БАРЗУ АЗ ҶАНОЗА ХАБАР МЕЁФТ АГАР…
Кӯдак будам, мактаб намехондам. Дар ҳамсоякӯчаамон ҷасади як нафарро аз Артиши шӯравӣ оварданд. Тамоми ноҳия хабар ёфт, зеро хеле кам иттифоқ меафтод, ки нафареро аз онҷо биоранд, яъне тобуташро. Номи ин ҳамсояи мо Радик буд. Дар даврони шӯравӣ хизмати ватан вазифаи муқаддас ҳисоб меёфт. Маъмулан ҷавонони тоҷикро ба минтақаҳои хеле сарди дигар ҷумҳуриҳои бародарӣ мебурданд. Ба хизмати аскарӣ рафтан дар он давра монанди тӯй буд.
Волидайн маърака меоростанд, гов мекуштанд ва ҳофизонро даъват мекарданд. Ва аҷиб ин буд, ки касе агар дар артиш хизмат намекард, зан гирифтанаш ҳам мушкил мегардид. Аз нахустин саволҳо ба хостгорон яке ин буд, ки оё ҷавони домодшаванда дар аскарӣ хизмат кардааст ё «негодний» аст?
Солҳои 1983 -1985 ман ҳам дар аскарӣ хизмат кардам. Дар тӯли ду соли хизмати ман танҳо як нафар ҳамхизматам ҷони худро аз даст дод. Ӯ аз Украинаи Ғарбӣ буд. Фамилияаш то ҳол дар ёдам мондааст-Бортко. Ӯ мошини дарози ракетакаш дошт. Боре ях мошинашро аз роҳ партофт. Як ҳамхизмати дигарамонро даъват кард ва вақте ки мехост троссро ба мошини худаш часпонад, мошини ҳамхизматамон лағжид ва ӯ дар миёни ду мошин монд ва ба ҳалокат расид.
Ин мотаме, ки дар дивизия ба амал омад, хуб ёд дорам. Командири мо подполковник Левченко моҳҳо ба худ наомад, ҳарчанд ки дар фавти Бортко ӯ ҳеҷ гуноҳ надошт. Муҳимтарин омили дар артиш ин буд, ки ҳама ба аскарӣ даъват мешуданд. Фарқ надошт, ки падари аскар вазир аст ё кабир. Адолати иҷтимоӣ ҳатман риоя мешуд. Мутаасифона, ин анъана дар Артиши Тоҷикистони ба истиқлолрасида идома пайдо накард.
Коммунистони мо ба зудӣ идеяҳои «абадзинда»-и доҳиёнашон Марксу Ленинро ба гӯшаи фаромӯшӣ супорида, идеяҳои ҷаҳони сармояро пазируфтанд. Ҷаҳони сармояе, ки баробариву бародариро инкор мекунад. Ин аст, ки Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз Артиши фарзандони деҳкону коргарон аст. Бовар дорам, ки агар дар миёни кушташудагон писари ягон соҳибмансаби радаи аввали ҳукумати Тоҷикистон мешуд, аз ҷанозаи ӯ на танҳо Барзу Абдураззоқов, балки тамоми мамлакат хабар меёфт.
Нуралӣ Давлат, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3226-2010-09-28-09-42-43.html