ки давлат онҳоро дар нооромиҳои моҳи июл дар Хоруғ муқассир медонад.

Ин нооромиҳо баъд аз амалиёти вижаи нерӯҳои давлатӣ дар 24 июли соли равон оғоз шуда ва то як моҳ идома дошт. Ин амалиёт дар шаҳри Хоруғ алайҳи афроди мазнун дар қатли Абдулло Назаров, раиси фақиди бахши Кумитаи амнияти вилояти Бадахшон оғоз шуд ва ҳадафи аслии ин амалиёт боздошти афроди мазнун дар қатли ин женерол унвон шуда буд.

Дертар Додситони кулли Тоҷикистон Толиб Айёмбеков, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Имомназар Имомназров ва Ёдгор Маҳмадаслмов, чаҳор нафар аз фармондеҳони мухолифони пешинро ба таъсиси гурӯҳҳои ҷинояткор ва ҷароими мухталифи дигар дар Бадахшон муттаҳам кард.

Аз миёни ин афрод Имомназар Имомназаров, дар авохири моҳи август дар шароите машкук кушта шуд, аммо се нафари дигар бо вуфуди поён ёфтани амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ ва эъломи иттиҳомоти додситонӣ алайҳи онон то кунун дар озодӣ ба сар мебаранд.

Гузоришҳои расмӣ ҳокист, ки дар амалиёти Хоруғ аз миёни нерӯҳои давлатӣ 17 нафар кушта ва 40 захмӣ шудаанд. Ҳамчунин, 30 шӯришӣ кушта ва 40 нафари дигар боздошт шудаанд.

Мақомот мегӯянд дар ин амалиёт танҳо як ғайринизомӣ кушта шудааст, вале манобеъи маҳаллӣ шумори талафот дар миёни ғайринизомиёнро чандин нафар арзёбӣ мекунанд.

Амалиёти якрӯзаи нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ ба маблағи беш аз 600 ҳазор сомонӣ хисороти молӣ бар таъсисоти иҷтимоъӣ, манозил ва дороиҳои мардуми одии ин шаҳр ворид кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи иддае аз сокинони шаҳри Хоруғ, тайи як моҳи ахир иддаи зиёде аз сокинони маҳаллӣ ба занни ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ҷиноӣ боздошт шудаанд.

Бархе аз манобеъ ҳамчунин мегӯянд, ки шуморе аз ҷавонони бадахшонӣ дар моҳҳои ахир дар Душанбе тавассути нерӯҳои амниятӣ боздошту шиканҷа ва таҳдид шудаанд, ҳарчанд ин хабарҳо расман таъйид нашудааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi