08:00:26 02-уми Июли 2025 сол

ФАЙЗОБОД: ОБИ ТОЗАИ НӮШОКӢ БО КӮМАК USAID

usaid-water-supply-system“Маросими имрӯза барои деҳаи Чашмасор руйдоди хеле муҳим мебошад. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шарафёб аз он аст, ки ба мардуми ин деҳа барои дастрас намудани оби тозаи нӯшокӣ ва дарёфт намудани иттилоот оид ба оби тозаи нӯшокӣ, саломатӣ ва беҳдошт кӯмак намудааст. Умедворем, ки ин беҳбудӣ ба аҳолии Чашмасор боиси солимӣ ва пешрафти ҳаёташон мегардад” - гуфт дар суханронии хеш хонум Ниша Квост, кордори Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи расмии ба истифода додани сохтори нави обтаъминкунӣ дар деҳаи Чашмасори ноҳияи Файзобод.

 

Корҳои барқароркунӣ дар доираи лоиҳаи “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон (TSDWP)” амалигашта, аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ шудааст. Сохтори обтаъминкунии барқароршуда зиёда аз 590 сокини деҳаи Чашмасорро бо оби тозаи нӯшокӣ мунтазам таъмин менамояд. 

 

Лоиҳаи мазкур дар деҳаи Чашмасор яке аз ҳашт лоиҳаҳои хурди обтаъминкунӣ буда, аз ҷониби лоиҳаи USAID “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо шарикони маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар соли 2010 амалӣ гаштааст. Дар соли ҷорӣ зиёда аз 10 000 нафар аҳолӣ бо дастгирии лоиҳа бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд. Аз рӯи нақша, дар соли 2011 боз тақрибан 60 000 шаҳрванди Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ тавассути понздаҳ лоиҳаи хурди нав таъмин хоҳанд гардид.

 

Бо дастгирии лоиҳаи мазкур, бар замми корҳои барқарорсозӣ боз як қатор омӯзгорони маҳаллӣ аз ҷумлаи хонандагони фаъол тайёр шудаанд, ки вазифаи асосии онҳо  гузаронидани дарсҳои омӯзишӣ ва паҳн кардани малакаҳои ҳифзи саломатӣ ва беҳдошт байни садҳо хонандагони мактаб мебошад. Омӯзишҳо оид ба масъалаҳои саломатӣ ва беҳдошт бахши муҳимтарини лоиҳа ба ҳисоб меравад, зеро беҳдошти номуносиб, риоя накардани қоидаҳои беҳдошт ва истифодаи оби ифлос ҳар сол дар ҷаҳон сабаби фавти таҷрибан 1,6 миллион кӯдакони синни то панҷсола мегардад. 

 

USAID бо муасисаҳои тандурустӣ, мактабҳо ва сохторҳои хусусӣ дар саросари ҷаҳон барои омӯзиши кӯдакон оиди беҳтар намудани саломатӣ, беҳдошт, санитария ва ғизогирӣ  ҳамкорӣ мекунад. Лоиҳаи “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” яке аз лоиҳаҳои дастгирии рушд мебошад, ки аз тарафи USAID маблағгузорӣ карда мешавад. Мардуми Амрико тавассути Сафорати ИМА дар Душанбе аз соли 1992 инҷониб барои амалӣ гардонидани барномаҳои дастгирии рушди муассисаҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва иқтисодиёт дар Тоҷикистон тақрибан 900 милион доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4255-------usaid.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ