ЁДБУДИ АҲМАДШОҲИ МАСЪУД ВА ШАҲИДОНИ АФҒОНИСТОН ДАР ДУШАНБЕ
Дар шаҳри Душанбе ёдбуди Аҳмадшоҳи Масъуд, аз фармондеҳони муҷоҳидини Афғонистон ва беш аз як милюн шаҳиди ҷанги тӯлонии он кишвар доир шуд. Ин ҳамоиш, ки ба 10-умин солгарди кушта шудани Аҳмадшоҳи Масъуд бахшида шуд, бо ибтикори сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, шоми рӯзи душанбеи 12 сентябр баргузор шуд. Дар нишаст чеҳраҳои сиёсӣ ва фарҳангии Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон ширкат ва суханронӣ карданд.
“Аҳмадшоҳ ба занони афғон демократия овард”
Абдулғафур Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, зимни ёдоварӣ аз корнамоиҳои Аҳмадшоҳи Масъуд гуфт, ин фармондеҳи фақид аз ҷумлаи афроде буд, ки ба занони Афғонистон дар баробари мардон ҳаққи сухан ва тақозои ҳуқуқро додааст. Оқои Орзу гуфт: "Вай ба занон натанҳо ҳаққи дар баробари мардон сухан гуфтанро дод, балки ба хонумони Афғонистон иҷоза дод, барои талаби ҳуқуқи худ дод бизананд."
Ин суханон дар ҳоле гуфта мешаванд, ки бархе аз гурӯҳҳо ва созмонҳо Аҳмадшоҳи Масъудро масъули амалкарде бераҳмона нисбат ба занон дар бархе аз манотиқи Афғонистон медонанд. Барои мисол дар соли 2002 ҷамъияти инқилобии занони Афғонистон, як ҷунбиши иҷтимоъии занон, яке аз мухолифони сарсахти номзадии Аҳмадшоҳи Масъуд барои дарёфти ҷоизаи Нобел барои Сулҳ аз сӯйи порлумони Фаронса шуд.
Ин созмон дар баёнияе навишт: “Дар замони режими вай (Аҳмадшоҳ Масъуд) дар Афғонистон ҳазорҳо зан таҷовуз шуданд. Чи тавр кишваре мутамаддин, ба монанди Фаронса, метавонад чунин беъадолатиро анҷом бидиҳад? Мо башиддат аз ин номзадӣ интиқод карда ва аз фаъолони ҳуқуқи башар дархост мекунем, ки дар ин замина мухолифат кунанд.”
Созмони байналмилалии Дидбони Ҳуқуқи Башар низ исми Аҳмадшоҳи Масъудро дар гузоришҳои ҷудогонаи худ дар робита бо мавориди қатлу таҷовуз дар манотиқи ҳазоранишини Афғонистон дарҷ кардааст. Вале Сипанд, шоъири эронӣ дар ин нишаст дар тақвияти суханони сафири Афғонистон гуфт, ки аз мусоҳибаи дуктур Чингизи Паҳлавон бо Аҳмадшоҳи Масъуд дарёфтааст, ки Масъуд дар ин мусоҳиба ба ниҳояти содагӣ демукросиро эълом кард ва ҳуқуқи зан ва мардро мусовӣ донистааст.
Оқои Сипанд гуфт: “Аҳмадшоҳи Масуъд ҳеҷ бузургманишӣ надошт. Аз Аҳмадшоҳи Масъуд ба вижа занони афғон бояд сипосгузор бошанд. Зеро ман аз китоби Чингиз Паҳлавон дарёфтам, ки маҳз Масъуд он замон эълом кард, ки зану мард мусовӣ ҳастанд. Ман умедворам, ки модарони Афғонистон ба фарзандонашон дарси озодагиро аз ин мард бидиҳанд.”
Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ду рӯз пеш аз ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 дар ҳамлае интиҳорӣ дар Афғонистон кушта шуд, беш аз кишвари худ дар Тоҷикистон маҳбубият дорад. Бештари суханронони маросими ёдбуд мегуфтанд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд дар дастстёбӣ ба сулҳи Тоҷикистон нақши боризе доштааст.
Гулрухсори Сафӣ, шоъири тоҷик, бо изҳори таъассуф гуфт, ки "ҳангоме, ки қаҳрамонон ва бузургону афроди беназир дар миёни зиндаҳо ҳаст, аз онҳо қадрдонӣ намешавад." Вай афзуд: “Ҳасудӣ ва рашк боиси он мешавад, ки инсонеро мисли Аҳмадшоҳи Масъуд намешинохтем. Вале баъд аз он ки Аҳмадшоҳи Масъуд аз миёни мо рафт, мо фаҳмидем, ки чи қуллаеро мо бо дасти худ ба хок месупурдем.”
Вай гуфт, "...тире ки қотилон ба синаи Аҳмадшоҳ задаанд, ба синнаи тамоми қораи осиё зада шуд."
“Суфоришгарони қатли Аҳмадшоҳ ҳануз мушаххас нашудаанд”
Масъулони сафорати Афғонистон аз ин изҳори таассуф карданд, ки ҳарчанд ҳуввияти ду қотили Аҳмадшоҳи Масъуд, ки дар ҷараёни ҳамлаи интиҳорӣ ба ӯ, худ низ кушта шуданд, мушаххас шуд, ҳанӯз суфоришгарони қатли Аҳмадшоҳ маълум нашудаанд. Шамсулҳақи Ориёнфар, вобастаи фарҳангии Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки гурӯҳҳое вуҷуд доранд, ки мухолифи таҳқиқоти кушандагони воқеъии Аҳмадшоҳ ҳастанд.
Вай мӯътақид аст, ки Аҳмадшоҳи Масъуд ҳеҷ гоҳе ҳузури бегонагонро дар кишвараш намепазируфт ва умедвор аст, ки баъд аз берун омадани нерӯҳҳои низомии кишварҳои хориҷӣ аз Афғонистон, ин кишвар ба сулҳи комил даст ёбад ва "он замон Афғонистон ба кишваре, ки Аҳмадшоҳи Масъуд онро орзӯ мекард, табдил хоҳад ёфт."
Дар ин маросим ҳамчунин иддае аз ҷавонони Афғонистон, ки дар мадориси марбут ба паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд рӯйи саҳна омаданд ва бо ду забони дарӣ ва пушту шеърҳои ба Аҳмадшоҳи Масъуд бахшидаи хешро қироъат карданд.
Би-Би-Си
Шарҳҳо
RSS Обуна