МУҲОКИМАИ "ПАЙРАВОНИ ТАБЛИҒ" ДАР ҚУРҒОНТЕППА
Додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа баррасии парвандаи 36 муттаҳам ба узвият дар гурӯҳи мавсум ба "Ҷамоъати таблиғ"-ро мутаваққиф кардааст.
Ба гуфтаи манобеъи додгоҳи вилояти Хатлон, муҳокимаи парвандаи ин афрод ба хотири он мутаваққиф шуда, ки яке аз муттаҳамони парванда барои анҷоми хидмати низомӣ ба артиш пайвастааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, ин парвандаи марбут ба гурӯҳе, ки Додгоҳи олӣ онро “ифротгаро” хонда ва фаъолияташро дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ кардааст, пас аз бозгашти як нафар аз муттаҳамон аз хидмат аз сар гирифта мешавад.
Додгоҳи Қурғонтепа баррасии парвандаи ин гурӯҳи 36-нафариро дар моҳи декабри соли гузашта оғоз карда буд. Муҳокимаи ин парванда, ки бо теъдоди зиёди муттаҳамонаш яке аз қазияҳои пурсарусадо дар шаҳри Қурғонтепа маҳсуб мешавад, пушти дарҳои баста баргузор мешуд. Ин 36 нафар муттаҳам шудаанд, ки мардумро ба табдили сохтори давлатӣ аз роҳи зӯр даъват кардаанд.
Боздоштҳои гурӯҳӣ дар Тоҷикистон ба занни узвият дар гурӯҳҳои ифротгаро қаблан ҳам сабт шуда, вале боздошти ин гуна афрод ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи “Ҷамоъати таблиғ” тайи як соли ахир мушоҳида мешавад. Ҳафтае қабл яке аз додгоҳҳои шаҳри Душанбе низ баррасии парвандаи 56 тан аз муттаҳамон ба фаъолият дар гурӯҳи “Ҷамоъати таблиғ”-ро оғоз кард.
Дар моҳи августи соли гузашта додгоҳи олии Тоҷикистон чаҳор нафарро, ки гуфта мешавад ба ин гурӯҳ марбутанд, ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони Алқоъида маҳкум карда буд. Ин дар ҳолест, ки Акбари Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршинос ва узви порлумон, пештар хостори лавғи мамнӯъияти фаъолияти гурӯҳи “Ҷамоъати таблиғ” дар Тоҷикистон шуда буд.
Ин узви порлумони Тоҷикистон моҳи декабр дар анҷумани Ҳизби наҳзати исломӣ тасмими Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мавриди шомил сохтани “Ҷамоъати таблиғ” ба феҳристи созмону гурӯҳҳои ифротгаро ва терруристро “ҳукми золимона” талаққӣ карда буд.
Вале рӯзи ҷумъа Анвар Юсупов, муъовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ин савол, ки оё қарор аст додгоҳ ба дунболи эроду дархости чеҳраҳои сиёсӣ дар мавриди гурӯҳи "Ҷомеъати таблиғ" таҷдиди назар кунад ё хайр, посухи манфӣ дод.
Ҳамагӣ дар соли 2009 дар Тоҷикистон 19 парвандаи марбут ба мушорикати шаҳрвандони Тоҷикистон дар созмонҳо ва гурӯҳҳои мамнӯъ баррасӣ шуда ва муттаҳамони ин парвандаҳо ба зиндонҳо равона шудаанд. То ҳол дар Тоҷикистон 11 созмон ва ҳаракат ифротгаро ё террурист эълом шудаанд ва фаъолияти аъзои онҳо дар қаламрави кишвар тибқи тасмими Додгоҳи олӣ мамнӯъ аст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1558--q-q-.html