23:56:46 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

САФОРАТИ ИМА ВА ПАСТ КАРДАНИ САТҲИ НАШЪАМАНДӢ

Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон зиёда аз 300,000 доллар маблағи грантиро дар чаҳорчубаи барномаҳои INL барои паст намудани талабот ба маводи нашъаовар (DDR) барои солҳои 2011-2012 ба ташкилотҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмиллалӣ, ки ҳамаи чор вилояти Тоҷикистонро дарбар мегиранд, ҷудо намуд.

/images/stories/2011/10/27_geroin-javonon_2011.jpgБа шаш ташкилоти ғайридавлатии маҳаллӣ ва як бритониёвӣ оид ба мубориза ва пешгирии одамон аз нашъамандӣ маблағи грант дода шуда буд. Ин ҳафт лоиҳаи интихобшуда тарзи ҳаёти солимро байни гурӯҳҳои ноустувор ба воситаи иқдомҳои таълимӣ, чорабиниҳои варзишӣ ва рақс, намоишномаҳои театрӣ ва дигар чорабиниҳо тарғиб менамояд.

Дар гузашта Сафорати ИМА дар мавзӯъи паст намудани талабот ба маводи нашъаовар мусобиқаҳои карате, дзю-до ва бодибилдингро тарзи дастгирӣ мекард, лекин бори аввал ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои лоиҳаҳои дарозмӯҳлат маблағи грантӣ дода шудааст. Вусъатёбии қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон аҳолии Тоҷикистонро дар марзи хатари нашъамандӣ мегузорад. 

Ташкилотҳои ғайридавлатии: Хуршед, Престиж, Маркази тадқиқоти журналистӣ, Академияи миллии олимпӣ, Даст ба Даст ва Маркази ҳуқуқӣ кӯдакон дар пешгирӣ ва паст намудани талабот ба нашъамандӣ бо усулҳои "ҳамсол бо ҳамсол", тақсими маълумоти таълимӣ, гузарондани машваратҳо, чорабиниҳои иттилоотии ахбори омма, таъмири биноҳои варзишӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ фаъолияти худро анҷом хоҳанд дод. Фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба огоҳонидани аҳолӣ аз хатари нашъамандӣ бо маълумот ва вусъатдиҳии малака барои интихоби тарзи зинлагии солимро равона шудааст.

Моҳи ноябри соли ҷорӣ дар чаҳорчӯбаи ин барнома консерти зидди нашъамандӣ дар шаҳри Душанбе ва монанди ҳамин чорабиниҳои фарҳангӣ дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронда хоҳад шуд. Барнома боз қисман таъмир намудани клуби варзишии Испечак ва биноҳои варзишӣ дар наздикии шаҳри Хоруғро дар бар мегирад.  Тақсими дискҳои DVD бо консерти зидди нашъамандӣ ва филми мустанад дар мавзӯи зиндагии нашъамандон як қисми барномаро ташкил медиҳад.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ният дорад дар оянда низ кӯмак ва дастгирии худро ба мардуми Тоҷикистон давом дихад. Аз соли 1992 инҷониб Ҳукумати ИМА баҳри амалигардонии барномаҳои мададрасон, ки фаъолияти институтҳои демократӣ, соҳаҳои тиб ва маориф, рушди иқтисодиёт, бехатарии сарҳад, волоияти қонун ва мубориза зидди маводи мухадирро дар Тоҷикистон тақвият медиҳад, такрибан 984 млн долларро сарф кардааст.

«Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 01.11.2011 23:49
amerika avval brava gerainoi vashengtonu nuuorka jam kna ba tjk biyoya . az shumo mexoham barnomai maykl mur yake az jurnalistoni amrikoiro bined . dar onjo tasvirbardori shuda ast ki chiguna dar atrofi beliy domi amerika gerain mefrushand . avval hamu girdu varai xonai safedshona haddi akal pok knan ba bioyan tjk . ika amerikanso xudshona shirin naknan . makru nayrangi onho ba kase pushida nest.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi