22:55:57 20-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МАШРАБОВ: "ЭҲТИМОЛИ АМДӢ БУДАНИ ОТАШСӮЗӢ ВУҶУД ДОРАД"

Нуршед Машрабов, муассис ва молики аслии бозори "Корвон", гуфтааст, ки эҳтимоли амдӣ будани оташсӯзии шаби гузашта дар ин бозор вуҷуд дорад. Оқои Машрабов, ки рӯзи панҷшанбеи 6 сентябр нишасте хабарӣ дар шаҳри Душанбе баргузор кард, гуфт дар маҳалли шурӯъи оташсӯзӣ васоили барқӣ мавҷуд набудааст. Ҳамчунин оташсӯзӣ "аз се-чаҳор ҷойи бозор" шурӯъ шудааст.

/images/stories/2012/09/06_nurshed-mashrabov-060912.jpgАммо мақомоти расмӣ ҳанӯз иттилоъе дар бораи сабабҳои ин оташсӯзӣ пахш накардаанд. Кумисиюне вижа барои таҳқиқи ин ҳодиса таъсис шудааст. Оқои Машрабов гуфт, ки дар бозор ба далели ин ки қаблан ҳам оташсӯзӣ рух дода буд, масъулон дурбинҳои мадорбаста гузошта буданд ва наворҳои видиюӣ дар ихтиёри пулис қарор дода шудааст.

Вай дар ҳоле ки аз тоҷирони зиёндида узрхоҳӣ мекард, гуфт, ки дуконҳои харобшуда дар оташсӯзӣ дар тӯли як моҳ бо маблағи соҳиби бозор ва бо кайфияти беҳтар бозсозӣ хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, тарҳи бозор низ иваз хоҳад шуд. Оқои Машрабов ҳамчунин эълом кард, ки тибқи таҳқиқоти муқаддамотӣ беш аз 2000 тоҷир дар ин оташсӯзӣ зиён дидаанд: "Пеш аз ҳама худи мо, соҳибони бозор, аз ин ҳодиса зарар дидем."

Вай эълом кард, ки тоҷирони осебдида барои панҷ сол аз пардохти маблағи иҷораи дуконҳо маъоф хоҳанд шуд. Ҳамчунин, бонкҳои Тоҷикистон мувофиқат кардаанд, ки муҳлати бозпардохти вомҳои тоҷиронеро, ки аз бонкҳо қарз гирифтаанд, барои ду сол тамдид кунанд.

Ваъдаҳои шаҳрдори Душанбе

Пештар, шаҳрдори Душанбе низ ба тоҷирони бозори "Корвон" ваъда дода буд, ки дар муддати як моҳ дуконҳои харобшуда дар бахши оташгирифтаи ин бозор бозсозӣ хоҳанд шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки дар назди тоҷирони муътаризи ин бозор суханронӣ мекард, ҳамчунин онҳоро мутақоъид сохта, ки муҳлати бозпардохти вомҳои гирифтаи бозориён аз бонкҳо тамдид хоҳад шуд. Як мақоми Бонки Миллӣ низ дар ин ҷо ҳузур доштааст.

Оқои Убайдуллоев, ки ҳамзамон раиси маҷлиси улёи порлумони Тоҷикистон аст, ба гирдиҳамомадагон ваъда кардааст, ки афроди муқассир дар ин оташсӯзӣ ва масъулони бозор ба маҳкама кашида хоҳанд шуд.

Он замон вай таъкид карда буд, ки Нуршед Машрабов, соҳиби бозори "Корвон" ва писари Хол Машрабов, раиси пешини Кумитаи молиёт ва ноҳияи Рӯдакӣ, ҳоло "ба куҷое фирор" кардааст.

Ҳамчунин ӯ ваъда додааст, ки "дар зудтарин фурсат кумисиюни вижае аз ҷумлаи кормандони интизомӣ, тоҷирон ва масъулони зидахли бархе ва вазоратхонаҳо таъсис ёфта ва хисороти ворида аз оташсӯзиро мушаххас хоҳад кард."

Ин нахустин ҳодисаи оташсӯзӣ дар бозори "Корвон" набудааст, ки мунҷар ба муфлис шудани бисёре аз тоҷирону бозаргонҳо мешавад. Дар гузашта низ ин гуна ҳаводис иттифоқ уфтода ва ба гуфтаи тоҷирони хашмгин, касе ҳатто барои саҳлангорӣ муҷозот нашудааст.

"Бархӯрди хашин"

Субҳи рӯзи панҷшанбеи 6 сентябр, ки гурӯҳҳои оташнишон ҳамчунон машғули хомӯш кардани забонаҳои оташ дар бозори "Корвон" буданд, шумори зиёде аз тоҷирон, ки дуконҳои онҳо ба коми оташ фурӯ рафт, дар назди ин бозор таҷаммуъ карданд.

Сипас, шуморе аз муътаризон ба сӯйи маркази шаҳр равона шуданд, то бо шаҳрдори Душанбе мулоқот кунанд. Роҳи беш аз 100 нафар аз ин афродро кормандони интизомӣ дар наздикии корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе бастанд ва онҳоро дар утубусҳо бозпас бурданд.

Маъмурони пулис ҳамроҳ бо кормандони амниятӣ бо вуҷуди пофишории афроди гирдиҳамомада аз идомаи роҳпаймоии онҳо ба самти маркази шаҳр ҷилавгирӣ карданд.

Бисёре аз тоҷирон муътақиданд, ки касе бозорро амдан оташ зада ва онҳо хостори ёфтан ва муҷозоти омилони ин ҳодиса шудаанд. Як зан гуфт, ки вай акнун барои ҳамешагӣ зери бори қарз хоҳад монд, зеро барои ворид кардани маводди фурӯшӣ вай аз бонк воми зиёде гирифта буд.

Ин зан ба маъмурони пулис гуфт, ки ба вай иҷоза диҳанд, то назди шаҳрдор биравад ва ҳарфи худро ба ӯ бигӯяд. Аммо бо ин вуҷуд, кормандони пулис аз ин кор монеъ шуданд.

Дар Тоҷикистон низоми қобили эътимоди тоҷирон барои бима кардани дороиҳо вуҷуд надорад ва дар ҳаводисе мушобеҳ ниҳоде, ки хисороти воридаро ҷуброн кунад амалан вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, маъмурони пулис аз суҳбати бархе аз хабарнигорон бо афроди муътариз низ монеъ шуда ва бо бархе аз муътаризон ва хабарнигорон бархӯрди хашин кардаанд.

Бархе аз маъмурони пулис гуфтанд, ки хабарнигорон ҳаққи суҳбат бо тазоҳуркунандагон ва иҷозаи аксбардории онҳоро надоранд. Шоҳидон мегӯянд, ки як маъмури пулис аз аксбардории хабарнигорони Би-би-сӣ монеъ шуда ва ононро тавҳин кардааст.

Маъмурони пулис ҳамчунин Саймиддин Дӯстов, рӯзноманигори маъруф ва муассиси нашрияи "Нигоҳ" ва хабаргузории "Тоҷнюз"-ро, боздошт карда ва бо худ бурдаанд.

Пештар аз ин ҳодиса, кормандони пулис Зайнидин Орифӣ, хабарнигори ин хабаргузориро низ барои аксбардорӣ ва суҳбат бо бозориёни муътариз боздошт кардаандт.

Би-Би-Си

Аксҳо: СӮХТОРИ НАВБАТӢ ДАР БОЗОРИ КОРВОН



Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 07.09.2012 15:40
утубус нею АВТОБУС БУДАГИСТ
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi