19:59:09 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

ЯК ГӮШАИ ДИЁРИ АЗИЗ: ҚАРОМИҚИ ҶИРГАТОЛ

jirgatol 1То деҳаи наздисарҳадии Қаромиқ аз маркази ноҳияи Ҷиргатол 80 км роҳ аст. Аз пойтахти кишвар бошад то ин деҳа 370 км. Қаромиқ, ки 250 хоҷагиро дар бар мегирад дар баландии 2500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ мебошад. Аҳолии деҳаро қирғизҳои этникӣ ташкил мекунанд. Шуғли асосии мардуми деҳа чорводорӣ ва кишоварзӣ мебошад. Дарёчаи Ақсу, ки аз айлоқҳои Тоғолоқдово, Кепенек, Иштакул сарчашма мегирад, канори деҳа ҷорӣ шуда оби зулолу мусаффо ва гулмоҳиҳои зебое дорад.

 

Деҳа кайҳост, ки масоҳати худро тағйир дода ба се қисмати алоҳида Қаромиқ, Қарасақал, ва Қулҷучай ки масҷиду мактабҳои алоҳида доранд, тақсим гардида вале то ҳол расман ҳамчун як деҳа Қаромиқ эътироф шудааст. Манзараи зебо ва нотакрори Қаромиқ одамро дар ҳайрат мегузорад. Деҳа мавзеҳои зиёди таърихӣ низ дорад, ки яке аз онҳо Чилтанҳо ном мебошанд. Чилтанҳо кайҳост, ки ба муқаддасоти маҳаллӣ мубаддал гаштаанд ва ҳатто сокинони деҳаҳои атроф низ ба зиёрати он меоянд.

 

jirgatol 2Тавре қаромиқиҳо мегӯянд дар замонҳо пеш 40 нафар ҷавонмард дар садди роҳи душман мисли қалъа истодагарӣ намуданд ва аз Худованд хостанд, ки тани онҳоро санг бигардонад то душман аз онҳо убур карда натавонад. Худованд дуои онҳоро қабул намуд ва онҳо ҳама ба якборагӣ умрбод ба санг мубаддал гаштаанд. Дар баробари мавзеъҳои таърихӣ ва табиати зебои нотакрор Қаромиқ бо дигар чиз дар ноҳия ва берун аз ӯ маълуму машҳур гаштааст, ки он ҳам бошад маҳсулоти тайёр намудаи занони ин деҳа мебошад. Вақте шахс вориди хонаҳои ин деҳа мегардад нақшу нигори зиёди гилему гулдузиҳо, қуроқу бурёҳо ва намаду сузаниҳо одамро баҳайрат мегузорад.

 

Занони ин маҳал гилему палос, бурёву намадҳо ва боз бисёр дигар чиҳозҳои хонаро бо дастони худ мебофанду тайёр мекунанд. Намуди бурёе, ки занони ин маҳал мебофанд, бо забони қирғизӣ таар номида мешавад. «Ман ин касбро аз модарам омӯхтаам ва модарам бошад дар баробари худ аз модари худаш. Акнун ман барои духтарони худам чи гунна тайёр намудани намаду бурё, шолчаву таар ва гилему гулдузиҳоро омӯзонида истодам. Мо аз насл ба насл ин ҳунари қадимаи мардуми қиғизро давом дода истодаем» – мегӯяд Гулоим Абдуллоева.

 

jirgatol 3Тавре Гулоим Эҷе (эҷе-апа бо забони қиғизӣ) мегӯяд барои тайёр намудани як таар, ки тӯи арусии ин минтақа бе он намегузарад, 12 кг пашми гусфанд ва як моҳ вақт ва барои омода намудани як гилем, ки он низ яке аз ҷиҳозҳои асоси арус башумор меравад, 45 кг пашми гусфанд якуним моҳ вақт масраф мегардад. Ҷипек Мирзабекова бошад бо ҳунари худ - пустиндузӣ дар Қаромиқ машҳур гаштааст. Имрӯз пустинҳои бо як санати баланд ва сифати аъло тайёр намудаи Мирзабековаро мардум аз дурӣ дар тани якдигар дида мешиносанд, ки онро ин зани чирадаст Ҷипек Ханум тайёр намудааст. 

 

«Барои як пустинро тайёр кардан ба мо аз 5 то 7 пусти гусфанд лозим меояд. Мо қиғизҳо, ки бештар ба чорводорӣ машғул мебошем, аз ҳисоби пуст танқисӣ намекашем. Албатта тайёр намудани пустин меҳнат ва вақти зиёдро талаб мекунад. Ман дар як моҳ 2 дона пустин тайёр мекунам»-мегӯяд Ҷибек Мирзабекова.

 

Ҳунари мардумии занони ин деҳа кайҳост, ки манбаи хуби даромад ва сабаби баланд гаштани сатҳи зиндагонии оилаҳояшон гаштааст.  Меҳмонони хориҷӣ кӯҳнавардоне, ки ҳамасола барои фатҳи қуллаҳои сарбафалаккашидаи кишварамон ба ин мавзеҳо меоянд, маҳсулотҳои тайёрнамудаи занони қаромиқиро бо асъори хориҷӣ харидори намуда буҷаи оилавии сокинони ин деҳаро ғанӣ мегардонанд.

 

Тавре апаи Гулоим ва Ҷибек дар охири сӯҳбат ба мо гуфтанд, ҳар як маҳсулоти тайёр намудаи онҳоро на камтар 100 доллари амрикоӣ арзиш дорад ва хуб ба савдо меравад ва онҳо аллакай дар байни сокинони пойтахт низ мизоҷони худро пайдо намудаанд. Ин қиссае буд аз ҳаёти сокинони яке аз деҳаҳои дурдасти кишварамон Қаромиқ, ки гӯшаи Тоҷикистони азизи мост.

 

Далер САФАРОВ, барои «Рӯзгор» аз Ҷиргатол

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4489-yak-gushai-diyori-aziz.html

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi