ДОДГОҲИ ХАТЛОН САДОВНИЧИЙ ВА РУДЕНКОРО ОЗОД КАРД
Додгоҳи Хатлон Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ду халабони як ширкати русиро озод кард. Коллегияи додгоҳи вилояти Хатлон, ки бозбинии парвандаи ин ду халабонро бар ӯҳда дошт, эътирози додситонӣ дар мавриди афви Садовничий ва Руденкоро пазируфт, вале аз шикояти маҳкумшудаҳо сарфи назар кард. Ду халабони маҳкумшуда аз додгоҳ хоста буданд, ки онҳоро аз толори додгоҳ озод ва ҳамчунин "сафед" кунанд.
Додгоҳи вилояти Хатлон гуфт, Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстония ба 2 солу шаш моҳу 10 рӯзи зиндон маҳкум шуда, аммо бар асоси қонуни афви Тоҷикистон ба озодӣ баромаданд. Қабл аз ин, Толибҷон Азимов, ёвари додситони вилояти Хатлон, ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нисбат ба Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро ниҳоят сангин хонда ва аз Коллегияи додгоҳи вилояти Хатлон талаб карда буд, ки ин ҳукмро нармтар кунад.
Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия, пас аз он ки аз толори додгоҳ озод шуд, дар сӯҳбат ба хабарнигори "Озодӣ" гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ хушҳол аст. Вай гуфт, ҳарчанд ин ҳукми додгоҳ ӯро сафед накард, вале аз он ки ба озодӣ баромад, худро хушбахт эҳсос мекунад. Вале на намояндаи додситонии Хатлон ва на вакили мудофеи халабонҳо дар бораи ду ҳавопаймои ширкати "Ролкан" ва як муҳаррике, ки ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира шудааст, ҳарфе нагуфтанд. Ҳатто дар шикояти кассатсионии ду халабон дар ин бора ишорае нарафтааст.
Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи ҳаштуми ноябр ин ду халабони ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД”-ро ба ҷурми убури ғайриқонунии марз, нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз ва қочоқ ба ҳаштуним солии зиндон маҳкум кард. Бино ба қарори додгоҳ, ду ҳавопаймои ширкати "Ролкан", ки Садовничий ва Руденко бо он ба Тоҷикистон фуруд омадаанд, ба фоидаи давлати ин кишвар мусодира шуд.
Ҳукми ин ду халабон боиси таниши бесобиқае дар равобити Душанбеву Маскав шуд ва мақомоти Русия зоҳиран дар посух ба ҳукми халабонҳо ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик пардохта, таҳдид карданд, ки шояд ҳатто вуруди мардикорони тоҷикро ба Русия манъ кунанд. Танҳо баъд аз судури ҳукми ин ду халабон садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кору зиндагӣ мекарданд, боздошт ва як гурӯҳи онҳо ихроҷ шуданд.
Вазорати умури хориҷии Русия низ ба шиддат аз ин ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа интиқод карда ва онро “сангин” унвон намуд ва аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки Владимир Садовничийро озод ва ба кишвараш интиқол бидиҳанд. Бархе аз вакилони Думаи давлатии Русия ҳам хостори ҷорӣ кардани низоми раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон шуданд. Вале Думаи давлатии Русия дар як муроҷиатномаи худ ба унвони мақомоти Тҷоикистон таъкид кард, ки ин парвандаи халабонҳо беасосу сиёсӣ аст ва аз ин рӯ бознигарӣ шавад.
Ҳарчанд дар оғоз мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла додситони кулли ин кишвар ҳукми зиндони Садовничий ва Руденкоро дуруст шуморида ва онро як баҳси одии додгоҳӣ медонистанд, вале ахиран хостори бознигарии парвандаи ин ду нафар шуданд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҷиҳати «ҳалли мусбат»-и қазияи халабонҳои рус дастур додааст. Ин нуктаро вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар Алма-Ато дар дидор бо ҳамтои русаш Анатолий Сердюков, ки дар ҳошияи нишасти вазирони дифои кишварҳои пасошӯравии узви СНГ доир шуд, изҳор доштааст. Оқои Сердюков ба дунбол аз ҳамтои тоҷикаш хостааст, то барои раҳоии халабони рус «гомҳои мушаххас» бардорад.
Гузашта аз ин, Юрий Попов, сафири Русия дар Душанбе, пас аз дидору мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки онҳо барои ҳалли қазияи халабонҳо "забони муштарак" ёфтаанд.
Носирҷони Маъмурзода, «Озодӣ»
Шарҳҳо
RSS Обуна