“Нафс ва хуллаҳои тиллоӣ”
Зимни тафтиши пешакӣ муайян карда шуд, ки судшаванда Юлдашев Толибжон Ҳошимович соли 1986 санаи таваллудаш, зода ва истқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, Ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Гулпарвар, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумоташ миёнаи нопурра, оиладор соҳиби 5 фарзанд, ронанда, қаблан суд шудааст.
Аз аввалҳои моҳи январи 2025 бо бародараш Юлдашев Абдукарим Ҳошимович ва писари тағояш Ҳамдамов Муҳаммаджон Юнусджонович маслиҳати пешакӣ намуда, дар хусуси аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ тариқи пинҳонӣ, ҳамчун қоҷок интиқол додани маснуотҳои тилловориро карда, вазифаҳояшонро чунин муайян намуданд, ки ӯ таъминкунанда (поставщик), Ҳамдамов М.Ю. ҳамчун ронандаи таксӣ-дастраскунанда (перевозчик) ва писари аммаш Юлдашев Т.Х. бошад интиқолдиҳандаи (доставшик) маснуоти тилловориро иҷро менамоянд.
Чунончӣ, Хамдамов М.Ю. тибқи нақшаи таҳрезишуда амал карда, 2 адад сабиккаҳои маснуоти тилловориро аз суроғаи шаҳри Душанбе, аз манзили истиқоматии модари Юлдошев А.Х. буд гирифта, дар бағоҷи қисми қафои нақлиёташ пинҳон намуда, ба самти ноҳияи Ёвон ҳаракат менамояд.
Юлдашев Т.Х. ҳамчун ронандаи воситаи накдиёти боркаш, тавассути воситаи нақлиёти шахсиаш тамгаи “Мерседес Бенц-1846Ь8” рақамҳои қайди давлатиаш TJ6064T001 рӯзи 19 июни соли 2025 аз дасти Хамдамов М.Ю. сабиккаҳои маснуоти тилловориро қабул карда, ҳаққи хизматрасониашро Юлдошев А.Х. тариқи ҳамёни электронии “Душанбе сити” ба маблаги 500 сомони пардохт менамояд.
Санаи 19 июни соли 2025 бародарон Юлдошев А.Х. ва Юлдашев Т.Х. аз рӯи маслиҳати кардаашон бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо номи “Воҳид” дар маҷмуъ 6 (шаш) адад сабиккаҳои худсози аз хуллаи металли қимматбаҳои тилло сохташударо цар махфигоҳи зери чанбараки воситаи накдиёти боркаши тамгаи '‘Мерседес EeHp-1846LS” рақамҳои қайди давлатиаш TJ6064T001 пинҳон намуда, Юлдашев Т.Х. бо мақсади аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ, тариқи қочоқ интиқол додани он, ба самти минтақаи гумрукии “Панҷи поён”-и ноҳияи Ҷайҳун омадаанд.
Тахминан соати 11-и нисфирӯзӣ ҳангоми ворид гаштани Юлдашев Т.Х. ба минтақаи гумрукии “Панҷи поён” аз махфигоҳи воситаи нақлиёти номбурда дар маҷмуъ 6 (шаш) адад сабиккаҳои худсози аз хуллаи металли қимматбаҳои тилло сохташуда, ки дар умум вазни холисашон 7589,46 граммро ташкил медод, аз тарафи кормандони гумрук ёфта гирифта шуд, ки арзиши онҳо ба ҳисоби миёна 7251085 (ҳафт миллиону дусаду панҷову як ҳазору ҳаштоду панҷ) сомониро дар бар мегирад.
Бо ин кирдорҳои қасдонаи худ Юлдашев Т.Х. ва Ҳамдамов М.Ю. ҷинояти дар моддаҳои 32 қисми 3-289 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои сӯиқасди ҷинояти кочоқ, яъне интиқоли мол ва (ё) ашёи дигар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукиӣ ё пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ё декларатсия накардан ба микдори калонро муқаррар мекунад, содир намуд.
Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 3-юми октябри соли равон судшавандагон Юлдошев Т.Ҳ. ва Ҳамдамов М. Ю. бо моддаҳои 32 қисми 2-289 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ҳардуи онҳо ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 75000 сомонӣ таъин карда шуд.
Варқаи Зайниддин, Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараљаи 1
















