02:22:03 09-уми Феврали 2026 сол

“Шавҳари сангдил!”

Прокуратураи вилояти Хатлон пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Кулиев Ч.У. бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в”, “е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиб додани фикри айбдоркунӣ ба анҷом расонид.

1 mardi sangdil 6565542121Тафтишоти пешакӣ муайян кардаст, ки Кулиев Чори Умарович соли 2004 бо шаҳрванд Рузиева Улдона Баротовна, санаи соли 1984, сокини ноҳияи Носири Хусрав, Ҷамоати деҳоти Тахти Хусрав, деҳаи Муродтеппа соли 2010 оила барпо намудааст.

Дар давраи ду соли охир байни Кулиев Ч.У. ва ҳамсараш Рузиева У.Б. бинобар мақсади оиладор кардани фарзанди калонияшон Кулиев Илҳом Чориевич, санаи таваллудаш соли 2005, бо сабаби норасоии маблағи пулӣ барои хараҷоти маросими тӯйи арӯсию домодӣ, ҷанҷолҳои оилавӣ пайдо шудааст, ки аз ин сабаб моҳи декабри соли 2024 дар зеҳни Кулиев Ч.У. мақсади аз ҳаёт маҳрум кардани ҳамсараш Рузиева У.Б. пайдо шуда, вале аз тарс аз амалӣ кардани мақсади худ даст кашидааст.

Баъдан, Кулиев Ч.У. моҳи феврали соли 2025 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба вилояти Владимири Федератсияи Русия рафта, аз онҷо охирҳои моҳи июли соли 2025 баргаштааст. Аммо, аз санаи 20-уми августи соли 2025, тахминан соати 12-и рӯз байни Кулиев Ч.У. ва ҳамсараш Рузиева У.Б. боз ҷиҳати норасоии маблағи пулӣ барои хараҷоти маросими тӯйи арӯсию домодии писарашон, ки бояд моҳи декабри соли 2025 доир мегардид, барои дарёфт кардани маблағи пулӣ ҷиҳати харидани лавозимоти маросими тӯй ҷанҷоли оилавӣ пайдо шудааст.

Он рӯз Кулиев Ч.У. дар ҷилди болишт, як сангро ҷой намуда, ба дохили ҳуҷра, ки ҳамсараш Рузиева У.Б. яктарафа бо паҳлӯи росташ хоб буд, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтанаш оҳиста ба назди охирин рафта, бо санги дар дасташ буда ба узви ҳаётан муҳим ба пушти сараш ду маротиба зарбаи сахт мезанад, ки ҳамсараш Рузиева У.Б. аз зарбаи санг аз ҳуш рафта, вале ба ҳалокат намерасад.

Баъдан, Кулиев Ч.У. аз таҳхонаи ҳуҷраи истиқоматиаш як ноқили барқии дуқабатаро гирифта, дидаю дониста, ки ҳамсараш Рузиева У.Б. аз ҷароҳатҳои бардошташуда дар ҳолати оҷозӣ қарор дорад, як тарафи ноқили барқиро ба ангуштони калонии ҳардуи дастони ӯ печонида, як тарафи онро ба қувваи барқи хонаи истиқоматиаш, ки шиддатнокии он 220 волтро ташкил медодааст пайваст менамояд, ки дар натиҷа охирон аз ин ҳаракати бераҳмонаи Кулиев Ч.У. тахминан 5 дақиқа аз таъсири қувваи барқ, азобу уқубат кашида, баъдан ба ҳалокат мерасад.

Кулиев Ч.У. бо мақсади пинҳон кардани амали ҷинояткоронааш ва вонамуд кардани аз марги табиӣ ба ҳалокат расидани ҳамсараш Рузиева У.Б., ҷасади охиринро мисли хоб ба тартиб дароварда, санг ва ноқили барқиро пинҳон ва либоси дар танашбударо, ки хунолуд шуда будааст иваз карда, духтари хурдсолаш Кулиева Х.Ч.-ро гирифта, ба хонаи раиси маҳалла Рузиев Эшќобил Чориевич бо мақсади ба номбурда бардурӯғ оид ба бемории фишорбаландӣ гирифтор шудани ҳамсараш гуфтан раҳсипор шуда, ба писари ноболиғаш Кулиев Э.Ч. бардурӯғ маблағи пулӣ дода ба дорухонаи маркази ноҳия барои харидани доруворӣ фиристода ба вай телефони ҳамсарашро дода таъкид мекунад, ки ҳангоми расидан ба дорухона ба ӯ занг занад ва худ ба хонаи раиси маҳаллашон Рузиев Э.Ч. рафта, аз охирин бардурӯғ хоҳиш мекунад, ки ҳамсараш Рузиева У.Б.-ро, ки бинобар баланд шудани фишораш афтидааст рафта дар хонааш дуо хонад. Дар ин вақт, писари Кулиев Ч.У. - Кулиев Э.Ч аз дорухона ба ӯ занг мезанад ва ӯ бо мақсади бовар кунонидани раиси маҳалла Рузиев Э.Ч. аз бемор шудани ҳамсараш ба фурӯшандаи дорухона тариқи телефонӣ суҳбат карда, барои ба писараш додани доруворӣ барои паст кардани фишорбаландӣ, фармоиш медиҳад. Аммо, Рузиев Э.Ч. аз хондани дуо даст кашида, ба Кулиев Ч.У. тавсия медиҳад, ки ҳамсарашро ба беморхона барад.

Баъдан, Кулиев Ч.У. ба имомхатиби масҷиди панҷвақтаи деҳаашон Ғафуров Жамолиддин Муќимжонович занг зада, аз ӯ низ бардурӯғ хоҳиш мекунад, ки ҳамсараш Рузиева У.Б.-ро, ки бинобар баланд шудани фишораш афтидааст рафта дар хонааш дуо хонад, ки охирин ба ин розӣ шуда, зуд ба хонаи Кулиев Ч.У. меояд. Он ҷо Гафуров Ж.М. бинобар дар хонаи Кулиев Ч.У. ғайр аз вай набудани каси дигар ба дохили ҳуҷра, ки ҷасади Рузиева У.Б. буд надаромада, ба хонаи раиси маҳалла Рузиев Э.Ч. рафта, охиринро низ даъват мекунад. Рузиев Э.Ч. бошад бо ҳамроҳии Ғафуров Ж.М. ба хонаи Кулиев Ч.У омада, дохили ҳуҷра даромада мебинад, ки Рузиева У.Б. вафот кардааст ва аз бемор будан ва марги охирин шубҳа пайдо карда, оид ба марги мавсуф ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад, ки дар натиҷа ҷинояти куштори Кулиев Ч.У. ошкор мегардад.

Тафтишоти пешакии парвандаи љиноятии мазкур аз ҷонибӣ шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон баъди анҷоми пешбурди парвандаи ҷиноятии мазкур, 16 сентябри соли 2025 бо тасдиқи фикри айдборкунӣ ба суди вилояти Хатлон фиристода шуд.

Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 16 октябри соли 2025 Кулиев Ч.У. бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в” ва “е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати 21 сол бо адо намудани ҷазо дар калонияҳои ислоҳии дорои низомашон сахт таъин карда шуд.

Кунун чунин шавҳари сангдил ба ҷои гузаронидани тӯи арӯсбиёрони писараш расо 21 соли умри азизашро паси панҷар хоҳад гузаронид!

Варқаи Зайниддин, Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ