12:30:48 01-уми Июни 2025 сол

ИБҲОМ ДАР АНҶОМИ УМУРИ СОХТМОНӢ ДАР ТУНЕЛИ “ИСТИҚЛОЛ”

Ширкати “Фароб”-и Эрон мегӯяд то замони анҷоми умури сохтмонӣ дар тунели “Истиқлол” наметавонад системи рӯшноӣ, оташнишонӣ ва тасфияи ҳаворо дар он ҷо насб кунад. Ба гуфтаи масъулони ин ширкат, бар асоси тавофуқот байни Эрон ва Тоҷикистон, умури сохтмонӣ дар ин тунелро бояд ҷониби Тоҷикистон ба анҷом расонад.

tunnelВале масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ки то ҳол дар мавриди анҷоми умури сохтмонӣ дар ин тунел тасмими ниҳоӣ гирифта нашуда ва манобеъи молии ин тарҳ низ фароҳам нест. Ин дар ҳолест, ки маросими ифтитоҳи тунели “Истиқлол” соли 2006 бо ширкати руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд ва он ба таври расмӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Сайид Аскарӣ, масъули намояндагии ширкати “Фароб” дар Тоҷикистон, гуфт, ки ширкати онҳо барои насби системи рӯшноӣ, оташнишонӣ ва тасфияи ҳаво омода аст ва бархе аз таҷҳизоти заруриро вориди Тоҷикистон кардааст. Вале ба гуфтаи вай, онҳо метавонанд ба насби ин таҷҳизот танҳо дар сурати анҷоми умури сохтмонӣ дар тунел оғоз кунанд.

Оқои Аскарӣ афзуд: "Ин нукта дар созишномаи миёни ширкати “Фароб” ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон зикр шудааст ва мо мунтазири анҷоми умури сохтмонӣ аз сӯйи ҷониби Тоҷикистон ҳастем."

Дар ҳамин ҳол, Абид Давлатов, раиси тарҳҳои сохтмонии роҳҳои мошингарди Тоҷикистон, мегӯяд, ки иддаъои ҷониби Эрон воқеъият дорад. Вале ба гуфтаи вай, то ҳол мизони умури сохтмонии боқимонда ва манобеъи молии он норӯшан мондааст. Оқои Давлатов хабар дод, ки масъулони умури нақлиёти Тоҷикистон машғули баррасии ин мавзӯъ ҳастанд.

Олимҷон Бобоев, вазири пешини нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон, мегӯяд, ки ин мушкил ба далели афзоиши ҳазинаи тарҳи сохтмони нақби “Истиқлол” рух додааст. Ба гуфтаи вай, баъд аз таҳияи тарҳи ин тунел арзиши маводди сохтмонӣ бамаротиб боло рафта ва ширкати "Собир интернешнл", ки ба сохтмони он аз сӯйи давлати Эрон муваззаф шуда буд, натавонистааст бо маблағи тахсисшуда умури сохтмониро анҷом диҳад.

Зимнан, давлати Эрон барои иҷрои ин тарҳ 31 милюн дулор ихтисос дода буд, ки аз ин маблағ 10 милюн дулор кумаки билоъиваз аст. Соле қабл, ду кишвар тавофуқ карданд, ки барои анҷоми умури сохтмонӣ ҷониби Эрон боз панҷ милюн дулор ихтисос медиҳад. Вале ба гуфтаи Сайид Аскарӣ, намояндаи ширкати “Фароб”, коршиносони эронӣ бо истифода аз ин маблағ бояд танҳо системи рӯшноӣ, оташнишонӣ ва тасфияи ҳаво дар ин тунелро насб кунанд.

Олимҷон Бобоев, вазири собиқи нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳазинаи анҷоми умури сохтмониро бояд давлати Тоҷикистон фароҳам кунад. Ба эътиқоди оқои Бобоев, барои иҷрои ин тарҳ ҳудуди ду милюн дулор лозим аст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ронандагони худравҳо ва комюнҳое, аз тунели "Истиқлол" истифода мекунанд, дар зимистони гузашта зимни убур аз ин тунел, ки манотиқи шимол ва марказии Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад, онҳо бо мушкилоте рӯбарӯ шудаанд.

Ба гуфтаи онҳо, обе, ки аз сақфи тунел ҷорӣ мешавад, дар роҳ ба яхчолҳо табдил шуда ва аз ҳаракати васоили нақлия монеъ мешавад. Зимнан, Олимҷон Бобоев хабар дод, ки ҳарчанд маросими ифтитоҳи нақби “Истиқлол” соли 2006 баргузор шуд, вале то ҳол ҳеч санаде дар бораи мавриди истифода қарор гирифтани он имзо нашудааст.

Би-Би-Си

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 12.04.2011 04:33
рости гап баъзе калимахоро намефахмам чи мешуд,ки бо точики менавиштед.себз аминаш чи ? билоивазми чи*
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854