22:06:42 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СМБ: ДАХОЛАТИ НИҲОДҲОИ ДАВЛАТӢ БОИСИ МУШКИЛИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИК ШУДААСТ

Созмони молиявии байналмилалӣ (СМБ) дар натиҷаи омӯзиши муҳити соҳибкории Тоҷикистон муайян кардаст, ки мушкилоти асосии бахши хусусӣ дар кишвар ба дахолати ниҳодҳои давлатӣ рабт доранд.

/images/stories/2012/10/07_biznesment-071012.jpgБино ба иттилои масъулини созмони мазкур ин омилро ҳам корхонаҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва ҳам хоҷагиҳои деҳқонӣ тасдиқ кардаанд. Таҳиягарони омӯзиш ба хулоса омадаанд, ки дар Тоҷикистон бояд модели муносибати ниҳодҳои давлатӣ бо намояндагони бахши хусусӣ нав гардад.

Аз модели мавҷуда, ки ниҳодҳои давлатӣ ба назорати меъёрҳои гуногун машғуланд, зарур аст, ки ба намояндагони бахши хусусӣ ҳамчун ба муштарӣ муносибат намоянду розигии муштарӣ сармашқи корашон бошад.

Тафтишот аз ҷониби мақомоти андоз, ки яке аз сарчашмаҳои мушкили бахши хусусӣ арзёбӣ мешавад, дар Кодекси нави андоз бознигарӣ шудааст.

Дар робита ба ин Лутфулло Саидмуродов, доктори илмҳои иқтисодӣ таҳлил кардааст, ки дар сурати тадбиқи дурусту босамари муқаррароти Кодекси нави андоз тафтиши корхонаю ташкилотҳо аз ҷониби мақомоти андоз метавонад чор маротиба камтар гардад:

«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сурати босамар ва дуруст истифода намудани муқаррароти Кодекси андоз, миқдори санҷишҳо чор маротиба, давомнокии санҷишҳову хароҷоти давлатӣ барои гузарондани санҷишҳо ду маротиба кам хоҳанд шуд. Аз он ҷумла хароҷоти соҳибкорон низ, ки ба санҷишҳо дахл доранд, 38 фоиз кам мегарданд».

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi