КУМИТАИ ДИН БА ЧОПИ КИТОБИ ҲОҶӢ АКБАР ТӮРАҶОНЗОДА ИҶОЗА ДОД
Кумитаи дини Тоҷикистон мӯҳтавои китоби “Ҷойгоҳи зан дар ислом”- и Ҳоҷи Акбар Тӯраҷонзодаро “на диниву на ҳизбӣ” арзёбӣ кардааст. Ин ниҳод барои чопи тирожи комили ин китоби рӯҳонии саршиноси Тоҷикистон иҷоза дода ва танҳо бархе аз тағйиротҳо дар усули имлоӣ ва мӯҳтавои китобро ба муъаллиф пешниҳод кардааст.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода рӯзи 22-уми июл дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки посухи расмии Кумитаи дини Тоҷикистон 16 июли соли ҷорӣ имзо шудааст. Оқои Тураҷонзода 18-уми майи имсол аз Кумитаи дини ин кишвар хоста буд, ки мӯҳтавои китоби ахири ӯро, ки зери унвони “Ҷойгоҳи зан дар Ислом” бо тирожи кучак мунташир шуд, мавриди мутолеъа ва баррасӣ қарор бидиҳад. Зеро, бархе аз масъулони ин ниҳод иддаъо доштанд, ки чопи китоби ба истилоҳ "динӣ" бидуни иҷозаи мақомоти зирабт дар Тоҷикистон мамнӯъ аст.
Оқои Тӯраҷонзода хабар дод, ки арзёбии китоби "Ҷойгоҳи зан дар Ислом" аз сӯйи Кумитаи дин дар шаш саҳифа дарҷ шуда ва дар он коршиносони ин ниҳод аз муъаллиф хостаанд, бархе аз нукоти китобро бознигарӣ кунад. Ҳарчанд ба чопи тирожи комили ин китоб иҷоза дода шудааст, вале дар номаи Кумитаи дин таъкид мешавад, ки китоб аз "бархе камбудиҳо” орӣ набудааст.
Аз ҷумла, коршиносони Кумитаи дин дар ин китоб аз такрори иқтибосҳо аз оятҳо ва сураҳо аз Қуръон, “сарфи назар аз таъкиди муқаррароти қавонини Тоҷикистон”, “ҳалли яктарафаи мушкилот” ва вуҷуди “хатогиҳои имлоӣ” интиқод кардаанд.
Ба унвони мисол, оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, ки коршионсони Кумитаи дин дар посухи худ навиштаанд, ки калимаи “ҳаққ”, ки вожаи арабист бояд тибқи имлои забони тоҷикӣ бояд бо як ҳарфи “қ” навишта шавад. Аммо оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, баҳсҳои имлои миёни забоншиносони тоҷик ҳанӯз идома доранд ва тасмими ниҳоӣ дар ин замина гирифта нашудааст.
Ҳамчунин дар арзёбии китоби “Ҷойгоҳи зан дар Ислом” иддаъо шудааст, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар бештари маврид роҳи ҳалли мушкилоти ҳуқуқии занро “яктарафа”, яъне фақат аз мавқеъи ислом матраҳ карда, вале ҳамзамон ба роҳҳалҳое, ки дар қонуни Тоҷикистон дар ин замина пешниҳод шуда, таъкид накардааст.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар посух ба ин гуфт, ки ҳадафи таҳияи китоби "Ҷойгоҳи зан дар Ислом", “таблиғи дастовардҳои давлати Тоҷикистон дар мавриди таъмини ҳуқуқи зан набуд” ва афзуд, ки ин кор тавассути пажӯҳишгоҳҳо, коршиносон ва расонаҳои гурӯҳӣ сурат мегирад. Оқои Тӯраҷонзода афзуд: “Ҳадафи ин китоб огоҳ сохтани занон ва бонувони тоҷик аз ҳуқуқи зан дар ислом буд ва ҷуз ин ман ҳадафи дигаре надоштам. Ман рисолати худро анҷом додам.”
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар китоби худ дар як маврид навиштааст, ки пешхизмат шудани занон ва бонувони тоҷик дар рестуронҳо ва ошпазхонаҳо ва ё тамизкор шудани онҳо дар хиёбонҳо аз назари ислом чандон интихоби дуруст нест, зеро бо аҳкоми шариъат мухолифат мекунад.
Дар робита ба чунин изҳори назар дар арзёбии мӯҳтавои китоби "Ҷойгоҳи зан дар Ислом" омадааст, ки оқои Тӯраҷонзода муваззаф аст дар ин сурат таъкид кунад, ки “танҳо фикри шахсии худро иброз доштааст."
Бо ин вуҷуд, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода аз тасмими Кумитаи дин барои иҷозаи чопи китоби “Ҷойгоҳи зан дар ислом” истиқбол кард ва гуфт, ки дар зудтарин фурсат тирожи комили он мунташир ва тавзеъ хоҳад шуд.
Вай гуфт, ки китоб ба сурати ройгон тавзеъ мешавад ва аз расонаҳои гурӯҳӣ даъват кард, ки агар мавориди ба фурӯш гузоштани ин китобро мушоҳида кунанд, ба вай хабар диҳанд. Оқои Тӯраҷонзода афзуд, ки қасд дорад миқдоре аз нусхаҳои ин китобро ба китобхонаҳо, донишгоҳҳо ва мадориси Тоҷикистон ироа кунад, вале афзуд, ки “агар қабул кунанд.”
Ин дар ҳолест, ки матни китоби “Ҷойгоҳи зан дар Ислом” дар сойти хонаводагии бародарон Тӯраҷонзода низ мунташир шуд. Вале, дуруст баъд аз чанд рӯзи ин амр, дастрасӣ ба ин сойти интернетӣ дар Тоҷикистон масдуд шуд.
Масъулони Ожонси мухобироти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки масдудияти дастрасӣ ба ин вебсойт ба мушкилоти фаннӣ рабт дорад. Бо гузашти ду моҳ, зоҳиран ин “мушкил” ҳамчунон ҳал нашудааст. Ин дар ҳолест, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон дастрасӣ ба ин вебсойт бидуни мушкил сурат мегирад.
Би-Би-Си