16:43:42 02-уми Июни 2025 сол

БАЁНИЯИ ЯК ГУРӮҲИ НОШИНОХТАИ ИСЛОМГАРО ДАР ТОҶИКИСТОН

Як гурӯҳи исломгарои ношинохта, ки худро “Ҷамоъати Ансоруллоҳ” муъаррифӣ мекунад, алайҳи онҳое, ки "куффору мушрикони Тоҷикистон" меномад, ҷиҳод эълом кардааст. Ин гурӯҳ баёнияе видиюиро аз тариқи сойти "youtube" пахш карда ва худро гурӯҳе аз муҷоҳидони тоҷик мехонад, ки ба эътиқоди худашон Худованд онҳоро “дар ҷангалҳои Тоҷикистон бо ҳақ устувор дошт... то дини Худоро ба ин мардум бирасонем."

/images/stories/2011/09/16_ansarullah_15.9.2011.jpgМарде бо риши баланд ва кулоҳи афғонӣ, ки зоҳиран раҳбари ин гурӯҳ аст, дар миёни ҳудуди 15 нафар аз ҳамроҳонаш суханронӣ мекунад ва суханронии ӯ зоҳиран тавассути телефуни ҳамроҳ забт шудааст. Вай гоҳ-гоҳ матнҳоеро ба забони арабӣ қироат мекунад, ки мегӯяд сураҳои Қуръон будаанд. Вай дар истинод ба яке аз ин сураҳо қатлу куштори кофаронро аз "фармудаҳои Оллоҳ" қаламдод мекунад

Ин мард аз уламои исломии Тоҷикистон тақозо карда, ки ба онҳо бипайванданд ва мегӯяд, ки аз мардуми Тоҷикистон таваққӯъ дорад, ки барои муваффақияти кори онҳо дуъо кунанд. Ин фард мусалмонии кумунисту демукротҳои тоҷикро бакуллӣ зери суол бурда, "ҳатто агар намоз мехонанд, рӯза мегиранд ва ҳаҷ кардаанд", ва мегӯяд, ки "Қуръонро набояд аз назари демукросӣ хонд."

Ба гуфтаи ӯ, дар ғайри ин сурат ин афрод мӯъмин нестанд ва ҷиҳод алайҳи онҳо равост ва "агар мулло ё олиме аз онҳо пуштибонӣ кунанд, ҷиҳод ба онҳо низ иртибот мегирад.” Дар ҳамин ҳол, дар миёни мақомоти Тоҷикистон дар мавриди будан ё набудани тарафдорони “Ҷамоъати Ансоруллоҳ” дар қаламрави ин кишвар назароти воҳиде вуҷуд надорад.

Тоҳир Норматов, раҳбари ситоди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, вуҷуди ин гурӯҳи исломгароро таъйид карда ва гуфт, ки Мулло Абдулло, фармондеҳи пайкорҷӯён, ки дар баҳори соли ҷорӣ дар водии Рашт кушта шуд, узви ин гурӯҳ будааст.

Юсуф Раҳмонов, додситони вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, низ дар моҳи октябри соли гузашта ин гурӯҳро вобаста ба Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон хонда ва гуфта буд, ки то он замон 5 тан аз аъзои ин гурӯҳ боздошт шудаанд. Он замон ин гурӯҳ тавассути шабакаи интернет масъулияти ҳамла ба бинои бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохила дар шаҳри Хуҷандро ба ӯҳда гирифта буд, ки бар асари он ду пулис кушта ва 25 нафари дигар захмӣ шуда буданд.

Аммо баъдтар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ин иддаъоро бепоя хонда ва Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистонро дар ин ҳамла муқассир донистанд. Дар ҳамин ҳол, Саидмукаррами Абдулқодир, раиси Шӯрои исломии Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз вуҷуди ин гурӯҳи исломӣ дар ҳудуди Тоҷикистон иттилоъ надорад.

Ба гуфтаи оқои Абдулқодир, дар Миср ва Покистон гурӯҳҳои исломӣ бо номи “Ҷамоъати Ансоруллоҳ” ва “Сипоҳи саҳоба” фаъолият мекунанд, аммо вай дар мавриди фаъолияти ин гурӯҳҳо дар қаламрави Тоҷикистон хабаре нашунидааст. Вай таъкид кард, ки мумкин аст бархе аз гурӯҳҳои тундрав бо ин ном ба таври махфӣ дар Тоҷикистон фаъолият кунанд ва ба ин хотир барои бештари сокинони кишвар ин ном ошно нест.

Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон низ гуфтанд, ки гурӯҳи исломии “Ҷамоъати Ансоруллоҳ” дар феҳристи созмону аҳзоб ва гурӯҳҳои маҳзабӣ, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон расман мамнӯъ аст, вуҷуд надорад. Ба гуфтаи онҳо, имкон дорад ин гурӯҳи тундрави мазҳабие бошад, ки тоза пайдо шуда ва бо пахши баёнияе шадидуллаҳн аз вуҷуди худ дар Тоҷикистон дарак додааст.

Зимнан, Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, рӯҳонии саршинос, баёнияи мунташира дар сойти Ютюбро як навъ "дасиса ё провокатсияи гурӯҳҳои зиддиисломӣ" хонда ва гуфтааст, ки пайравони ҳеч мазҳабе хоҳони қатлу куштори одамони бегуноҳ нестанд. Бархе аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ ва исломгаро дар Осиёи Миёна, низ ин баёнияро маҳкум кардаанд.

Би-Би-Си

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 17.09.2011 15:32
Боз як хилла ва дасиса ва накша гуфт Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, рӯҳонии саршинос, ин навъ "дасиса ё провокатсияи гурӯҳҳои зиддиисломӣ" хонда ва гуфтааст, ки пайравони ҳеч мазҳабе хоҳони қатлу куштори одамони бегуноҳ нестанд. Бархе аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ ва исломгаро дар Осиёи Миёна, низ ин баёнияро маҳкум кардаанд.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854