01:05:07 01-уми Июли 2025 сол

АВВАЛИН БИНОИ ОСМОНБӮС ДАР ДУШАНБЕ

«Душанбе- плаза», баландтарин бино дар Душанбе маҳсуб меёбад, ки сохтмонаш имрӯзҳо бо суръат идома дорад. Ин бинои хуштарҳи замонавӣ, ки дар маркази Душанбе–кӯчаи Бухоро бурриши хиёбони Рӯдакӣ қомат афрохтааст, дар остонаи 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ботантана мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

/images/stories/2011/08/16_dushanbe-plaza_15.8.2011.jpgМавриди зикр аст, ки сохтмони «Душанбе плаза» ду сол муқаддам -12 октябри соли 2009 оғоз гардида, фармоишгари он Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе буда, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ –Сохтмон- Байналмилал» пудратчиаш мебошад. Лоиҳаи «Душанбе-плаза» аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии «Шаҳрофар» таҳрезӣ гардида, арзиши умумии иншоот беш аз 160 миллион сомонӣ аст.

Масоҳати умумии «Душанбе-плаза» наздик ба 40 ҳазор метри мураббаъ ва баландиаш 92 метр буда, он аз 20 ошёна ҳамчун рамзи 20-соли истиқлолияти давлатӣ ва ду ошёнаи техникӣ иборат аст.

Тибқи иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе, ошёнаҳои 1, 2 , 3, 4 ва 5 барои марказҳои иттилоотӣ, -намоишгоҳҳои сайёр, муд, толорҳо бо утоқҳо барои машваратҳои расмӣ дар сатҳи олӣ, утоқҳо барои намояндагони ширкатҳои байналмилалӣ махсус гардонида шудаанд. Дар айвонҳои ошёнаҳои 6 ва 19 тарабхонаҳо барои 200 ва 60 ҷой вуҷуд дошта, ошёнаҳои 7-15-утоқҳои маъмурӣ, идора (офис), ошёнаҳои 17, 18 ва 20 меҳмонхона барои 40 ҷой (аппартаментҳо) аст.

Дар ошёнаҳои 21-22 -утоқҳои техникӣ ҷойгиранд. Ҳамчунин, «Душанбе плаза»- дорои таваққуфгоҳ буда, он аз ду ошёнаи баландии ҳар кадомаш 3 метрӣ иборат аст. Масоҳати таваққуфгоҳ 5000 метри мураббаъ аст, ки он барои 100 автомашина пешбинӣ шудааст. Иншооти замонавӣ дорои 12 лифт, аз ҷумла 4 лифти манзаравӣ, 2 лифти борбардорӣ то 1000 кг, 4 лифти борбардори 100 кг ва 2 лифти борбардори 630 кг аст.

Ба истифода додани «Душанбе-плаза» дар остонаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти ҷумҳурӣ на танҳо ба ҳусни пойтахти тоҷикон шукӯҳи хосса зам менамояд, балки он пайки некест аз корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ дар кишвар.

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 17.08.2011 12:15
Кандотона занед ин Точирону Кордонону Сохтумончиёни ТОчик ман метавонанд ку давом ва идома дихед ! дар сохтумонхоятон барори кор ба Шумо ! шояд Мо ба низ Расад Иншоаллох, Худоё Точикистони Моро ободу зебою ва тавфика рафики Точикистониён гардон Илохи Омин !!! бо ин мардони кордонхо !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ