15:17:25 01-уми Июли 2025 сол

ДОДХОҲИИ ГУРӮҲЕ АЗ СОКИНОНИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ АЗ РАҲМОН

Беш аз 30 нафар аз занони сокини ноҳияи Рӯдакӣ субҳи рӯзи душанбеи 21 феврал дар назди кохи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гирдиҳам омаданд. Онҳо, ки баъзеашон кӯдаконро низ ба ҳамроҳ доштанд, мегӯянд, ки маъмурони интизомӣ ҳушдор додаанд, ки манозили маскунии онҳо дар маҳаллаи "Якуми Май"-и ин ноҳияро тахриб хоҳанд кард.

 

women meetingТӯхтахон Усмонова, як сокини ин маҳалла, мегӯяд, ки онҳоро беш аз 80 хонаводаи маҳаллаи "Якуми Май"-и ноҳияи Рӯдакӣ ба унвони намоянда ба назди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, "барои дарёфти адолат" фиристодаанд. Аксари ин занон мегӯянд, ки барои ҳалли мунсифонаи ин масъала, онҳо танҳо ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бовар доранд ва аз ин рӯ, ба назди ӯ омадаанд, то ҳарфи дилашонро бигӯянд. Хонуми Усмонова баъд аз талошҳои зиёд барои ворид шудан ба дохили бинои раёсати ҷумҳурӣ, ба назди занони дигар омад ва ба онҳо хабар дод, ки се нафар аз намояндагони онҳо имрӯз бо раиси ҷумҳур мулоқот хоҳанд кард.

 

Вай афзуд: "Ҳоло масъулони қасри раиси ҷумҳур ба мо ваъда доданд, ки се нафар намояндаро раиси ҷумҳурӣ имрӯз қабул хоҳад кард. Ва занони дигар бояд ба назди манозилашон раванд ва мунтазири посухи мо шаванд."

 

Маъмурони пулис, ки аз кохи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон муроқибат мекарданд, ба занон иҷоза намедоданд, ки дар як ҷо таҷаммӯъ кунанд ва онҳоро ҳамроҳ бо кӯдаконашон аз назди бино дур карданд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллаи "Якуми Май", маъмурони давлатӣ онҳоро ба тасарруфи ғайриқонунии қитаъоти замин дар ноҳияи Рӯдакӣ муттаҳам карда ва аз онҳо хостаанд, ки дар муддати як моҳ манозилашонро, ки дар солҳои ахир бунёд шудаанд, худро тахлия кунанд.

 

Дар ҳамин ҳол, Фарида Набиева, яке дигар аз сокинони ин маҳалла, мегӯяд: "Соли 2008 маъмурони давлатӣ моро барои таъхир дар бунёди манозиламон 700 сомонӣ ҷарима карданд ва мо сареъан ба сохтмони манозил оғоз кардем. Вале акнун мо бояд манзилро дар муддати як моҳ хароб кунем."

 

Хонуми Набиева мегӯяд, ки вай ва ҳамдеҳагонаш аз соли 2006 қитъае аз заминро дар ин маҳалла харидорӣ карда ва то имрӯз барои он ба давлат молиёт пардохт мекарданд. Холисхон Маҳмадхоҷаева, як зани дигари маҳаллӣ, мегӯяд, ки ду рӯз қабл маъмурони интизомӣ деворҳои атрофи заминашро хароб кардаанд. Вай мегӯяд, ки чаҳор фарзанд драд ва ба хотири бунёди манзил кӯдаконаш аз ғизои қавӣ маҳрум шуда буданд. Вай мегӯяд: "Акнун ман бо чаҳор фарзанд ва ҳамсари беморам куҷо меравам?"

 

Ба гуфтаи иддае аз ин занон, онҳо қитаъоти заминро ҳудуди панҷ сол қабл ба таври қонунӣ харидорӣ карда буданд ва ҳоло макони зисти дигаре надоранд. Маҳаллаи "Якуми Май"-и ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳумаи ҷануби шаҳри Душанбе ва дар канори чапи рӯдхонаи Варзоб воқеъ аст ва наздик будани он ба шаҳр бисёриҳоро алоқаманд кардааст, ки дар ин ҷо замин бигиранд ва манзил бунёд кунанд.

 

Дар ҳамин ҳол, мақомот дар ин бора ҳануз ибрози назаре накардаанд, вале ба гуфтаи бархе манобеъ, тайи даҳ соли гузашта дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон афроди алоҳидае, ки бо мақомот робита доранд, ба таври ғайриқонунӣ қитаъоти заминро ба мардум ба фурӯш гузоштаанд. Ахиран таҳқиқоти ниҳодҳои зидахл мушаххас карда, ки бештари мадорики афроде, ки ин заминҳоро харидорӣ кардаанд, ҷаълӣ будааст. Вале бисёриҳо аз он нигаронанд, ки то ҳол бештари онҳое, ки даст ба фурӯши ғайриқонунии замин задаанд, боздошт ва муҷозот нашудаанд.

 

Тайи солҳои ахир иқдомоти ниҳодҳои давлатӣ ба тахриби манозили сокинон ва кӯч додани бархе аз хонаводаҳо дар шаҳри Душнабе ва манотиқи дигари Тоҷикистон ҳамвора мӯҷиби норизоятии бархе аз сокинони ин кишвар шудааст. Бархе аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз ин иқдомоти давлати Тоҷикистон шадидан интиқод карда ва гуфтаанд, ки мақомот дар мавориде мухталиф ҳаққи шаҳрвандон ба манзилро нақз кардаанд.

 

Мавориди ба раиси ҷумҳур муроҷеъа кардани сокинон барои рафъи масоили мухталиф, аз ҷумла мушкилоти марбут ба замин ва манзил, дар гузашта зиёд иттифоқ уфтодааст. Таҳлилгарон мегӯянд, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ихтиёроти густардае бархурдор аст ва ин боъис шудааст, мардуме, ки ба имкони рафъи мушкилоташон дар сутуҳи поёнии ҳукумат ва дар додгоҳҳо эътимод надоранд, баночор барои ҳар масъалаи хурду бузург ба худи раиси ҷумҳур муроҷеъа кунанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4495-dodkhohi-guruhe-az-sokinoni-nohiyai-rudaki.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ