15:41:06 19-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

«АШК ДАР ДОМАНИ КӮҲИСТОН» 1

қисса

Аз он давраи воқеаи рӯйдода даҳсолаҳо сипарӣ гаштаанд. Дар ин дам садҳо дарёву дарёчаҳои кӯҳистон ҷориву ҳазорон воқеъаҳо рух додаанд. Қаҳрамони қиссаи мо низ акнун рӯ ба пирӣ овардааст ва дар рӯй, чеҳраи замоне хеле зебояш ожангҳо падид омадаву мӯйи сар ва ришу мӯйлабаш низ сафед гаштаанд.

1 ashk dar domani kuhiston 2021Чашмони бодомии зебо ва пурнураш акнун бе оинаи чашм чизеро хуб мушоҳида намекунанд ва қаду қомати баланду баҳодуронааш каме хамида гардидааст, лекин ҳоло низ дар нигоҳи ин марди солхӯрда симои азамат, ғурури ориёӣ, нотарсию бебокӣ, ғурури ниёгони бузурги Фарохнои Ориёӣ, муҳимаш аз ҳама ғурури тоҷик будан хуб ба мушоҳида мерасад.

Мӯйсафед чун ҳарвақта дар хона ба болиште такя намуда, гирдаш адабиёти бадеӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, фалсафию варзишии гуногунро бо забонҳои русию тоҷикӣ гирд овардаву пайваста ба хондану навиштан машғул аст. Гоҳ-гоҳе тамокуро дуд дода, чуқур-чуқур қулоб мекашад ва баъди чанде дуди хокистарранги тунди тамокуи кубагиро дар хона аз даҳон сар дода , боз банавиштану хондан андармон аст. Шояд хотираҳои чанде пеш бо ӯ рух додаро ба қалам медиҳад? Шояд!

Он сол дар водиҳо ҷанг давом дошт ва халқи бехабар аз макру ҳила ва сиёсат ба заду хӯрд ва куштори бешарафонаи худ машғул буд,Олами зебою замоне ороми тоҷикона дар як замон ба хонаи ҷуғз, балки ба як дӯзахи тапа тайёре табдил ёфт. Қаҳрамони мо ҳуқуқшиноси маркази обуҳавосанҷии вилояти Вахшон низ баробари нооромиҳо маҷбур шуд, ки аз водӣ фирор кунаду роҳ сӯи Душанбе пеш гирад. Тирмоҳи сарду ноорому шуми пойтахт ҳуқуқшиноси ҷавон Ворис Зоҳирро низ бо як сардие пешвоз гирифт.Ворис меандешид, ки бори аввал пойтахтро чунин андӯҳгин, ғамбор мебинад. Дар ҳақиқатӯ ҳеҷ гоҳ шаҳри азизашро чунин шаҳри пурандӯҳ надида буд. Доимо чи фасли хазону чи фасли сармо шаҳр ӯро бо оғуши гарму нарми худ пешвоз мегирифт.

Аз дил мегузаронид, ки маҳз ҷанги беақлонаю наҳси тарафҳои даргир, ин ҳамаи ғаму андӯҳро болои шаҳр овардааст, вагарна шаҳри азизаш ҳамон шаҳр аст. Дар шаҳр ҳамарӯза издиҳоми фирориёни нимсеру нимгурусна дар пайи ёфтани қутти лоямут ва ёфтани сарпаноҳе худро дар ин тирамоҳи сард ба ин дару он дар мезаданд.Ворис чанд рӯзе меҳмони ҳамсабақаш Амони Замон гашт. Ҳамсабақаш Амон, ҳуқуқшиноси Ҷамъияти марказии моҳидории кишвар низ дар такопӯи зиндагӣ буд. Аз ин рӯз Ворис баъди чанд рӯзи меҳмонӣ бо баҳонаи озими Қазоқистон шудан, хонаи ҳамсабақашро тарк гуфт. Рӯзона баъди дар кӯчаҳои пур аз ғаму шӯру валвала гаштан, бегоҳи озими фурудгоҳи ҳавоӣ шуд. Мехост дар толори интизории то андозае нарму гарми онҷо шабашро рӯз кунад ва аз он ҷо ҳамчунин оиди парвози ҳавопаймоҳо ба ба Руссия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо огоҳӣ ёбаду илоҷе карда худро аз ин кишвари бетолеъ ба ҷои ороме кашад.

Дар толори фурудгоҳ сӯзан задагӣ барин ҷои холӣ набуд.Одамони зиёде дар канор, дар болои курсию харакҳо нишаста сӯҳбат мекарданд. Мардуми зиёде рост истода, бархе инсӯ ва он сӯ гаштугузор доштанд. Ҳама ҳаросон буданд.Дар чашмони ҳамаи мусофирон, чи пиру чи ҷавон аломати афсурдахотирӣ,яъсу ноумедӣ баръало ба мушоҳида мерасид. Ҳатто кӯдакон низ маъюс буданд ва аз нигоҳи тарсноки онҳо ҳис мегашт, ки онҳо аз фалокату балои азими ба ватани азизашон Тоҷикистон омада, бо ақли тифлонаи худ , хуб медонанд. Ворис баъди гашту гузор дар саҳни фурудгоҳ ва сӯҳбати кӯтоҳе бо сафаракиҳо оиди хатсайри парвоз, иттифоқан курсиеро холӣ ёфту ба он нишаст ва дар ҳавои гарми толор ба пинак рафтан шурӯъ карда, баъди чанде хобаш бурд...

Шабона аз садои занги соати калони девории толор бедор гашта ба соат назар дӯхт. Соат 12-и шаб буд. Баъди чанде қаҳрамони мо бо мақсади ҳавохурӣ аз толор берун гашт ва шамоли сарди моҳи ноябр ба рӯяш зада ӯро бедор кард. Даст ба кисса бурда қуттии сигори он вақт маъмули “БТ”-ро бароварда , як дона сигор гирифта гӯгирд зад ва дуди онро чуқур-чуқур ба дарун кашида оҳиста- оҳиста сар дод. Иттифоқан дар он шабҳангом шахсе аз назди ӯ гузашта сигоркашии ӯро дида гӯгирд пурсид. Ворис гӯгирдро ба он шахс дод.Ҳангоми гӯгирдзанӣ дар равшании он ҳамкораш муҳандиси Раёсати боду ҳавосанҷии ҷумҳурӣ Яблонов Виталий Константинович, марди 45-50 солаи кушодачеҳраро шинохт. Зоҳиран Яблонов низ ӯро шинохт, ки зуд бо ҳам оғӯш кушода ҳолу аҳвол пурсиданд. Ворис фаҳмид, ки Виталий Константинович аҳли оилаашро ҳафтае пеш ба Украина гусел намуда, худаш низ аз аз кор ҳисобӣ карда, корро бас кардааст. Ҳоло соати 3-и шаб тариқи Маскав ба ватани аҷдодияш шаҳри Киев парида меравад. Ворис низ оиди вазъияти водии даргирии ҷанг ва паҳну парешон гаштани ҳамкорони шӯъбаи вилоятии боду ҳавосанҷӣ ва ба ҳар ҷо фирорӣ гаштани онҳо ҳикоя кард. Виталий Константинович чун аз фирорӣ гаштани ӯ ва ҷою маконе надоштанаш воқиф гашт, таклиф намуд, ки ба ӯ нишонияшро оиди Украина медиҳад ва агар оромӣ нашавад метавонад ба назди ӯ биёяд. Дар омади гап изҳор дошт, ки муддати 6- моҳ дар як истгоҳи бодуҳавосанҷии хело дури мавзеи кӯҳистон, қарибиҳои пиряхи Федченко ва саргаҳи рӯди Хингоб будааст ва тобистон чархбол барои истгоҳ ва кӯҳнавардон хӯрокаву пӯшокаҳои зиёде оварда ҷо ба ҷо кардааст.Шароити истгоҳ барои зист бисёр хуб аст. Танҳо алангаи ҷангу нотинҷӣ дар кишвари ӯ ва ёварашро маҷбур намудааст, ки зиёда аз ду моҳ пеш истгоҳро бе одам гузошта, онро тарк намуда, пои пиёда тариқи ағбаҳои мушкилгузар ба шаҳр биёянд. Аз ин рӯ пешниҳод кард, ки Ворис метавонад ба Раёсати марказӣ муроҷиат намуда, ба онҷо рафта оромона то беҳшавии вазъияти кишвар кору зиндагӣ намояд.

Соати 3-и шаб Ворис ҳамкори собиқи худро ба Маскав гусел намуд ва худ бошад дар сар андешаи зиёде дар курсӣғанаб рафт. Соатҳои 7-и рӯз аз шавқуни мусофирон ба худ омада, баъди чанде аз толори фурудгоҳ берун гашту савораи автобуси “Икарус” озими дохили шаҳр шуд.

Дар ин пагоҳӣ, аз тангкӯчаҳои дуру наздик садои тиру автоматпарронӣ омада, чеҳраҳои маъюсу харобу лоғари мусофирони автобусро маъюстар бигардонид. Фазои шаҳр бошад рӯз аз рӯз тиратар мешуд ва ҳар рӯз дар ин тарафу он тарафи шаҳр тирпарониву қатлу куштори мардуми фирорӣ ва хосатан занону кӯдакон зиёдтар мешуд. Ворис баъди чанде қарор дод, ки аз шаҳр баромада равад. Чун шаҳри замоне зебо ва ором, зиёда аз 100 миллат бо ҳам баробар зиндагӣ мекард, акнун тавони ҳамзистии ҳатто чор миллатро низ дар худ надошт.

Аз ин рӯ, рӯзе қарор дод, ки тибқи гуфтаи Виталий Константинович ба Раёсати обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ рафта тайёр будани худро ба иҷрои вазифа, дар дуртарин ва баландтарин нуқтаи кӯҳистони кишвар иброз дорад. Ӯ аризаи худро барои қабул карданаш ба кор ба ҳайси корманди обуҳавосанҷии минтақаи Пашмғари канораи пиряхи Федченко навишта , рӯзи дигар озими идораи обуҳавосанҷӣ шуд.

Он ҷо шиносҳои зиёди деринаи худро, ки аксарияташон русҳо, украинҳо ва дигар халқҳо буданд дарёфт.

Ҳамагӣ шояд дар тараддуди қатъкунии кор ва фирор аз Тоҷикистон буданд.Раёсати замоне чун қисми низомӣ бо тартиби муайян ва интизоми оҳанин коркунанда имрӯз аз орӯхонае беш набуд. Ҳама ҷоро нооромӣ фаро гирифтаву касе мақсади иҷрои кори хизматиро надошт. Ворис ба назди сардори раёсат даромадан хост, вале маълум гашт, ки сардор як моҳ боз дар Ленинград бо коре “маън” гардидааст. Коре намуда ба назди муовини сардори Раёсат Бобошеров Урунбой Дабурович даромад. Урунбой Дабурович бо аризаи Ворис шинос шуда, аввал хурсанд шуд, ки чунин ҷавонони ватандӯст низ будаанд ва тайёранд, ки дар лаҳзаҳои душвортарин дар нуқтаҳои дурдасттарин барои халқу ватан хизмат кунанд, Чун ба куҷое занг зад ва аз онҷо оиди ҷудо намудани чархбол ҷавоби қатъии “не”-ро шунид, ӯ аз фикраш гашт. Ба хоҳиши Ворис оиди пиёда ба истгоҳ рафтанаш муовини сардори раёсат розӣ нашуд. Ӯ изҳор дошт, ки бо ҳеҷ ваҷҳӯ намехоҳад, ки бори масъулияти ҳаёти ин ҷавонро ба дӯш гирад ,хосатан дар ин фасли тирамоҳ.Бо ҳамин ӯро ба кор қабулу ба истгоҳи Пашмғар нафиристоданд. Ворис аз кабинети муовини раёсат ноумед баромад ва рӯзи дигар дар қатори ҳазорон-ҳазорон фирориён, тоҷикони аслии кӯҳистонӣ ба болои автомашинаи “КАМАЗ”-е часпида баромаду ба сӯи кӯҳистон роҳ пеш гирифт.

Дар мавзеи Хулоз, деҳаҳои Чашмаи кабуду Норин муддате дар хонаи дӯсташ , табиби ҳозиқ Раҳматшоҳ Наботов истода, бо аввалин автомашинаи ба сӯи Дарвоз раванда роҳ ҷониби Дарвоз пеш гирифт. Дар болои автомашина ҳамроҳи занону кӯдакони бегуноҳи фирорӣ бо азобҳои алим ағбаи баланду хунуки Хобу Руботро пушти сар намуда, ба шаҳраки Қалъаи Хумб фуромаданд. Дар шаҳраки тангу тор ва то андозае замонавии ҳарбии шӯравӣ, аҳолии зиёди фирорӣ ва ба рағми душманони миллати тоҷик бегуноҳ, аз маҳалҳои гуногуни Тоҷикистони азиз фуруд омада буданд.

Баъди чанд рӯзи зист дар ин тагнои кӯҳистон Ворис бо гурӯҳи шиносҳо, ки онҳо низ бо сабаби ҷангу шӯру валвалаи нодаркор дар водиҳои тоҷикнишин сару ҷони худ гирифта наҷоти худро дар кӯҳистони пурифтихори тоҷик дида буданд азм карданд, ки ба сӯи маркази Бадахшон роҳ пеш гиранд. Шояд он ҷо зиндагии беҳтар бошад, зеро ҳама ҷоро гуруснагии сартосарӣ фаро гирифта буду мардум бо иборае ба ҷуз талқону тутпусти Дарвози Афғонистон чизе барои хӯрдан надоштанд.

Издиҳоми чандҳазор нафараи гурезагони иҷбории водии зархези Вахшу мавзеъҳои ҳамвор бошад ҳамарӯза дар такопӯи ёфтани қутти лоямут ва сарпаноҳе мокувор аз ин идора ба он идораи ноҳиявӣ дар таку дав буданд. Чашмони хобнадидаву сурхи пиру ҷавон, чеҳраи рангпарида ва хароб, варами гирди чашмони пиру ҷавон, хусусан занону кӯдакони маъсум, гувоҳи ғаму андуҳи зиёди дар дил доштаву фоҷиаи зиёдеро пушти сар намудани ин мардуми аслии тоҷиктабору бегуноҳро аз дасти як зумра камонбадастони турктози дур аз илму маърифат ва фарҳанги баланди қавми ориёи дар худ таҷассум мекард. Нақлу ривоятҳои мардуми муҳоҷири баргаштабахт оиди қатлу куштори мардуми тоҷикнажод дар водиҳо, сӯхтори хонаву дару тороҷи молу мулки онҳо ва таҷовуз ба номуси модару бонувони тоҷик дар сарзамини аҷдодӣ- Тоҷикистон қаҳру ғазаби Ворис Зоҳириро, ки як ҷавони донишманде ва эҳсоси худшиносии миллияш хело боло буд ба арши аъло мерасонид. Ғаму кулфати миллати ситамкашидаи тоҷик дар охири асри ХХ, асри нанотехнология, ки онро собиқ кишварҳои тоҷикбадбин ба бор оварда буданд, дили поки ӯро сахт ба риққат меовард. Дуру дароз борҳо зери чанори пири чойхонаи маркази ноҳия шомгоҳон ва субҳи барвақт истода, оиди ин “фоҷиа- мазҳака”-и ташкил намудаи душманони дохилӣ ва хориҷӣ нисбати миллати бостонӣ, соҳибтамаддун ва поку беолоишу бонанги тоҷик андеша мекард. Дар мантиқи аз ин андешаҳояш хулоса намудаву сад бор онро аз умқи таърих аз замони Бобулистону давлати Модҳо то имперотурии Куруши Кабиру Портҳо, Сосониён ва Оли Сомону хунрезиҳои Искандари Мақдунӣ, арабҳову туркҳо, Чингизу Темур-лангу манғитиҳо ва Ивани рус варақгардон менамуд.

Дар ҳамаи ин шебу фарозҳои таърих ва таърихи пурғановату ҳамчунин хело пурхуни тоҷик ӯ ибораеро медид: “Сафаҳоти таърих аз хуни тоҷикон лолагун буд!”.

Оре, андеша меронд Ворис, ин миллат аз азал бо амри офаридгор офаранда , ободкор будаву баъдан ин дастовардҳои бузург , ҳама вақт кину ҳасади душманонаш чун турку муғулу арабу дигар ақвоми кӯчиро ба бор овардааст.Ҳатто охири асри ХХ, асри технология ва асри пешрафтаи тамаддун низ аз хуни тоҷик рангин буда. Мисоли барҷастаи он куштору қатли зиёда аз якуним миллион тоҷик аз дасти артиши Иттиҳоди Шуравии болшевикӣ ва паштунсолорҳои кӯчӣ дар ҷанги солҳои 1979-1989 дар хоки Афғонистон бо иборае як пораи Хуросони азиз будааст!

Дар ин субҳгоҳони тирамоҳӣ, дар ин дараи тангнои кӯҳистони тоҷик, зери чанори бузурги пир, ки шояд шукӯҳу шаҳомати давлатдорони қадимаи

Каррону шоҳони онро дида бошанд Ворис Зоҳирии ватандӯст бори чандум аст, ки барои таърихи пураламу пурфоҷиаи миллати хеш, миллати тоҷик ашк мерезад. Ашки чашмони ӯ рухсораи зебои тоҷиконаи ӯро шуста, аз чашмони ғамзадаву зебои ориёнаи ӯ чун шаддаи марворид шорида, риши каме расидаи ӯро тар намуданд. Ба назар чунин мерасид, ки ин ашкҳои марворидӣ нӯшдоруе барои замини кишти беоб ва ташналаб, чун риши Ворис ҳастанд ва онро сабзу шодоб менамоянд. Зеро миллате чун тоҷик миллати бузургест:

                “Тоҷик ба роҳи рости аввал заминро кишт кард,

Дар васфи Митро меҳри пок яшти нахустинро суруд.”

Охирҳои моҳи ноябру аввалҳои моҳи декабри соли 1992 қаҳрамони қиссаи мо Ворис ҳамроҳи чанд гурезаи иҷбории тоҷик савораи болои автомашинаи фарсудаи “ЗИЛ-130” ба сӯи шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони кӯҳӣ роҳ пеш гирифтанд.

Шамоли хунук ба рӯи муҳоҷирони лоғарандом ва дарунашон пур аз андуҳу ғами фоҷиаи миллати тоҷик зада, илова бар ин гардҳои барфҳо якҷоя бо боди дарёи Панҷи гоҳе орому гоҳе пуршӯр раванда, ба рӯи муҳоҷирон зада, як ҳиссиёти ногувореро дар андешаи мусофирони болои бордони автомашина ба вуҷуд меовард. Роҳи ноҳамвор ва чанд сол боз таъмирнадидаи Душанбе-Хоруғ чун ресмони морпеч дар ин дараи баланди кӯҳистон боло мерафт. Дар ин роҳ ҷонзоде ба назар намерасид.

Ҳама ҷо орому сокит буд. Танҳо ҷо-ҷо шов-шови дарёи дар тирамоҳ нилгуни яхбаставу ҳама вақт беқарори Панҷ хомӯширо каме халадор месохт. Харсангҳои азими бӯри сари роҳ, қуллаҳои болобаланди сангину бӯру хокистарранги Бадахшон бо азамату болобаландӣ ва оромии худ ба дили инсон то андозае тарсро низ ҷой кунонда , боз бо ифтихору азамати худ ба дили ватандорон, мардуми пурифтихори кӯҳистони тоҷик ифтихору азамати ватандориро зиёд ҷой медоданд.Ин кӯҳҳои сарсахту сарбаланду бовиқори Фарохнои Ориёӣ, шурӯъ аз саргаҳи Ёхсуи Хатлон то дараи баланди Вахони Бадахшону доманаи Ҳиндукуш бо иборае осорхонаи зиндаи миллати тоҷик буда, дар нобаробариҳо ва номардиҳои таърих ҳазорон, балки садҳо ҳазор мардумииронинажоди таҳдаштӣ , хӯҷандию ҳисорӣ, чочию самарқандию бухориро ҷой додаву нагузоштаанд, ки охирин умеди тоҷиконро турку муғулу араб дар турктозию муғулбозию арабсозии таърих ба нестӣ баранд. Тоҷики ҷафокашида ба шарофати ин кӯҳҳои бо иборае шаҳаншоҳӣ ҳама вақт оташдони хонадони тоҷикро гарму нарму равшан нигоҳ дошта, чакдонаш ҳама вақт оташи зардуҳуштӣ, оташи гарми ниёгонро бо умеди фардои саодатманди миллат дар худ нигоҳ медошт. Бо мурури вақту оромии нисбӣ сарзамин ҳазорон тоҷики наҷотёфтаро боз ба зодгоҳашон Хатлону Вахшону Самарқанду Бухорову Фарғонаву Хӯҷанд..... гусел намудааст. Бо ин андеша ҷисми Ворисро, ки дар ин ҳавои сарди тангнои тирамоҳ сардӣ пахш намуда буд, якбора гармие фаро гирифт. Оре ин гармӣ буд. Гармии ифтихор аз ватан. Ифтихор аз Тоҷикистони азиз. Дарёи Панҷ дар ин тангдара ва байни кӯҳҳои осмонбӯс бо оби мусаффо ва ранги нилобияш ба ҷо-ҷое яхбандию барфистон нигоҳ накарда, бо шӯру шар ва азамати ҳамешагии худ бо мароми хосе ба поён ҷорӣ буд. Кафки ин дарёи афсонавӣ ба харсангҳои вазнини сабзгунаву сафеду сиёҳ бархӯрда ба ҳар тараф пош мехӯрд.Кафкҳои сафед дар равшании нурҳои офтоби тирамоҳӣ дар ангезиш як ангораи ҷиллодори нуқрафомро ба ёд оварда зери тобиши офтобу овози оби дарё ,бо садои худ гӯё як симфонияи мусиқии бастакороне чун Борбаду Шопену Бах ва Мусгорскию Шопену дигаронро ба вуҷуд меоварданд. Ин манзараи афсунгари дарёи муқаддаси тоҷикон, дарёи Панҷ, ба гуфти устод Мӯъмин Қаноат “Пири дарёбод” низ дар дилу андешаи Ворису дигар мардуми аз ҷабри турктозии таърих бехонумон гашта , як рӯҳияи ифтихор аз тоҷикият ва умед ба ояндаи зинда монданро тақвият мебахшид. Оре, миллати тоҷик чун қиссаи таърихии “Мурғи Самандар”, ки ҳама вақт кушта мешуд ва боз бо муҷарради фаро расидани лаҳзаи осоиш аз хокистари худ эҳё мешуд, боз барои якумр , абадан, ҷовидона, якҷоя ва сарҷамъ хоҳад шуд меандешид Ворис. Ин миллат ҳеҷ гоҳ пеши пои аҷнабие бо таъриху фарҳангу созандагии худ сар хам накардааст, балки истилогарони хунхори биёбоние чун араб, турк, муғул бо ҳама қатлу куштору истисморашон муддате нагузашта асири фарҳангу тамаддуну адабу забони порсию дарию тоҷикӣ, ба ибораи устод Мӯъмин Қаноат гашта, назди тоҷик сар фуруд меоварданд. Танҳо ба ёд овардани қабули ҷашни Наврӯзу фарҳанги он, ки як фалсафаи бузурги анъанавии шашҳазорсолаи шоҳ Ҷамшед асту аз аймоқҳои Муғулистон то шаҳру деҳоти Босния ва Герсоговина ва Маҷористон ҷашн гирифта мешавад барои ҳар як тоҷик басанда ҳаст!

Бо ин андешаҳо Ворис чи гуна ба шаҳри Хоруғ дар шомгоҳон расидани худро нафаҳмид.Дар фазои нисбатан кушодаи шаҳри Хоруғ ситораҳо милтос мезаданд. Ситораҳо дар ин шаҳри дар баландии кӯҳистон ҷойгирифта ба назари Ворис хеле калон метофтанд. Шабона ҳамроҳи чанде аз гурезагон дар толори меҳмонхона хоб рафт. Рӯзона шаҳрро давр зада баромад. Ҳама ҷо пур аз гурезаҳо иҷборӣ, пур аз таҳаллука ва чашмони ҳамаро пур аз ашки шашқатор, ғаму андӯҳи зиёде дид. Дар шаҳр баръало бӯи гушнагӣ, бекорӣ ва нодории мардуми тоҷик, гурезагон аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ҳис мешуд.

Баъди чанд рӯзе, аниқтараш аввалҳои моҳи декабри соли 1992 бо шунидани он, ки дар шаҳри Файзободи Бадахшони ҳамҷавор амну омонӣ, оромӣ ва серию пурист, ҳамроҳи чанд ҳамватанони дар кишвари худ ғарибу оворагашта озими Афғонистон шуд. Баъди чаҳор рӯзи роҳи пурмашаққат ба Файзобод расид. Шаҳри Файзобод, шаҳри пуршукӯҳ ва маркази маъмурии Бадахшони Афғонистон, ки замоне хеле обод буд ҳоло бар асари ҷанги дохилимеҳанӣ , гурезаҳои зиёди иҷбории афғонистонӣ ва ба ғайр аз ин гурезаҳои зиёди тоҷикистонӣ, ки тариқи водии Вахшу Бадахшон марзро убур намуда буданд дар оғуш гирифта буд. Он ҷо бо ҳамватанони азиз, мардуми тоҷик , чи пиру ҷавон, занону ноболиғони нимсеру нимгурусна ва побараҳна ва бекор дучор гашт. Он вақт низ барои ин ҳамватанони ғарибу овора ва ҳам тоҷикони ғарибу оворагаштаи Бадахшони Афғонистон дар ҷанги муқобили артиши ғосиби шӯравӣ ва болшевикону рӯҳониёни паштун сиришк аз дидагон лаби дарёи Ҷарёби Файзобод рехт.

Чун зиндагӣ он ҷо ба дарди касе намехӯрд қарор дод, ба Тоҷикистони азиз баргардад. Дар хаёлаш истгоҳи боду ҳавосанҷии марзи пиряхҳои Вахёи боло, мавзеъи Пашмғар расид, ки ба ӯ ҳамкори собиқи украиниаш Виталий Яблонов итилло дода буд расид.

Бо муҳоҷирони иҷбории шиносаш Сангини Халил , Орифи Абдулло, Сӯҳроби Солеҳ ва Ҷаҳонгири Ҷиян оиди баргаштан ба ватан маслиҳат кард. Онҳо низ барои баргаштан ба ватан розӣ шуданд.Чун се-чор рӯзи дар Файзобод будан , мушкилии ҷои хобу ғизоро сахт ҳис мекарданд ва аз ҷое низ барои ёрии худ чашми умед надоштанд. Баъди ду се рӯз ин чорнафарон ҳамроҳ бо Ворис пиёдаву савора роҳ ҷониби марзи Тоҷикистон пеш гирифтанд. Дар ин моҳи декабр , хунукӣ, сармои қаҳратун , роҳи ағбаҳои пур аз туманиро тай намудаву бо мушкилоти зиёде ба марзи вулусволии Ишкошим омаданд ва баъди чанде марзро убур намудаву ба хоки ватан гузаштаву нафаси чуқуру ва озоде кашиданд.Дар хоки ватан сабукии рӯҳӣ ва ҷисмониеро зуд ҳис намуданд.

Савораи автомашинаи сабукрави кӯҳнаи “Москвич-412” бо машаққати зиёд дубора ба шаҳри Хоруғ баргаштанд. Баъди истироҳати ду-се рӯза, бо пешниҳоди Ворис роҳ ҷониби Дарвоз пеш гирифтанд.

Рӯзи сафар аз Хоруғ болои автомашинам боркаши “ГАЗ-51” ҳамроҳи чанд роҳакӣ озими Дарвоз гаштанд. Барф беист меборид. Барфи тар сару либоси онҳоро зуд тар намуда, ҳамроҳ бо шамоли хело сахту сарди рӯди Панҷ сармои сахтеро моили тани хело харобгаштаи ҳамсафарон мегардонд. Ворис дар кунҷи бордони мошин ҷой гирифта , ба ин азобу хунукӣ базӯр тоқат мекард. Қарибиҳои шом автомашинаи колхозӣ онҳоро ба шаҳраки Қалъи Хумб овард.

Дар ягона меҳмонхонаи ноҳия ва чойхона ҷои шабгузаронӣ аз зиёдии гурезаҳои беҳисоб ҷой наёфтанд. Иттифоқан дар канораи шаҳрак, вагони кӯҳна ва шикастаеро пайдо ва он ҷо ҷой гирифтанд. Зуд аз байни харсангҳо буттаву ҳезуме чанд ҷамъ овардаву дар дохили вагон гулхан гиронданд ва ба зудӣ тавонистанд, ки либосҳои худро хушк намоянд ва ба бадани сарди онҳо гармие давад. Шиками худро бо қадре аз тутппустҳои ҳамроҳ дошта бо оби муссафо ва сарди Дарвоз сер карда ба зудӣ панак рафтанд.

Саҳарӣ, ҳамсафарон роҳ ҷониби ағбаи Хобу Робот пеш гирифтанд. Мақсад танҳо як чиз буд, бо ҳар роҳе набошад худро ба истгоҳи обуҳавосанҷии мавзеъи Пашмғари Вахёи Боло , наздикиҳои пиряхи Федченко расонидан буд. Онҷо маводи хӯрока ва ҷои бароҳати зист барояшон омода буд. Танҳо коре кард, ки ба он ҷо худро бояд расонид. Дигар умеде нест. Ҳама ҷо ҳоло пур аз гурезаи иҷборист ва гушнагию нодорӣ дар Тоҷикистон дар авҷи худ аст. Илова бар ин ҷанги лаънатии аблаҳонаи шаҳрвандӣ ҳоло низ давом дорад. Дудаи ин ҷаги лаънатӣ ва сиёҳ ба кӯҳистони тоҷик низ расида ҳамаро ба фоҷиъа ва каҳтӣ кашидааст. Ягона роҳи наҷотро Ворис расидан ба истгоҳ медид. Чи илоҷ зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи худро дорад ва агар хоҳӣ , ки зинда монӣ бояд дар ин қӯра талош кунӣ. Албатта на он тавре, ки як ба ном ҳуқуқшинос барои соҳиб шудан ба мансаб, мубориза барои ҳаётро дар ҷангу куштори одамон медид.

Баъди роҳи тӯлонӣ, соатҳои 8-и рӯз ҳамсафарон барфи зиёда аз як метраро шикаста- шикаста ба зери нуқтаи ағбаи Хобу Рубот, аниқтараш, деҳаи замоне ободу зебои Рубот расиданд.Деҳаи замоне ободу мардумаш чанд сол пеш кӯчида, мазореро мемонд. Ҳама ҷо хомӯшӣ ва деворҳои хонаҳои чаппашуда бо дарахтони замоне пур аз меваву сарсабз, ҳоло дар ин зимистони тангу тор зери ҷомаи барф ва қар-қари зоғони бадафт аз ноободии ин мавзеи замоне обод башорат медоданд.

Иттифоқан дар сари роҳи мошинагард, дар ялангие чароғи равшанеро диданд. Дар дили ҳамсафарони аз роҳгардӣ ва гушнагию сармо ба ҷон омада, якбора нури зиндагӣ ҳувайдо гашт ва қувваю иродае дар ҷисмҳои онҳо пайдо гашт. Ҳамагӣ аз худованди бузург барои ин кулба ва нури умед сипосгузорӣ мекарданд. Бӯҳрону барф бошад дар ин баландии зери ағба ҳамоно шиддат мегирифт ва сармо то мағзи устухони ҳамсафарон таъсир мерасонид. Панҷргона дар ин шаби зулмотии канори ағба бо умеде ба назди он ягона хонаи “зинда” омаданд. Ворис бо дастони шахшӯлаш чанд маротиба ба дари хона кӯфта овоз дод, лекин соҳибони хона дарро накушоданд. Овоздиҳии дигарон низ натиҷа надод, Дар чашмони Сангин, Ҷаҳонгиру Ориф ва Сӯҳроб акнун ба ҷои нури умед Ворис осори қаҳру ғазаб, эҳсоси сахти бадбинӣ ва нафратро барои ин беэҳтиромӣ нисбати худашон эҳсос ҳис намуд. Донист, ки ин ҷавонони ҳафтаҳо дар сафар қарор дошта, аз ин амали ноҷавонмардонаи як нафар тоҷик дар ин шаби зулмонӣ, сармои қаҳратуни таги ағба , сахт ба шигифт омадаву ҳоло тайёранд , дари хонаро шикаставу соҳибхонаро то мурданаш кӯбанд.Ӯ бо азобе онҳоро ором намуду нигоҳаш ба бинои оғилмонанди он сӯи роҳ афтод. Дар ҳақиқат он оғили вайронаи бедаре буд, лекин метавонист аз тӯфону барфу борон онҳоро паноҳ диҳад. Аз ин рӯ Ворис ба соҳибони оғилхонаи онро партофта рафтаву то андозае фурӯ нарафта дуруд фиристод. Онҷо дар торики палмосида аз чӯбу тахтаҳои ёфта гулхани калоне афрӯхта худро гарм намуданд ва чун гулхан бадани онҳоро гарму либосашонро хушк намуд, бо амри Ворис хокистари аз гулхан боқимондаро парешон намуда, болои он дароз кашиданд ва гармие зуд фарогирӣ онҳо гашт.Дар берун бошад тӯфону боду барф бо овози даҳшатбор ҳуштак мекашид. Қаҳрамони мо Ворис дар ин оғили вайрона чанде натиҷаҳои сафари чандрӯзаашро ҷамъбаст намудаву ҳолу аҳволи вазнини халқи тоҷики Тоҷикистону Афғонистонро ба ёд оварда, бори чандум ашки худро зери ин ағбаи баланду азими Хобу Рубот барои миллати хеш чун борони найсон ҷорӣ кард.

Пагоҳӣ, соат шаш нашуда , аз сармои шадид ва тӯфони сахт бедор гаштанд. Ҳамагӣ аз хунукии сахт дир-дир меларзиданд ва бо супориши Ворис боз гулхан гирондаву бадани худро гарм намуданд ва баъди чанде ба сӯи ағба роҳ пеш гирифтанд. Ворис, ки нисбатан ҷавонтару тануманду варзишгари обутоб ёфта буд , пеш- пеш ҳаракат намуда, барфи якунимметраро пахш пахш намуда , барои дигарон роҳ мекушод,

Қарибиҳои соатҳои сеи рӯз онҳо баландии ағбаи машҳури қариб сеюним ҳазорметраро баромаданд.

Ворис чун роҳбалад буду сафедӣ ва равшании барфи тозаи ағба нисбати ҳамроҳонаш ба чашми ӯ таъсири зиёдтар мерасонду рафиқонаш пушти ӯро нигоҳ карда, аз қафояш меомаданд, дар ин баландӣ акнун чашмонаш аз тобиши барф оҷиз гаштаву дигар касеро дида наметавонист. Чашмонаш бошад сӯзиш намуда, беист аз онҳо об мешорид ва рӯи чашмонаш акнун парда кашида буданд. Бо азобе Ворису ҳамраҳонаш ба казармаи аз Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Шӯравӣ боқимонда, ки онро соле пеш баъди барҳамхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ партофта рафта буданд , ворид гаштанд ва то андозае худро аз тундбоди хело сахти болои ағба раҳониданд.

Дар даруни хоначаи торики бо хишти пухта сохташуда, худро паноҳ намудаву ором гирифтанд. Ворис медонист, ки барои чашмҳои аз барф нобино гашта картошкаи хом хеле фоидаи хубе дорад. Ба рафиқон изҳор дошт, ки даруни ин бинои бузургро кобанд шояд он ҷо картошкаи хоме пайдо намоянд.

Андешааш дуруст баромад ва дар фарши хоначае чанд дона картошка, сабзӣ ва сирпиёзе низ ёфтанд.Картошкаи хомро бурида ба болои чашмони Ворис гузошта, чашмонашро бо шарфаш маҳкам бастанд. Оташ гиронда чанд дона картошкаро пухта, бо иборае ғизои шом хӯрданд. Баъди каме аз сӯҳбат ин гурӯҳи сафаракии сахт монда ва азобкашида ба хоби тӯлоние рафтанд. Танҳо рӯзи дигар нурҳои тези ба хона расида ҳамроҳонро бедор намуд. Картошкаи хом бошад ба чашмони бемори Ворис чун нӯшдору даво бахшид. Шарфро кушод ва бори нахуст аз дина рӯз равшанӣ ва рафиқонро дид ва дар дил шукронаи худойро ба ба ҷоӣ овард.

Зоҳиран картошкаи хом ҳамон шӯълаҳои зараровари ба барф пошидаи офтоб ва сафедии барфи нуқрафомро аз чашмонаш ҷафида бароварда буданд. Аз ин рӯӯ ба рӯҳи поки табиби ҳозиқ Абуалӣ Ибни Синои бузург дуруд фиристонид.

Баъди чанде аз баландии ағба болои барфи шамолкашида ва яхбаста, ки бо ибораи мардуми маҳаллӣ “қатқу” номида мешавад ва роҳгарди хело осон ҳаст оҳиста-оҳиста ба деҳаи Сағирдашт фуромаданд. Деҳаи бузурги Сағирдашт дар доманаи заминҳои фарох ҷой гирифта, зери кӯрпаи ғафси барф қарор дошт. Аз мӯрии хонаҳо базӯр дуд зада ба осмон мебаромад ва ана дар ҳамин ҳолат дар ин деҳаи хело сокит , дар ин зимистони қаҳратуни охири моҳи декабри соли 1992 ҳис мешуд, ки дар инҷо зиндагӣҷараён дорад, вагарна дар ҳоли набаромадани дуд аз мӯрии хонаҳо Сағирдашт ҳақиқатан ба як деҳаи сағир, сокиту ором табдил меёфт.

Ворис ва ҳамсафаронаш шабро дар маҳаллаи Чухкак, дар хонаи Лутфулло Абдулло ном ҷавони меҳнатдӯст рӯз намуданд. Рӯзона аз Сағирдашт, пиёда ба сӯи таҳдашт , деҳаи зебоманзари Қалъаи Ҳусайн роҳ пеш гирифтанд. То Қалъаи Ҳусайн 12 чақрим роҳро осон тай карда омаданд, гарчанде аз шамоли рӯди Сарв ва сояи кӯҳи пурҳашамати Сарву шамоли хунук хело онҳоро озор ҳам медод, лекин азоби онҳоро ҳеҷ гоҳ бо азоби баромадан ба ағбаи Хобу Рубот қиёс намудан мумкин набуд. Ду рӯз дар ин деҳа сипарӣ гашт, чун деҳаи калони Қалъаи Ҳусайн дар шоҳроҳи Душанбе- Хоруғ ҷой гирифтааст, рафту омади издиҳоми пиёда ва савора низ он ҷо хело зиёд буд. Гурезаҳои иҷборӣ ва нимсеру гурусна, ки хонаву дарашон аз тарафи гурӯҳҳои яроқноки авбош ва зиддитоҷикӣ тасарруф, молу мулкашон ба яғмо бурда шудаву оташ зада шуда буданд, ҳамарӯза дар чойхонаи лаби роҳи деҳа ҷамъ гашта , оиди воқеаҳои рӯйдода ва фалокати ба сари миллати тоҷик овардаи гурӯҳҳои зиддитоҷикӣ бо ашк, сӯзу алам ҳикоя мекарданд.

Рӯзи сеюм дар деҳа барфи лак-лаки борид. Барф ҳама кӯҳу даманро пӯшонида буд.Ворис ҳамроҳонашро барои рафтан ба тарафи истгоҳи Пашмғари Вахёи Боло маслиҳат медод.

Баъди чанде, аниқтараш санаи 25.12.1992 тариқи трактори сечарха то пули Дашти Шер омада , аз он ҷо пиёда 40 чақрим роҳро тай карда, қад-қади рӯди Хингов ба деҳаи Миёнаду омаданд. Онҷо низ издиҳоми зиёди гурезагони тоҷики бегуноҳро диданд. Зиндагонии мардум вазнин буд ва ҳама аз ҷанги эълон нашудаи қувваҳои зиддитоҷиқӣ дар муқобили миллати аслии кишвари Тоҷикистон, миллати тоҷик ҳайратзада ва сахт андӯҳгин буданд. Деҳаи калони Миёнаду низ зери кӯрпаи барфин буд ва зимистони қаҳратун ҳукмрони ягонаи даврон буд.Санаи 26.12.1992 ҳамсафарон қад-қади роҳи мошингарди канори лаби рӯди Хингов ба сӯи манзили мақсуд, истгоҳи бодуҳавосанҷии деҳаи Пашмғари наздики пиряхи Федченко роҳ пеш гирифтанд То он мавзеъ на камтар аз 100 чақрим роҳ боқӣ монда буд. Шаббодаи дарёи Хингов ва хунукии беҳад сахти қадоваи дарё ҳамсафаронро хело безобита ва кӯфта мегардонид.Илова бар ин , барфи зиёди ғафсу нарм роҳгардиашонро вазнин мегардонид.

Шабона дар осиёби кӯҳнаи қади роҳ маскан гирифтанд. Рӯзи дигараш маскани онҳо , ғори қадимаи қади роҳи мошинагард буд. То манзили мақсуд боз 50 ҷақрим роҳ монда буд. Шабона дар гирди гулхан ҳамагӣ хомӯшу маҳзун буданд.Аввалин шуда Сӯҳроби рӯяш пур аз ожанг ба гап даромад: хело азоб кашидем, то истгоҳ дур ҳаст, илова бар ин соат ба соат қабати барф зиёд гашта хӯрдание низ надорем. Дар гумон ҳаст, ки дар истгоҳ чизеро ёбем. Хубаш ба Миёнаду ва аз онҷо ба маркази ноҳия Тавилдара баргашта баҳору гармиҳоро интизор мешавем.Сухани ӯро Сангину Ҷаҳонгиру Ориф, ки чеҳраҳояшон хело маъюс буд қувват доданд. Маълум буд, ки онҳо бо ҳам забон як кардаанд. Ворис ба насиҳати онҳо пардохта иброз дошт, ки истгоҳи замонавии обуҳавосанҷӣ дорои шароити беҳтарин аст ва замони Шӯравӣ аз ҷониби Сарраёсати обуҳавосанҷии СССР хуб таъмир гаштаву ғизои хӯрдани тобистон барои ҳатто кӯҳнавардон низ бурда шудааст.

Суханони Ворис дигар ба сенафаррон таъсиргузор нашуд ва онҳо акнун бо адоват, рӯи рост ва таҳқир ба ӯ менигаристанд. Гӯё дар гурусна мондани онҳо маҳз ӯ гунаҳгор бошад. Ҳоло он,ки бо азобҳо ҳам бошад маҳз ӯ онҳоро аз мулки афғонҳо ба ватан баргардонид. Субҳи барвақт Ворис бедор гашта дид, ки ҳамроҳонаш кайҳо аз ғор бадар рафтаанд. Илова бар ин борхалта ва корду нимаи нонеро, ки дошт, низ гирифта бурдаанд. Акнун дар ин тангнои кӯҳистон ӯ мондаасту рӯ ба раҳми худо. Илова бар ин бадани ӯ дар ин сармо метафсид.Ӯро таби баланд пахш карда буд. Коре карда гулханро афрохту дари ғорро маҳкам ва шамолпаноҳ кард. Ва рӯи алафҳои хушки даруни ғор сангеро ба ҷои болин монду курткаи ғафси чиркину нимдошти худро ба рӯяш кашид.Дар ин танҳои ӯ бори дигар худро ҳақиру бекасу кӯй ҳис намуда ашки чашмонашро дошта натавонист....

Вориси зери таби баланд ғӯтида танҳо рӯзи дигар ба худ омад. Баданашро арақи хунук пахш карда буд.Ҳисмешуд, ки оташи гулхан ва маҳкам намудану гарм нигоҳ доштани ғор дар ин замони беҳушиву беёдӣ кори худро намуда, ба тани нимҷони ӯ фоида овардааст.Ҳамоно дасту пояш суст буду қувваю дармоне надошт. Гушнагӣниз ҳар лаҳза ӯро азоб медод. Боазобе гулханро гиронда, ба берун баромал. Бо барф рӯи худро шуст. Ҳавои каб-кабуди кӯҳистон дар ин барфистон ба ӯ нерӯ ва қувваи тозае мебахшиданд. Ҳамаги чанд метр дуртар аз ғор чашмаш ба шохаҳои дарахтони буттамонанди зери барф қарор дошта афтод. Ба онҷо бо умеди қутти лоямуте ҳаракат кард. Маълум гашт, ки онҷо ду бутта дарахтони дӯлона будааст. Аз зери барфи шохаҳои дарахтон дӯлонаҳои хушкгаштаи зери барф каме нармгашта падид омаданд. Ворис бо фаросат дарёфт, ки худованди таолло ба ӯ рӯзияшро додаст ва ӯ аз гушнагӣ ва марг наҷот хоҳад ёфт.Зуд ба чидани дӯлонаҳои хело хуб пухта ва калон-калон сар кард. Аввал киссаҳояшро пур кард. Баъдан телпакашро аз дӯлона пур кард ва роҳҷониби ғор гирифта , шикамашро аз дӯлонаи хушки намгирифта то андозае сер кард ва аз барфи тарнам ба ҷои об истифода бурд. Ба ҷои хобаш даромаду гирди гулхани афрӯхтааш дароз кашид. Андешид, ки имрӯз низ хоб рафтаву пагоҳии барвақт роҳро давом хоҳад дод.Ворис пагоҳии барвақт аз равшании ба ғор роҳ ёфта бедор гашт. Акнун ҷисмаш мадор пайдо карда буд. Каме шикамашро бо дӯлона пур карда аз ғор баромада, ба ҷониби Вахёи Боло, сӯи кӯлбаи мақсуд мавзеъи Пашмғар роҳ пеш гирифт.

Акнун дар ин пагоҳии барвақт, дар ин тангнои кӯҳистон ғайр аз ӯ ва ҷанобони шамолу тӯфону барф дигар ягон чизеву ҷонзоде ба назар намерасид. Дар ким куҷои дур уқоби бузурги сафедранги кӯҳистонӣ баҳодурона бол зада, барои худ тӯъма меҷуст. Селаи мурғони даштӣ дар ҷангалзори соҳили рӯди Хингоб дар парвоз буданд.

Ворис акнун ба касе ва чизе аҳамият надода бо азми қавӣ пеш мерафт, то шояд ба деҳаи ободе расад вагарна шабона тӯъмаи гургони гушна шуданаш аз эҳтимол дур набуд. Баъди чанд соати роҳпаймоӣ қарибии шом ӯ аз дури дур садои тӯдаи сагонро шунид. Умедаш ба ҳаёт аз нав ҷӯш зад. Воқеан деҳа хело дур, сари кӯҳи баланде қарор дошт ва ба чашм аслан наменамуд. Шом бошад даромаду моҳи мунир болои кӯҳистонро равшан намуд. Аз дуриҳои дур, канори рӯдхона , ӯ суроби махлуқҳои сагмонандеро дид, ки аз санг ба санг ҷаҳида ба канораи соҳил наздик мешуданд. Бо фаросат дарёфт, ки онҳо галлаи гургони гушнаанд ва акнун шомгоҳон ба шикор баромадаанд.

Ба якбораги қувваи наве дар ботинаш пайдо гашт ва гаштанро дар дашти нисбатан васеъи канори рӯдхона тез кард. Ба хушбахтии ӯ дар наздикии роҳ иморатеро дид ва шукрона кард, ки акнун аз думболагирии гургони гурусна бегуфтугӯ наҷот ёфтааст ва худоро ёд кардаву шукрона кард. Ворис ба иморат назлик шуда дарёфт, ки бинои нимвайронаи фермаи колхозӣ будааст ва дари хонаеро, ки бо сим маҳкам карда шуда буд зуд кушод ва худро дохили хона гирифт. Гӯгирд зад, он зоҳиран ҷои хоби чӯпонҳо будааст ва дар кунҷе кӯрпаю кӯрпача ва болишти чиркине ба чашм мерасиданд. Қаҳрамони мо боз шукри худоро аз ин атои худовандӣ ба ҷой овардаву акнун баъди чандин рӯз метавонист ба фикри худаш даруни кӯрпаю кӯрпачаи нарм зери сараш болишт хоб равад ва воқеан ҳамин тавр низ карду зуд хобаш бурд.

Соатҳои нисфишаб аз ғур-ғуру уллоскашӣ бедор гашт. Аввал гумон кард, ки садои боду щамол аст. Ба соати дастияш назар карда дид, ки соат аз дуи шаб гузаштааст. Овозҳо баланд мешуданд ва Ворис бофаросат дарёфт, ки ин овозҳо бешубҳа на овозҳои сагон, балки ҳамон гургҳои мушоҳида кардааш ҳастанд. Гургони гурусна зоҳиран ин тарафу он тараф ҳаракат карда, мунтазири тӯъмаи дидаашон Ворис буданд. Ворис бори дигар худованди бузургро ба ёд оварду барои наҷоташ даст ба рӯй кашид ва боз зери кӯрпаи нарму гарм ба хоб рафт.

Пагоҳӣ аз нури шӯълаҳои офтоб бедор гашт ва донаи қоқпораи себу зардолуи пайдокардаашро ба кисса заду чӯбдастеро аз фермаи нимвайрона гирифта боз ба пеш , зуд ба ҳаракат даромад. Дар гармию шӯълаи офтоб барф чун тиллои зард медурахшид. Ворис барои эҳтиёт матои нейлонии тунукро ба рӯй кашид, зеро кӯр шуданаш дар чунин ҳолат аз эҳтимол дур набуд. Мусофири асобадасти мо ин рӯзро низ оҳиста-оҳиста бо роҳгарди ҳам бошад ба поён расонид ва қарибиҳои шом дарёфт, ки ӯ ба дуобаи саргаҳи рӯдхонаи Хингоб расидааст.

Дар ин мавзеъи ба истилоҳи маҳаллӣ дударгӣ , ҳамроҳшавии ду дарё, сарчашмаҳои асосии дарёи хурушони Хингоб , ҷуз харсангу шахҳои баланду қуллаҳои осмонбӯси пур аз барф ва дараҳои чуқур акнун касе ва ҷонзоде наметофт. Танҳо нолаи шамол буду ғуввоси оби аз зери пиряхҳои азим раванда. Аз канори дараи шарқӣ бошад пайраҳае ба сӯи мавзеъи Скад роҳро мебурд. Пайраҳаи сангини ғарбӣ бошад роҳро сӯи манзили умеди Ворис,мавзеъи Пашмғар, истгоҳи обуҳавосанҷӣ дар канораи дарёи Кирғизоб, наздикии пиряхи Федченко мебурд. То он ҷо акнун масофаи тақибан 10 чақрим монда буд. Ақрабаки соат бошад аллакай ба сӯи соати шаши шомгоҳон дакка мехӯрд. Вориси дасту пояш карахт гашта ва лабони аз хунукӣ кабудгаштаю парчингбастааш, рӯи пайраҳаи пурсангу барф, оҳиста-оҳиста ба боло ҳаракат мекард. Дар ин баландиҳо акнун ғайр аз осмону пораабрҳои шинокунанда ва харсангу барфу ях , дигар аз дарахту бутта ва парандаву чаранда , ягон асаре аз ҷонзоде набуд. Баъди чанде аз роҳгардӣ, ки акнун истгоҳи обуҳавосанҷӣ дар назди соҳили рӯд аз дур зери кӯрпаи барф ба назар мерасид, Ворис қадамзании худро тез кард. Мехост шом нашуда ба истгоҳ расад ва худро аз азобҳои алими чанд рӯзи охир кашидааш ба якборагӣ халос кунад.

Дар пайраҳа ногаҳон пояш дар болои санге, ки яқинан барфпӯш ва зери он ях буд ӯ мувозинати худро дошта натавонисту ба таги дара сарозер рафт......

Ба назараш ягон 15-20 метр дар ҳаво парид ва дар поёни дара ба тӯдаи барфи зиёд ғутида рафт. Баъдан зарбаи чизи сахтеро аз паси сараш ҳис намуда, сонияе аз ҳуш рафт.

Саҳаргоҳон , офтоби зимистони санаи 30.12 соли 1992 бо нурҳои гарми худ поёни дараро равшан мекард. Дар ҷои барфтӯдаҳо нурҳои офтоби ҷонбахш зери барф равшанӣ ва гармӣ овардаву ҳамроҳ бо сардии зери кӯрпаи барф Вориси аз бегоҳи боз даруни барф беҳушу беёд хуфтаро ба ҳуш овард. Баъди ба ҳуш омадан, қаҳрамони мо оҳиста-оҳиста ба ёд овард, ки шомгоҳон ба умқи дара афтода буд ва аз зарбаи сахти пушти гардан беҳуш гашта буд. Сардии зери барф, гарчанде шамолпаноҳ буд ва маҳз ҳамин кӯрпаи барфин дар ин шаби зулмотӣ ва зимистони қаҳратун боиси зинда мондани Ворис гашта бошад ҳам, лекин хунукӣ оҳиста-оҳиста ба ӯ таъсир кардаву ӯро ба худ овард ва сараш сахт дард мекард. Баъди чанде пою дасташро ҷунбонида, ҳис намуд, ки ба пою дастонаш осебе нарасидааст ва худои худро бо шукргузорӣ ёд овард. Оҳиста-оҳиста илоҷе карда худро аз оғӯши барфутӯдаи наҷотбахши хеш раҳо бахшид. Муддате болои барф истод. Сараш чарх мезад. Дар паси сараш варами ғуррамонанди сахте баромада буд.Зоҳиран ҳангоми афтиш сараш ба ҷисми сахте мисли санги кулӯла, шояд ях ва ё чӯбе зада зарбаи сахт гирифта буд, зеро агар яхи теғадор ва ё санги дурушт мезад ҳатман кафиш ба амал меомад. Гушнагӣ, беқувватӣ, илова бар ин сулфаи сахт ӯро азоб медод.Зоҳиран зери кӯрпаи барф, ӯро хунукӣ задаву гурдаҳояш низ сахт дард мекарданд. Дандон ба дандон монда , бо азобе аз дараи жарф ба боло,сӯи пайроҳа бо азобҳои зиёде боло мешуд. Ангуштони шахшӯл ва беқувваташ ба танаи хоросангу қайроқсангҳои сарди яхбаста мечаспиданд ва ӯ онҳоро маҳкам дошта бо тамоми қувват ба боло мехазид. Илова бар ин зонуи чапаш, ки варам карда дарди сахте ӯро фарогир буд , хазидани ӯро халалдор мекард. Дуруст дарк намуда буд, ки имрӯз агар ӯ боло баромадаву худро ба истгоҳ нарасонад, пас ҳақиқатан имшаб хоҳад мурд, ҳам аз гушнагӣ, ҳам аз хунукӣ ва ҳам дарди ҳама бадани ӯро фарогирифта. Аз ин рӯ барои зинда мондан кӯшиш мекард, аниқтараш ҷон меканд. Дар зери ин дараи жарф, ӯ барои ҳаёту мамот дар мубориза буд. Гоҳе чанд аз ҳуш рафт, лекин бо фосилаи ба худ омадан , бо дастони кафида ва хуншораш пораҳои сангҳои хороро дошта, хазида- хазида боло мебаромад.

Дар ин ҳолат ӯ ба шахсе, ки гӯё барои фатҳи қалъаи дастнорасе алайҳи душман камари ҳиммат бастааст, чун баҳодури афсонавӣ намоён мегашт. Гоҳе маъюсона нолиш мекард ва ангуштони аз зарбаи часпиши хорасангу қайроқсангҳо ва хунукӣ хуншоргаштаю харобу кафидаю кабудгаштаи худро ба даҳон бурда, бо пуфи даҳон гарм мекард ва дар чашмонаш ғаму андӯҳи зиёд ва хавотирӣ ба назар мерасид.

Дар чунин ҳолат бо либосҳои кӯҳнаву фарсудагаштаи худ, дар ҳолати қаҳру ғазаб ӯ ҷинояткореро ба хотир меовард, ки гӯё ҳукми қатлаш баромадаву акнун зӯр зада , аз зиндон раҳоӣ меҷӯяд ва симои ӯ дар ҳолати маъюсӣ ва бечорагӣ марди муҷримеро ба ёд меовард, ки барои халосии ҷони худ аз кунҷи қафаси ҳабсхона чора меҷӯяд. Танҳо нигораҳои дараи жарф, кӯшишҳои зиёд барои раҳои аз ин бунбаст ба хотираи инсон шабеҳаи муборизаи ҳастию марги инсонро дар ин дараи танг ба назар тасвир мекард. Ворис бошад бо тамоми ҷиддият ба дарди тану панҷаҳои дасту пойҳои варамида нигоҳ накарда, ба боло, зина ба зина, бо зӯрӣ ҳам бошад боло мебаромад. Ӯро андешаи дар ин дара мурдан ва ҷисмашро нӯши ҷон кардани зоғу заған ва ё ҳайвонҳои ваҳшӣ то андозае такон ҳам медод, лекин хотирашро чизи дигар, надидани завҷааш ва духтарчаи яксолааш Нилуи хурдакак сахт ба ташвиш меовард. Ҳама инсонҳо мирандаанд , вале мурдан аз мурдан фарқ дорад меандешид Ворис. Охир инсон ягона офаридаи худованд ҳаст ва марги ӯ низ аз марги ҳайвонҳои ваҳшӣ бояд фарқ кунад. Инсон бузургтарин махлуқи зиндаи офаридаи худовандист , балки мӯъҷизаи илоҳист ва аз ин рӯ бояд барои марги зебо, марги инсонӣ ва ё марги маданӣ талош кунад, нагузорад, ки ҷисми ӯ, ҷисми инсони бошуур тӯъмаи зоғу заған ва галлаи гургон гардад. Агарчанде, ки бо чунин тарз мурдан низ як қонуни нонавиштаи сарнавишти инсон ҳаст ва ё ба таври дигар , чунин марг ҳангоми таваллудаш дар қисматаш навишта шудааст, меандешид Ворис. Ба ҳар ҳол маргу қисмат дар андешаи инсон , дар кадом категорияи фалсафие набошанд, инсон бояд инсонвор андеша кунадва барои ҳаёти худ инсонвор дар набард бошад.Зиндагӣ пур аз тазод аст меандешид қаҳрамони мо.Баъди чанд бардору зан ва азобҳои алими охирон Ворис аз умқи дара ба боло, ба пайраҳа баромад ва худро болои пайраҳаи пурбарф бо дастони хуншор, бо ҷисми пурдард ва лабони аз гушнагӣ парсингбаста партофт.Ба осмони пур аз абрҳои сиёҳи аз кунҷи дара шамол оварда назар андӯхта дарёфт, ки ҳоло баъди чанде тӯфони бузурге дар инхомӯшистони кӯҳистон шурӯъ хоҳад гашт. Оҳиста-оҳиста таби ӯ баланд мешуд ва нороҳатию нотавонии зиёдеро дар бадан ҳис мекард.Дар ин хомӯшистонии танҳоӣ дилаш танг шуд ва худро инсони бекасу кӯйтарин лар олам донист.Қатраҳои ашк рухсораҳои ӯро мешусту мешуст. Ногаҳон қуввае ӯро такон дод вагӯё ин қувва ба ӯ мегуфт, ки «Ворис, ҳоло вақти истироҳат ва ашк рехтан нест. Бароизинда мондан ва ҳаёти пурсамари минбаъда мубориза бар ва роҳатро то манзили мақсуд давом деҳ!» Ворисро ин дам қуввате аз ғайб гӯё пайдо шуд ва ӯ дарди сару пою тафсу гуруснагии худро фаромӯш карда аз ҷой бархост. Дармони қуввату ғайрати худро ҷамъ намуда дар ин тундбоди ногаҳон пайдошуда , ба ҷониби болои дара, ба сӯи истгоҳи обуҳавосанҷӣ калавида-калавида роҳ пеш гирифт.

Тӯфону бурон торафт шиддатгирифта порчаҳои калони барфу яхро ба рӯяш мезаданд, боди нофармони зимистон ба рӯи ӯ зада , як эҳсоси нороҳаткунандаро ба вуҷуд меоварданд, лекин Ворис ҳамон аз пайроҳа набаромада калавида-калавида сӯи истгоҳи обу ҳавосанҷӣ роҳро наздик мекард. Илова бар ин барфи сафед тайи ин чанд рӯз нури чашмони ӯро гирифтаву аллакай як чашмашро кӯрӣ фаро гирифта буд, чашми росташро бошад аз таъсири шамолу сардӣ сӯзиши сахте фаро гирифтаву беист аз он об мерафт.

Инҷо, дар ин ҳолат Ворисро таҳаллука фаро мегирифт.Дар чунин ҳолат маҳрум мондан аз чашми дуюм метавонист, ки қаҳрамони моро аз расидан ба манзили ҳаёту мамоташ , истгоҳи обу ҳавосанҷӣ пурра маҳрум намуда, гирифтори марги пурфоҷиа ва пуразобе кунал, ки ӯ инро ҳатто барои душманаш низ орзӯ кардан намехост.

Аз ин рӯ ашки чашми росташро тез-тез пок карда, ҳангоми роҳравӣ кам-кам онро мепӯшид. Бо ин кораш мехост, киягона чашми бинояшро аз сафедии барф эмин нигоҳ дошта, онро дам дода, эҳтиёт намояд. Ин андешаи Ворис дар чунин ҳолат ва чунин вазъият дар ҳақиқат як андешаи воқеан мантиқан дуруст ва воқеъбинона буд.Қарибиҳои шом баъди бардору занозанҳо алакай Ворис ба наздикии бинои истгоҳи боду ҳавосанҷӣ расида буд. Акнун ҳамагӣ қадре роҳ то дами дари он монда буд. Муттаасифона аллакай чашми бинои Ворис ба кӯршавӣ шурӯъ оғоз намудаву Ворисро махсусан ин ҳолат , ҳатто аз марг низ дида зиёдтар ба даҳшат меовард. Аз ин рӯ дар равшании рӯз, барои охирин бор, ба роҳи рости ба сӯи истгоҳраванда назар меандохт, то онро дар ёд гирад ва дар ҳолати аз байн рафтани қувваи босира, бо ақл худро ба истгоҳ расонад. Баъди сад-дусад метр роҳ рафтан чашми рости Ворис низ аз бинои монд. То манзили мақсуд бошад , акнун тахминан 150 метр роҳ боқӣ мондаву илова бар ин шом даромадаву моҳи мунир аз паси абрҳо падид меомад. Чун ӯ ба роҳ диққат дода буд ва тахминан медонист, ки то кулба аз 150 метр зиёд нест, бо чӯбдасти дасташ роҳро санҷида-санҷида, оҳиста-оҳиста бо кӯрии чашм пеш мерафт. Илова бар ин муайян намудаву омӯхта буд, ки шамол аз қафо ба сӯи истгоҳ мевазад ва сари роҳи пайроҳа ба хоросангу барфу ях бархӯрда садои афтидану зарба задан ба ҷисми металлиро ба хотир меорад. Аз ин рӯ ӯ бо ин таҷрибаҳо , оҳиста-оҳиста ҳам бошад пеш мерафт.Баъди каме роҳ рафтан , ногаҳон ӯ аз ким куҷое садои нӯлаю уллоскашии гургонаеро ҳис кард. Гурге зоҳиран аз наздикиҳо уллос мекашид ва гургони дигар мисли оркестри симфонии филармония ба ин гург, ки шояд пешрави гургон ва ё модагурге буд ҳамовоз мегаштанд. Бо муҷарради шунидани овози галлаи гургон дар ин тангнои беодам ва баланд, ки умеде надошт, ки махлуқеро дучор ояд Ворис ба ваҳшат омад.

Даст ба дуо сӯи осмон бурд ва аз худо мадад ҷуст, то ҷисми абгори ӯро тӯъмаи гургони баднафас накунад. Уллоси гургон бошад даққиқа ба даққиқа зиёд мешуд. Уллоси дурушту даҳшатноки ин ҷонвар бо овози тӯфону бод ҳамроҳ гашта, як овози аҷибу даҳшатафкану ҳавлнокро ба вуҷуд меовард. Ворис бошад ҳамоно дар пайроҳа асо партофта бодиққат пеш мерафт. Медонист, ки аз пайроҳа баромадан бо ин чашмони нобиногашта, шиками гурусна ва ҷисми абгор, ин қосиди марги ӯ хоҳад буд. Аз ин рӯ хело бо эҳтиёт асо партофта, ба самти вазиши шамол, ки ӯро каме тела дода пеш мебурд ва гӯё шамол оҷизии фарзанди инсонро пайхас кардаву раҳмаш омада ба ӯ мадад мерасонд пеш мерафт. Дар чунин ҳолат қаҳрамони қиссаи мо гӯё охирҳои ҳаёташ омада бошад, тамоми эҳсоси равонии худро танҳо ба самти роҳи кулба, сӯи истгоҳ равона кардаву дигар ба чизе аҳамият намедод.

Метарсид, ки нақши роҳу дари даромади истгоҳро, ки охирин бор синҷакорона нигоҳ карда буд аз лавҳи хотираш набарорад. Дар қарибиҳои истгоҳ пояш ба харсанге бархӯрду ба пеш афтод ва аз зарбаи ба рӯяш расидаи яхпораи нӯгтез пешонааш кафида хуншор гашту чӯбдаст аз дасташ парида рафт. Илоҷе карда бо шарфаш хунрезии сарашро боз дошта, бо даст инсӯ он сӯро кофт, вале ҳайҳот дигар чӯбдасташро, ки ягона муттакову ёри мададрасонаш буд наёфт.

Худ бошад метарсид, ки аз роҳ набарояд, аз ин рӯ дастонашро ба ҳар ду тарафи пайроҳа, ки тахминан якуним метр меомаданд қулоч кашида кушода партофта, бо зонуҳояш раҳро нишон гирифта, пеш рафтан гирифт. Дар ин муддат овозҳои гуногуни нӯлакашии гургони гушна ба гӯш мерасиданд ва ин овозҳо ба эҳсоси қаҳрамони мо нохун мезаданд, ҳамзамон масъулияти ӯро барои расидан ба ҳадаф ва зинда мондан боло мебурданд.. Баъди чанде нохост сараш ба монеъае бархӯрда, аз ҷои шикастаи сараш хун боз ба ҷорӣ гаштан шурӯъ кард. Ҳадаҳа ҷои кафида сарашр бо шарфи пур аз хунаш маҳкам кард ва акнун ҷисми нимҷони ӯ дигар имони бо зонӯ роҳ рафтанро надошт ва ӯ дароз кашида ба хазидан шурӯъ кард. Чи илоҷ замин сахту осмон баланд меандешид Ворис! Ҳангоми хазидан сараш боз ба дигар монеа бархӯрд.Палмосида дид, маълум шуд, ки симтӯр будааст. Оре симтӯр!

Оҳ! чи гуна қаҳрамони азияткашида мо, тоҷики бечора Ворис аз ин бозёфташ хурсанд нашуд.......! Маълум мешавад, ки гирди истгоҳро симтӯр гирифта будаанд ва онро зери барфи симтӯрро пӯшида мушоҳида накарданам меандешид Ворис. Пас маълум мешавад, ки ман дуруст роҳро интихоб кардаву ба истгоҳ омадаам, шодӣ мекард ин инсони нимҷон. Ӯ симтурро чун як нишонаи соҳибэҳтиромиву бахту наҷоти худ дониста,онро маҳкам дошта , метарсид, ки онро сар диҳаду гум кунад!

Баъдан палмосида- палмосида симтӯрро дошта дарвозаро ёфт. Дарвозаи чӯбин зоҳиран мустаҳкам ва сахт буд ва илоҷи кушоданаш набуд. Ворис коре карда болои дарвоза баромад ва худро ба дарун ҳаво дод. Баъдан оҳиста-оҳиста пеш рафту ба девор бархӯрд. Ӯ акнун пурра ҳис кард, ки дар истгоҳи боду ҳавосанҷии дараи Пашмғар қарор дорад! Дарк мекард, ки ҷонаш аз маргу тӯъмаи гургони гурусна гаштан раҳо ёфтааст.

Дар ин миён овози нолаи гургон пуршиддат мегашт ва Ворис ҳис мекард, ки гургон дар наздикиҳо қарор доранд ва ақинан ӯро ба мушоҳида гирифтаанд. Палмосида-палмосида дари истгоҳро ёфт. Қулфи калони дар хело мустаҳкам буд ва кушодани ӯ хело заҳматталаб буд. Чанд бор тоб дод қулф аз ҷояш наҷунбид. Дар гирду пеш бошад чизе намеёфт, ки қулфро аз зулфайн канаду вориди истгоҳ шавад. Дар ҳамин ҳол уллосу ҳаракати гургон аллакай хело наздик аз гирди симтӯри девори истгоҳ ҳис мешуд.Омаданд! Ба даҳшат омад Ворис. Дар ин ҳангом дасташ ба тирезае бархӯрд. Барқосо ба хотираш расид, ки бо тиреза бояд даромад вагарна илоҷи дигаре нест.Дер хоҳад шуд.....!

Ӯ бо бозу ба шишаи тиреза зарбаи сахте зад, ки дарзамон шишаи тиреза фурӯ рафт.Даст карду аз дарун тирезаро кушод ва худро ҷонҳавла дохили бино зад. Баъдан даст карду наздаш курсию қуттии чӯбинеро ёфт ва онҳоро зуд ҷои шишаҳои шикастаи тиреза ҷой кард ва худ каме ҳам бошад ором гирифт.Галлаи гургон, ки аз қафои Ворис меомаданд ва дар равшании моҳи мунир ҳар як ҳаракати ӯро шоҳида мекарданд, аз қафои ӯ тохта, замони аз болои дарвоза худро ба даруни ҳавлии истгоҳ партофтанаш ба назди истгоҳ расида буданд. Акнун гирди истгоҳро гирифта илоҷе карда аз болои симтӯр ҷаста ба назди бино омаданд ва акнун дар ҷустуҷӯи луқмаи тайёри худ буданд. Беқаророна гирду атрофи девори бинои истгоҳ гашта, назди тиреза меомаданд, вале илоҷи даромадан наёфта, аз хашм нӯлаи шояд пурсӯзу гудози худро барои аз даст рафтани тӯъмаи хеш сар медоданд.

Ворис чун ҳис кард, ки гургони зиёде дар гирду пеш гашту гузор доранд ва акнун ба ӯ дастрасӣ карда наметавонанд, барои аввалин бор дар чандин вақтҳои охир ашк рехт, лекин ин ашк, ашки шодӣ буд. Ашки ғалаба дар набарди ҳаёту мамот. Дар набарди зинда мондан ва умед ба фардои саодатманд. Умед ба дидори аҳли оилаи хеш ва хешу табору ҳамватанон расидан. Умед ба ояндаи орому осудаю Тоҷикистони орому осоишта! Бори дигар ба худовандтаоллои лакбахш дуруд фиристод. Ба оҳистагӣ аз ин ҳуҷра ба ҳуҷраи дигар, ки мустаҳкам буд ва онҷо палмосида харакеро хушбахтона ёфт , худро рӯи харак партофт.

Баъди чунини фалокату машақатҳо ҷисми абгори Ворисро ба зуди хоб бурд.....

Чи қадар хоб рафт намедонад. Замоне шояд аз гуруснагии зиёду ташнагӣ, дарди сар бедор шуд, лекин хоб ӯро хело нерӯманд карда буд ва шаб рафтаву рӯз шуда буд. Ба чашмони нобино гашта , бӯи сабзавотро гирифта ба утоқе даромад. Аз бӯи хӯрока ҳис кард, ки онҷо ошхона будааст. Даст-даст карда онҷо боз ҳамон дармони чашмони хеш картошкаи хомеро ёфт! Аз ин бозёфт ӯ расо хурсанд шуд. Боз кофт , ҷое сабзию пиёзе ёфт ва чун чанд рӯз чизеро ба даҳон набурда буд ин сабзию пиёзро ба зуди нӯши ҷон кард.

Баъдан ба назди ҳуҷраи тирезаи онро шикаста омад ва барфҳои аз беруни тиреза рехтаро ҷамъ карду ташнагии худро шикаст. Баъди чанде картошкаро ду ним карду ба чашмони нобинои худ гузошту ба хоб рафт. Баъди чанд соате аниқтараш қарибиҳои бегоҳ бедор гашт. Чашмонаш пардаи нури шӯълаи барфу офтобро кашидаву бино гашта буданд.Боз ба сӯи офаридгори хеш дуруд фиристод.

Ворис акнун бинои истгоҳро дар ин бегоҳирӯзӣ аз назар гузаронид. Бино аз чанд ҳуҷра иборат буд.Ҳуҷраҳои корӣ ва истироҳатию ошхона. Тамоми шароити зисту зиндагонӣто радиои «Океан» ва китобхона аниқтараш ҷевони китобҳо бо китобҳои зиёд, хӯрду хурока бо сабзавоту консерваҳои гуногун барои зисти 5-6 нафар одам барои як сол басанда буд. Ворис беихтиёр симои хунгирифта ва буздилонаи ҳамсафаронашро ба хотир овард.Агар онҳо аз роҳ намегаштанд пас чунин азобҳои алимро ӯ намекашид ва онҳо метавонистанд зимистонро инҷо хуш гузаронанд ва бо ором гаштани вазъи кишвар ба водиҳо баргашта, зиндагии худро давом диҳанд меандешид Ворис.

Чи илоҷ одамон ҳар гунна андеша доранд ва ин интихоби онҳост. Барои ин набояд ғам хӯрд меандешид Ворис. Пасон чи тавре, ки мегӯянд: «Агар нону намак накашида бошад ба маконе рафта наметавонӣ», ки ин сухан сад фоиз дуруст аст.Ӯ ба зуди тирезаи шикастро бо фанер мехкӯб намуда, ҷои зисти худро ба тартиб даровард ва зиндагиро дар ин тангнои кӯҳистон ба роҳ монда ҳамчунин мушоҳидаҳои метероологиро низ ба роҳ мондаву ҳамарӯза онҳоро дар дафтарҳои қайдии истгоҳ ба қайд мегирифт.Инсон дар куҷое , дар кадом шароите, ки набошад бояд ба ҷомеъа нафъ расонида тавонад меандешид ӯ.Дар айни замон барои зистан, зинда мондан бояд боақлона, бо шуури инсонӣ мубориза бурд , то худованд туро ба дидори аҳлу байту файзу саодат бурда расонад.

Охирҳои моҳи июн Ворис ин истгоҳро баъди чанд моҳи зисту зиндагонӣ ҳамроҳ бо китобҳои қайди метероологӣ барои якумра тарк гуфт. Ӯ аз ин истгоҳ, ки сабаби зинда монданаш гашта буд сахт миннатдор буд. Баъди чанд рӯзе ӯ ба пойтахт омад ва китобҳои қайдии истгоҳро бо мушоҳидаҳои шаш моҳа ба Раёсати обуҳавосанҳии кишвар супорид. Асли воқеаро гуфта дод. Ҳикояи Ворис роҳбарияти раёсатро ба риққат овард ва ба ӯ таҳсину ташаккури зиёде гуфтаву барои фаъолияти минбаъдааш ба ӯро вазифаи ҳуқуқшиноси раёсатро пешниҳод карданд. Ӯ ҷавоби рад додаву андаке таваққуф намуда иброз дошт: Аввал аҳли оилаашро зиёрат карда аз дидори онҳо сер шавад. Дигар масъалаҳоеро , ки дар ин чанд моҳи набуданаш пайдо гаштаанд ҷо ба ҷо кунад, он гоҳҳатман ба раёсати азизаш ба кор бармегардад ва инҷо ҷои шубҳае низ нест.

Муҳимаш мактаби зиндагию мардонагӣ ва пиёда роҳи истгоҳи дурдасттаринро пеш гирифтан барои ман дарси зиндагӣ,талош барои ҳаёти хеш ва дидор бо аҳлу байти хеш, сабақи мубориза барои ҳастӣ ва аз ҳама муҳимаш дарси одамгарию ватанпарастиро омӯхт. Ин чизҳо аз ҳама зиёдтар дар ҳаёти одамон бояд мавқеъ дошта бошанд.

Муовини сардори Раёсати обу ҳавосанҷӣ Урунбой Кулулаевич Бобошеров бошад аз чи сабабе бошад, ки нӯки бинияш баъди ин суханҳои Ворис каме сурх шуда рафт…

Варқаи Зайниддин

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi