09:56:23 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«ИДИ ПРОКУРАТУРАИ ТОҶИК МУБОРАК!»

Санаи 14 марти соли 1992 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон се санади муҳимро оид ба фаъолияти мақомоти прокуратура қабул намуд, ки онҳо мустақилият ва танҳо ба мақомоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда будани мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ менамуданд.

1 prokuratura-tj 1245784554Аз ҷумла 14 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Мутобиқи ин тағйирот мансаби прокурори (додситони) генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад ва прокурори (додситони) генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад ва прокурори генералӣ дар назди Шӯрои Олӣ масъул ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

Ҳамон рӯз бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аввалин прокурори (додситони) генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Н. Ҳувайдуллоев) таъин карда шуд.Ҳамчунин, дар таърихи мазкур бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Додситони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қироати якум қабул шуда, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. 30 апрели соли 1992 баъди муҳокимаи умумихалқӣ ин қонун қабул шуд.

Бо дарназардошти ҳамин се санади таърихӣ тасмим гирифта шуд, ки Иди касбии кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯзи 14 март ҷашн гирифта шавад. Аз ин лиҳоз, 8-уми августи соли 2015 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид ва 14 март - Рӯзи кормандони прокуратура эътироф карда шуд.

Қаблан он 14 декабр ҷашн гирифта мешуд.Агар ба саҳифаҳои таърихи таъсис ва рушди мақомоти прокуратураи Тоҷикистонро назар андӯзем, хохем дид, ки санаи 7 декабри соли 1924 дар маҷлиси Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон масъалаи таъсиси Комиссариати халқии адлия, прокуратураи давлатӣ, ҳамчунин судҳои халқӣ муҳокима гардида, оид ба таъсиси Комиссариати халқии адлия ва Прокуратураи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул карда шуд.

Комиссариати халқии адлия ва Прокуратураи ҷумҳурӣ ба кори худ  24-уми  декабри соли 1924 оғоз кард ва шурӯъ аз ҳамон рӯз ташаккули минбаъдаи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Ба вазифаи раиси Комиссариати халқии адлия Тоҷиддин Сайфиддиновро таъйин карда, ӯро 18 феврали соли 1925  ҳамзамон ба вазифаи нахустин Прокурори ҶХШСТ тасдиқ менамоянд. Ӯ дар ин вазифа то соли 1927 хизмат намуд.

Аз соли 1927 то соли 1931 дар  вазифаи Прокурори ҷумҳурӣ  Муллоҷон Саьдуллоев адои вазифа кард. Дар тӯли солҳои 1931-1935 дар вазифаи Прокурори Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ч. Имомов, С.Ҳоҷиёров, А.Розенберг ва А.Лебедев фаъолият намудаанд.Давраи ташаккули Прокуратураи ҷумҳурӣ, рушду камоли минбаъдаи он бо фаъолияти пурсамари С.Исмоилзода., А. Раҳмонов,  Г. Имомов, М. Саъдуллоев, Т. Сайфуддинов, С. Ҳоҷиёров, Н. Жогин, В. Буларгин барин арбобҳои машҳури ин соҳа рабт дорад. Дар ин давра ва минбаьд дар вазифаи Прокурори ҷумҳурӣ И.В.Илин, А.Я.Романов, Н.В.Жогин, Ҳ.Ҳ.Ҳусейнов, В.А.Буларгин, А.А. Шелочинин, Ю.Н.Щербаков, Г.С.Михайлин ва Н.Ҳ.Ҳувайдуллоев (1991-1992) кор карданд.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои 1992-1995 Маҳмадназар Солеҳов, солҳои 1995-1996 Амирқул Азимов, солҳои 1996-2000 Саломидин Шаропов, солҳои 2000-2010 Бобоҷон Бобохонов ва солҳои 2010-2014 Шерхон Салимзода роҳбарӣ намуда, аз моҳи январи соли 2015 роҳбарии мақомоти прокуратураро Юсуф Раҳмон ба ӯҳда дорад.

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соли 1991 Тоҷикистон ба давраи таърихии рушд ворид гардид. Дар ин давра дар фаъолияти мақомоти прокуратура дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, масъулиятшиносии кормандони он ба дараҷаи баландтар бардошта шуд.

Дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб даъват гардид, М. Солеҳов ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Дар ин давра Қонун «Дар бораи додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва мувофиқи Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 1992 дар амал ҷорӣ гардид. Бо пешрафти ҷомеа, ҷиҳати тақвият ба назорати прокурорӣ дар роҳи таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ 11 марти соли 1996 ва дар таҳрири дигар 25 июли соли 2005 Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд.  

Ҳоло дар ҷумҳурӣ чор прокуратураи вилоятӣ, 77 прокуратураи шаҳрию ноҳиявӣ, Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон, панҷ прокуратураи ҳарбӣ ва Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон ва сохторҳои он дар вилоятҳои Суғду Хатлон, се прокуратура оид ба назорати риояи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ фаъолият менамоянд.

Кормандони мақомоти прокуратура доимо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро дар амал татбиқ карда, уҳдадориҳои ба зиммаашон гузоштаро бо масъулияти баланд иҷро намоянд. Дар ин росто кормандони прокуратура ба тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ низ диққати махсус медиҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Э.Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 21-уми дакабри соли 2021 ба масъалаи риояи ва иҷрои қонунҳо аз тарафи вазорату идораҳо, дигар ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз мансубият ва шакли моликияташон диққати ҷиддӣ дода, иброз доштанд, ки Прокуратураи генералии кишвар вазифадор аст назорати риоя ва иҷро гардидани қонунҳоро дар ин асос бояд пурзӯр намояд.Ҳамчунин қайд карда шуд,ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифатии шаҳрвандон низ диққати ҷиддӣ дода шуда, кор дар ин самт низ бояд пурзӯр карда шавад.

Ҷамбаст ва таҳлил нишон дод , ки дар ин асос прокуратураи вилояти Хатлон дар давраи ҷамъбастии соли 2021 баҳри иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақша ва чорабиниҳои дахлдор тартиб дода, иҷроиши амалии онҳоро таъмин намуда, ҳамчунин бевосита дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ низ саҳм гузоштааст. Дар ин давра дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз тарафи кормандони мақомоти прокуратура корҳои зиёде ба иҷро расонида шудаанд.Чунончӣ, дар байни аҳолӣ баҳри ташвиқу тарғиби қонунгузории ҷорӣ зиёда аз 4025 маротиба бо лексия ва сӯҳбатҳо баромад намуда, тавассути воситаҳои ахбори умум 820 маротиба оид ба натиҷаҳои санҷишҳои прокурорӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии аҳамияти зиёди ҷамъиятӣ дошта баромад кардаанд. Аз ҷумла, дар матбуот 298 маротиба, ба воситаи радио 240 маротиба ва тавассути телевизион 282 маротиба баромадҳо анҷом дода шудаанд. Баромадҳо оиди мавзӯъҳо дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ, оиди Ваҳдати миллӣ, дар бораи забон, экстремизм ва терроризм, дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, дар бораи ноболиғон ва ҷавонон, муроҷиати шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, риояи қонунгузорӣ дар бораи замин, муҳофизати муҳити зист, риояи қонунгузории андоз ва гумрук, вобаста ба риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва доираи дигар мавзӯҳои ҳуқуқиро дарбар гирифтаанд. Прокуратураи вилоят дар ин асос робитаю ҳамкории хубро бо васоити ахбори омма (радио, телевизион, матбуот, воситаҳои интернетӣ) хуб ба роҳ монда, қонунҳои қабулгаштаю амалкунандаро пайваста шарҳу тавеҳ додааст.

Чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ, дар соли 2022 низ ба роҳ монда шуда, тибқи нақша-чорабиниҳо корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ анҷом дода шудааст.

Прокуратураи вилояти Хатлон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муҳим дошта, оянда низ ин корро суботкорона амалӣ хоҳад кард.    

Иди касби муборак ҳамкасбони азиз, сарбаланду накӯном бошед!

           Варқаи Зайниддин,

           Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон,

           корманди фахрии прокуратура,

           мушовири адлияи дараҷаи I



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi