12:15:07 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

37 нафар омӯзгорони ноҳияи Дӯстӣ соҳиби замини наздиҳавлигӣ мегарданд

37 нафар омӯзгорони ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон соҳиби замини наздиҳавлигӣ мегарданд. Соли гузашта ба 30 нафар омӯзгорони ҷавони ин ноҳия қитъаи замин барои бунёди хонаи истиқоматӣ ҷудо гаридида буд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон.

Ruzi-muallmon-omuzgoro-1Иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзорони ҷавон ба роҳ монда шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ба хотири бартараф кардани норасоии кадрӣ дар ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолият» омӯзгоронро ба кор даъват намуда, бо замини наздиҳавлигӣ таъмин менамояд.

Раиси ноҳия Даврон Нишонзода зикр кард, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа пайваста тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

«Соли гузашта низ дар арафаи иди касбии омӯзгорон ба 30 нафар омӯзгорони ҷавони ноҳия замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида буд», — гуфт Даврон Нишонзода.

Ҳоло роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия баҳри баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҷаҳду талош намуда истодаанд, ки роҳандозӣ гардидани иқдоми мазкур гувоҳи гуфтаҳои болост.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар 23 декабри соли 2022 арҷу эҳтиромро нисбат ба омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим унвон карданд.

«Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкуррасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем», — тазаккур доданд Сарвари давлат.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi