“Хашми модар!”
Прокуратураи вилояти Хатлон пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро нисбати Бобоева Ситора Муҳридиновна бо моддаи 104 қисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиб додани фикри айбдоркунӣ ба анҷом расонид.
Тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки Бобоева Ситора Муҳридиновна, соли 2008 бо шаҳрванд Бобоев Иброҳим Хақбердиевич, оила барпо намуда, аз зиндагонии якҷояашон соҳиби 4 фарзанд, яъне Бобоева Иноятхон Иброҳимовна, санаи таваллудаш соли 2014, Ҳақбердизода Ҳайдар Иброҳим, санаи таваллудаш соли 2016, Бобозода Робия Иброҳим, санаи соли 2018 ва Бобозода Мавлуда Иброҳим, санаи таваллудаш соли 2022 гардидаанд.
Бинобар он, ки шавҳари Бобоева С.М.-Бобоева И.Х. чанд соли охир ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия рафта меомадасту нигоҳубини чор фарзанди хурдсол ба зиммаш будааст, аз сабаби дар табиати фарзандонаш ҷой доштани хислати якравию эркагӣ, ӯ асабонӣ шуда, гоҳ-гоҳ фарзандонашро мавриди лату кӯб қарор медодааст.
Санаи 13 сентябри соли 2025, тахминан пагоҳирӯзӣ Бобоева С.М. машғули тоза кардани оғилхона ва нигоҳубини ҳайвонҳои калони шохдораш буда, фарзанди хурдияш Бобозода Мавлуда Иброҳим, санаи таваллудаш 10 октябри соли 2022 ба назди модараш Бобоева С.М. омада, аз ӯ ширинӣ пурсидааст ва ӯ дар ҷавоб гуфтааст, ки баъди анҷоми кораш ба вай ширинӣ медиҳад.
Аммо, бинобар сабаби аз ҷониби фарзанди хурдсолаш Бобозода М.И. якравона талаб кардани ширинӣ ва гиря карданаш, Бобоева С.М. дидаю дониста, ки фарзандаш Бобозода М.И. ду солаю ёздаҳ моҳа буда, баръало хурдсол буда, дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, охиринро мавриди лату кӯб қарор медиҳад.
Аз ин, хурдсол Бобозода М.И. бо пушт ба замин афтида аз ҳуш меравад. Бобоева С.М. ба ин қонеъ нашуда, кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, охиринро, ки ҳоло барҳаёт буда, нафас мекашидаст, бардошта ба дохили оғил дароварда ба замин гузошта, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани фарзандаш аз назди дари даромадгоҳи оғил як адад банди полиэтилении рангаш сиёҳчатобро гирифта, бо ин банд дар гардани охирин печонида, ӯро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат мерасонад.
Минбаъд, Бобоева СМ. бо мақсади пинҳон кардани амали ҷинояткоронааш ва вонамуд кардани аз хона баромада бедарак шудани фарзанди хурдсолаш Бобозода М.И. ва баъдан шабона ба канали калони обгузари деҳа бурда партофтани ҷасади хурдсол Бобозода М.И. нақша таҳрезӣ намуда, ҷасади охиринро дохили охурча пинҳон карда, бо мақсади бардурӯғ ба ҳамсоягон оиди бедарак шудани фарзандаш овоза кардан, ба кӯча баромада дод зада, ба ҳамсояҳояш ва дигар фарзандонаш овоза мекунад, ки фарзанди хурдсолаш Бобозода М.И. аз хона баромада бедарак шудааст ва бардурӯғ фарзандонаш ва дигар ҳамдеҳагонашро водор мекунад, ки фарзандашро ҷустуҷӯй кунанд.
Баъдан, ӯ тахминан соатҳои яки шаби 13 ба 14 сентябри соли 2025, бо мақсади пинҳон кардани амали ҷинояткоронаи худ, ҷасади фарзанди хурдсолаш Бобозода М.И.-ро аз оғил гирифта, бо воситаи роҳи қафои манзили истиқоматияш, охиринро бурда аз болои пули канали обгузари деҳаашон, ки аз манзили истиқоматиаш зиёда аз 600 метр дуртар ҷойгир будааст ба дохили об мепартояд.
Санаи 17-уми сентябри соли 2025, пас аз гузаштани 3 рӯз ҷасади хурдсол Бобозода М.И. аз соҳили дарёи Вахш, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Бандар, Ҷамоати деҳоти Сурхқалъаи ноҳияи Хуросон, ки аз ҷойи партофти ҷасад зиёда аз 10 километр дуртар ҷойгир гирифтааст, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда мешавад, ки дар натиҷа ҷинояти куштори Бобоева С.М. ошкор мегардад.
Оид ба ҳодисаи мазкур 18 сентябри соли 2025 аз ҷониби шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон нисбати Бобоева С.М. бо моддаи 104 кисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ худи ҳамон рӯз дастгир ва нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шудааст.
Ба Бобоева С.М. 22 октябри соли 2025 дар содир намудани ин ҷиноят айб эълон карда шуд. Баъди анҷоми пешбурди парвандаи ҷиноятии мазкур он 31 октябри соли 2025 бо тасдиқи фикри айдборкунӣ ба суди вилояти Хатлон фиристода шуд.
Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 25 - уми ноябри соли 2025 Бобоева С.М. бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати 18 сол бо адо намудани ҷазо дар калонияҳои ислоҳии дорои низомашон умумӣ таъин карда шуд.
Варқаи Зайниддин, Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1
















