09:38:55 01-уми Июни 2025 сол

ҲУШДОР АЗ ВУҶУДИ ПУЛИ ТАҚАЛЛУБӢ ДАР МУОМИЛОТ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз вуҷуди пули тақаллубӣ дар муомилот ҳушдор додааст. Тибқи иттилоъи ин бонк, мавориди дар муъомила қарор доштани панҷ, панҷоҳ ва садсомонаҳои тақаллубӣ ошкор шудааст.

 

somoniБМТ аз сокинон даъват кардааст, ки онҳо дар сурати ошкор шудани чунин искиносҳои тақаллубӣ ба ниҳодҳои интизомӣ муроҷиъа кунанд. Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯйи БМТ рӯзи ҷумъаи 18 март ба Би-би-сӣ гуфт, ки чанд мавриди дар муъомила қарор гирифтани искиносҳои тақаллубӣ ошкор шуда ва бозрасон машғули таҳқиқи ин ҳодисаҳо ҳастанд. Вай афзуд, ки натоиҷи муқаддамотии таҳқиқи ин қазия ошкор кардааст, ки пулҳои ҷаълӣ дар принтерҳо мунташир шудаанд ва бо таваҷҷӯҳи бодиққат фарқияти онҳо бо искиносҳои ҳақиқиро дидан мумкин аст.

 

Ба ин далел, БМТ аз сокинон даъват мекунанд, ки зимни истифода аз пули сомонӣ мувозиб бошанд. Ҳамзамон, БМТ даъват мекунанд, ки дар сурати ошкор кардани пули тақаллубӣ фавран ба ниҳодҳои интизомӣ муроҷиъа шавад. Оқои Қурбонов афзуд, ки дар гардиш қарор доштани пули ҷаълӣ метавонад, ба иқтисоди Тоҷикистон хисороти ҷиддие ворид созад, зеро метавонад қурби онро пойин бубарад. Оқои Қурбонов дар мавриди ин, ки чи миқдор пули ҷаълӣ дар муомилот ошкор шудааст, изҳори беэътилоӣ кард.

 

Шариф РахимзодаИн дар ҳолест, ки дар тобистони соли гузашта Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар як нишасти матбуъотӣ эълом карда буд, ки ниҳоди онҳо аз роҳандозии чопи пулҳои тақаллубӣ дар хориҷ аз кишвар огоҳ шудааст. Вай гуфта буд, ки омори дақиқеро дар бораи мизони сомониҳои ҷаълӣ дар муомилот дар ихтиёр надорад, вале ба гуфтаи оқои Раҳимзода, ахиран як маркази чопи чунин пули миллии Тоҷикистон дар қаламрави Афғонистон ошкор шудааст.

 

Ба гуфтаи оқои Раҳимзода , бо истифода аз фановариҳои ҷадид пули ҷаълӣ бо кайфияти баланд чоп мешавад ва на ҳама метавонад аз тақаллубӣ будани ин пул пай барад. Ба унвони мисол вай гуфт, ки боре барои санҷиш дар супермаркети “Саъодат” аз пули ҷаълӣ истифода кардааст ва фурӯшанда ин пулро қабул кардааст. Ба эътиқоди оқои Раҳимзода, роҳҳои ҷилавгирӣ аз воридот ва тавзеъи пули ҷаълӣ мухталифанд, вале коҳиши мизони муомилот бо пули нақд аз беҳтарин роҳи ҳалли ин мушкил мебошад.

 

Вале маҳдуд будани шароити итстифода аз кортҳои бонкии плостикӣ дар Тоҷикистон аз коҳиши мизони муомилоти пули нақд дар кишвар монеъ мешавад. Зеро, ҳоло миқдори маҳудуди фурӯшгоҳҳо ва сойири муасиссот бо терминолҳои қабули пардохтҳои кортҳои плостикӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Зимнан, қонуни кайфарии Тоҷикистон барои таҳия ва тавзеъи пулҳои ҷаълӣ муҷозоти сангинеро пешбинӣ кардааст. Бо ин вуҷуд, вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гах - гоҳе аз боздошти чунин афрод гузориш медиҳад.

 

Би-Би-Си

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 21.03.2011 12:08
Khub meshud agar yak ma'rakai fahmondadihiero dar miyoni aholi guzaronand oidi dar gardish budani puli taqallubi. Chunin ma'raka metafonad tavassuti vasoiti ommai akhbor guzaronida shavad to ki odamon behtar az vazí fe;li voqif shavad
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854