18:05:39 29-уми Ноябри 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

«АНГОРАҲОИ ТОҶИКӢ» - II

3. «Аз пайи таҳқиқи дашном»

Боре ҳангоми хизмат дар шаҳри Чорҷӯй мо панҷ - шаш нафар аскарбачаҳоро барои ёрии роҳи оҳанчиён ба истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Чорҷӯй фиристониданд. Дар истгоҳ мо ба роҳиоҳанчиён ёрдам дода, техникаи ҳарбиро мефуровардем. Дар гармои тобистон ногаҳон аз куҷое 10-12 нафар бачагони шӯх пайдо шуда, ба сӯи мо бо забонҳои русӣ, туркманӣ ва ӯзбакӣ ба дашноми модар шурӯъ карданд.

2 angoraho 22222Як нафар сарбози мо Сандуи молдаван онҳоро дӯғ зада, пеш кард. Ин кӯдакони шилқин баъди чанде баргашта, боз ба дашноми модар сар карданд. Акнун дар қатори дашномҳои русӣ ва туркмании онҳо ман бараъло дашноми тоҷикиро, ки аз тарафи як писарчаи тахминан даҳсола ба мо ҳавола карда мешуд, мешунидам. Росташро гӯям, аз ин дашном ман қадре ҳайрон гаштам, зеро агарчанде, ки замоне Чорҷӯй мулки Бухорои Шариф ва шаҳри тоҷикнишин буд, лекин бо мурури замон, бо гузашти чархи таърих ба қавле тоҷикон дар ин шаҳр бухор гашта буданд.

Аз ин рӯ, қарор додам, ки он писарчаро ҷеғ зада, истинтоқ кунам. Чун бо забони тоҷикӣ сухан оғоз карда, ин бачаро ҷеғ задам, ӯ аз шунидани забони тоҷикӣ қадре ҳайрон монда, ба сӯи ҳавлиҳои назди истгоҳи роҳи оҳан қарордошта, гурехта ба дарвозае даромада рафт.Ман бошам, оҳиста-оҳиста ба назди он дарвоза наздик шуда, оромона онро тақ-тақ задам. Баъди шунидани овоз вориди ҳавлии васеъи обзада, тоза ва озодае гаштам. Аз хона марду зани тахминан 45-50 сола ба пешвози ман баромаданд. Дар симои зебои онҳо ман ба зудӣ нури ошное, нури тоҷик будани онҳоро ҳис кардам, аз ин рӯ ба онҳо ба тоҷикӣ салом дода, ҳолу аҳвол пурсидам. Онҳо низ аз сарбози тоҷик будани ман дарак ёфта, мамнун гашта, маро ба болои кат гузарониданӣ шуданд, лекин ман ин даъвати онҳоро рад карда, танҳо мехостам, ки ба суолам ҷавоб гирам. Оё онҳо тоҷиканд ва агар ҳа, пас аз куҷоянд?

Ба суоли ман мард, ки худро Раҳимбой муаррифӣ намуда буд, ҷавоб гардонд, ки ӯ ва тамоми аҳли оилааш тоҷик буда, чандин пушт боз дар ин шаҳр зиндагӣ дошта, тоҷики бумианд. Дар кӯчаи онҳо низ оилаҳои зиёди тоҷикон зиста, забон ва урфу одати худро чун гавҳараки чашм нигоҳ медоштаанд ва аз тоҷик буданашон дар ин хоку бум сахт ифтихор доранд. Раҳимбой гумон дошт, ки ман тоҷики бухороӣ ҳастам, чун гуфтам, ки аз Душанбе, аз Тоҷикистонам гул-гул шукуфта маро беист ба нишастан таклиф менамуд, зеро он замон номи Душанбе барои ҳар як тоҷики берун аз Тоҷикистони азиз сахт муқаддас ҳисоб меёфт. Ман хоҳиши ӯро эҳтиромона рад намуда, иброз доштам, ки ман ҳамроҳи чанд нафар сарбоз дар истгоҳ машғули кор ҳастем. Раҳимбой маро гусел намуда, вақти хӯроки нисфирӯзии моро пурсид ва қафо баргашта ба хонааш рафт. Аз ин бозёфти худ ва аз он , ки решаи тоҷик дар Чорҷуй хушк нашудааст, беҳад шод гашта будам…

Соатҳои тахминан дувоздаҳи рӯз акнун корро қатъ намуда ба қисми ҳарбӣ барои хӯрокхӯрӣ рафтанӣ будем, ки ҳамин вақт акои Раҳимбой ҳамроҳи ду ҷавонписари тоҷикнамое ба назди мо расида омад. Дар дасти ҳар се бастаи дастархон буд. Маълум гашт, ки ӯ беасос аз ман вақти хӯрокхӯриамонро напурсидааст. Ӯ қариб як дег ош барои даҳ-дувоздаҳ нафар шахс бо ҳавсалаи том пухта, бо нуқлу навои зиёд ба хотири сарбози тоҷик, ба фикри ӯ «тоҷикбачаи душанбегӣ» оварда буд. Аскарбачаҳои русу молдаван ,украину белорус ва ӯзбаку қазоқ аз оши тоҷикӣ он рӯз нӯши ҷон карданд. Ба қавли Сандуи молдаванӣ ӯ дар умраш чунин хӯроки лазизро нахӯрда будааст. Ҳамагӣ аз мо тоҷикону анъанаи ҳурмату эҳтироми ҳамдигариямон ташаккур мекарданд.

Оре, ин ҷо муносибати Раҳимбойакаи чорҷӯиро танҳо бо ҷавонмардию тоҷикпарастию миллатдӯстияш метавон қиёс кард. Ӯ маро намешинохт. Бо як тасодуфе, ки ман вориди ҳавлии ӯ гаштам, ӯ ба хотири «тоҷикбачаи душанбегӣ», ҳаммилати хеш, бе оне, ки чизе гӯям, ё ӯ гӯяд ош пухта, рафиқони маро зиёфат дод. Барои ин дар ҳақиқат тоҷику миллатдӯст бояд буд!

 4. «Тоҷикон - миллати олиҷанобанд!»

Боре ҳамроҳи ҳамхизматҳоям Бурҳон Расулии ғозималикӣ ва Давлатмуроди хуталонӣ ба хизмати патрулӣ рафтем. Марзи назоратии мо истгоҳи роҳи оҳани Чорҷуйро дар бар мегирифт. Мо дар истгоҳ ба рафтуою тарзи либоспӯшии сарбозону афсарон назорат карда, гоҳ-гоҳ ҳуҷҷатҳои ҳарбиёнро тафтиш мекардем.

Поезди Тошкент-Москва дар истгоҳи Чорҷуй хело истод. Аз он сарбозони зиёде, ки дар бар формаи саҳроӣ доштанд, берун ҷаста, ба сӯйи яхоб тохтанд. Баъди обнӯшӣ онҳо ба мо вохӯрда, як ба як бо ҳам салом кардем.Ин бачаҳо аз хизмат, аз хоки Афғонистон баргашта буданд ва аз оне, ки тақдир онҳоро зинда мондаасту ба зодгоҳ, нази пайвандон бармегаштанд басо шоду мамнун буданд. Сӯҳбат бо онҳо хело тафсид. Сарбозони рус, украин, белорус, литвонӣ оид ба хизмат, ҷанги афғон бо ҳарорат сухан мекарданд. Дар омади сухан онҳо аз куҷо будани моро пурсида, чун фаҳмиданд, ки тоҷику тоҷикистонием, дарҳол эҳтироми худро нисбати мо нишон дода, дар бораи Мирзо ва Наим ном ҳамхизматҳои тоҷикбачаашону тарҷумони тоҷик самимӣ ва боҳарорат сухан ронда, яке аз сухани дигареро бурида иброз доштанд, ки тоҷикон миллати олиҷанобанд!

5. «Самуел ва тоҷикон»

Дар шаҳри Чорҷуй гоҳ-гоҳ ба дӯкони мӯзадӯзии Самуел ном яҳудии бухорӣ барои наъл задании мӯзаҳоям мерафтам. Ин яҳудии пир чун аз тоҷик будани ман дарак ёфт, нисбатам эҳтиромро қоил гашта, мӯзаҳои маро устокорона таъмир намуда, дар дӯконаш сари як пиёла чойи кабуд бо забони ноби тоҷикӣ суҳбатамон қӯр мегирифт.

  Мӯйсафеди пири ҳафтодсолаи яҳудӣ таърихи Осиёи Миёнаро хуб медонист ва нисбати миллати тоҷику забони ноби тоҷикӣ самимона сухан ронда, аз он фахр мекард, ки забони зебои тоҷикӣ, забони модарии яҳудиёни бухороист на забони дигар.

Шаҳри Душанберо зеботарин шаҳр ҳисобида иброз медошт, ки ин шаҳр шаҳри ганҷу шаҳд аст.

Шаҳрест, шаҳри арзонӣ, дар ягон ҷои Осиёи Марказӣ мисли ин шаҳр обу ҳаво, арзонӣ, серию пурӣ, зебоиро надидаам, изҳор медошт, ин мӯйсафеди яҳудии умраш ба ҷое рафта.

 6. «Манқурт ё тарсу?»

Ҳангоми хизмат вобаста ба пешвози ҷашни Инқилоби Ӯктабр дар Чорҷӯй, аз қисми ҳарбии мо дусад нафар сарбозони қоматбаландро(қад набояд аз 1 метру 85 см паст мешуд) интихобан барои тайёрии ҷашни парадгузарӣ дар иди ғалабаи Инқилоби Ӯктабр дар маркази округи ҳарбии Туркистон, шаҳри Тошкант ба шаҳри Самарқанд фиристониданд.

Дар шаҳри Самарқанд моро дар қисми чархболҳои ҳарбӣ ҷой намуда, аз охирҳои сентябр ба машқу тамрин, маршировкаи ҳарбӣ сар карданд. Баъди ҳар даҳ рӯзи машқ , бо қатора ба маркази округ, шаҳри Тошкент мерафтем ва чанд ҳазор нафар сарбозу техникаи пурииқтидори ҳарбӣ , шабона, ба қавле аз «репетитсияи генералӣ» мегузаштем.

Дар шаҳри Тошкент бештар аз 20 ҳазор нафар сарбозону афсарони қушунҳои гуногуни шӯравӣ дар майдони марказии ба номи Ленин машқу қадамзаниро анҷом дода, шабона, соатҳои чор ба воситаи қатора ба Самарқанд бармегаштем.

Боре ҳангоми озими Ташкент гаштанамон дар қатора, ман дар назди курсии наздик ба тиреза истода ба хондани ашъори мунтахаби устод Муъмин Қаноат машғул гаштам (китобро тағоҳоям Юсуфалишоҳу Рӯзбеҳшоҳ ки ба Чорҷӯй ба хабаргириям омада буданд ва медонистанд, ки ашъори устодро сахт мепарастам , ба ман чун савғо оварда буданд).

Сарбозони ҳамшафати ман дар роҳрави қатора гашту гузор мекарданд.Ногаҳон ҳис кардам, ки ким-кадом сарбоз ба китобхонии ман назорат дорад, ба қафо баргашта сарбози қоқинаи сиёҳҷурдаеро дидам. Рамуз гирифта ба сӯи ӯ нигоҳи ҷиддӣ партофтам. Сарбоз аз нигоҳи ман маъниеро дарёфт, ки иброз дошт, ки ӯ тоҷики таҳҷоист ва дар шаҳри Самарқанд хизматро давом дода истодааст. Ӯ кайҳо маро ба мушоҳида гирифта медонад, ки ман тоҷикам ва китоби шоири тоҷик Мӯъмин Қаноатро хонда истодам. Аз ин шиносоӣ бо ин сарбози тоҷик, ки номаш Икром буд, басо хушам омад ва ӯро ба нишастан таклиф намуда, ҳангоми сӯҳбат оид ба достонҳои Мӯъмин Қаноат, ашъори оташбори Лоҳутӣ ва Турсунзодаю Юсуфӣ ба ӯ маълумот додам.

Ҳарду бо лафзи ширини модарӣ, забони шаккарини тоҷикӣ сухан мекардем, ногаҳон ҳамхизматҳояш ӯзбакҳои ташкандӣ ва русҳо ба назди мо ҳозир шуданд. Ман онҳоро ба нишастан таклиф намуда, бо Икром муколамаро бо забони тоҷикӣ давом додам.

Икром дар замон чеҳрааш дигаргун шуда, рангаш канда буд!Ба суолҳои ман бо забонҳои русӣ ва ӯзбакӣ ҷавоб медод. Ман ҳайрон монда будам, суоли худро боз бурро, баландтар бо забони ноби тоҷикӣ такрор кардам, лекин ин «сарбозбачаи тоҷик» лаблабу барин суп-сурх гашта, ҳамоно бо ман бо ним ҷумла русӣ ва як ҷумла узбакӣ ҷавоб медод.Дар чашмони ӯ назди рафиқони ӯзбакаш алакай нишонаи тарсу ҳарос, шарм ва ҳиҷолатзадагиро дарёфтам!

              Мантиқан, ба зудӣ , бофаросат пай бурдам, ки ман бо авлодони яке аз ҳазорон тоҷики беномусе, ки соли табартақсими 1924, ба хотири хонаву ҷой, роҳати бештар, мансаб гирифтан, миллату ватанаш, ору номусашонро фурӯхтаанд, дучор гаштаам(гарчанде ин сарзамин баномусмардони зиёде низ дорад). Симои «манқурт» аз навиштаҳои устоди зиндаёд Чингиз Айтматов ва симои «тарсу» аз асарҳои Бартолд ба зудӣ пеши назарам падид омад. Аламам омад, хориям омад аз чунин тоҷику тоҷикписар, худро дошта натавонистам ва суханҳои қабеҳҳеро ба ӯ арзонӣ доштам.Мағал хест, сарбозони ӯзбаку руси тошкандӣ, ки тамоми ҳодисаро дарк намуда буданд, ба пуштам тап-тап заданд. Иброз доштанд, ки хуб кардӣ, касе, ки миллату забони худро эҳтиром намекунад ва зери ниқоби миллату забони дигар миллат пинҳон мешавад сазояш ҳамин аст!!!

7. «Тоҷик ё маҷор?»

Ҳангоми сафари хизматӣ дар авиаполки Самарқанд, баъди машқҳои зиёде дар харакҳои зери дарахтони майдони машқгоҳ ҳамроҳи ҳамхизматам Сафарбек истода гарм сӯҳбат доштем. Ногаҳон аз дур ду сарбози авиаполки Самарқанд бо ҳам баҳскунон ба назди мо омада худро муаррифӣ намуданд. Маълум гашт, ки онҳо бародарони дугоник Антон ва Николай аз шаҳри Киеви Украина буда, чун себи дукафон бо ҳам монанданд. Ин бародарон беист суол карда ба ҳам гап намедоданд. Ман онҳоро ором намуда, мақсади ташриф ва баҳсашонро пурсидам. Антон, ки нисбати Николай каме фарбеҳтар буд, иброз дошт, ки мо бародарон ду рӯз шумов ва рафиқатро назорат намуда, миллати моро муайян кардани шудаанд. Аз ин рӯ, бо ҳам шарт гузоштанд. Ман суол намудам, ки шарташонро гӯянд. Антон иброз дошт, ки онҳо то хизмат дар шаҳри Киев зиста, оид ба миллатҳои гуногуни дар Иттиҳоди Шӯравӣ сукунат дошта каму беш маълумот доштаанд. Ду рӯз пеш дар майдони машқ онҳо ману рафиқамро дидаанд. Чунин симо, тарҳи рӯй, лабу даҳонро онҳо дар дигар сарбозон мушоҳида накардаанд. Аз ин рӯ, байни ҳам дар бораи аз кадом миллат будани мо бо Николай баҳс намудаанд ва ӯ иброз доштааст, ки мо аз миллати маҷор (венгер) ҳастем, лекин Николай бошад, моро аз миллатҳои гуруҳи қафқозӣ муайян намуда, дари ин баҳс бо як зиёфат дар тарабхона бо ҳам шарт бастаанд.

Баъди каме фурсат ман бадоҳатан (дар асл бошад, тамоман бо шӯхӣ) иброз доштам, ки ман ва рафиқам ба ҳамон шарт миллатамонро мегӯем, ки онҳо шарти моро қабул фармоянд ва шарти худро, ки аз таклифи мо ба тарабхона буд, ба онҳо иброз доштам. Ҳарду дугоники украинӣ ба камоли майл таклифи моро қабул намуданд. Чун таваҷҷӯҳам ба Антони фарбеҳаки содданамо зиёд гашта буд, иброз доштем, ки миллати мо маҷор (венгер) ҳаст. Антон аз шунидани ҷавоби мо ҳуштак кашида ба рақс даромад. Лекин Николай аз ҷавоби мо шубҳа намуда, миллати моро пурсид, чун аз таърих дар бораи шоири маҷор Шандор Петефе ва аз варзиш дар бораи футболбоз Пушкаш медонистам, худро ба онҳо чун Шандор Пушкаш муаррифӣ намудам. Сафарбекро ба онҳо чун Ксевари Дуниковский (меъмори машҳури маҷор) муаррифӣ намудам, чун дар борааш дар китоби таърихи навтарини синфи 10 он вақт хонда будам. Оид ба суоли ҷои зистамон бошад чун медонистам, ки Украина бо Маҷористон ҳамсарҳад аст, худро аз шаҳри Ужгороди Украинаи Ғарбӣ муаррифӣ намудем. Аз ин ҷавобҳо Антон хело шод гашта, Николай маъюс гашта, худро таскин бахшиданӣ шуда, ба бародараш иброз медошт, ки аввал гумони ман низ нисбати онҳо чун маҷор буд. Ба ҳар ҳол бо дурӯғи мо Антон шартро аз бародараш бурид ва Николай моро ба самбӯсахӯрӣ таклиф кард.

  Бегоҳӣ, ба зудӣ бо баҳонаи сигорхарӣ аз дарвозаи қисми ҳарбӣ баромада, ба самбӯсахонаи наздикии қисм рафтем ва шикамсерӣ чун «мадёрҳои ҳақиқӣ»(венгерҳо) самбӯса хӯрдем. Он замон аз соддадилии ин дугоникҳо ҳайратам меафзуд (гарчанде, ки украинҳо оид ба содагии ҷавонони молдаван латифаҳо мебофтанд). Охир онҳо метавонистанд, ки аз мо билетҳои ҳарбиямонро пурсида, онҷо ба қайди миллат назар дӯзанд, лекин шояд монандии зиёд ба халқи мадёр ва дурӯғҳои ростмонанди ман онҳоро бовар кунонид, ки мо венгер ҳастем. Баъди чанд рӯз , мо ин дӯстони навамонро ба самбӯсахӯрӣ таклиф намудем ва дугоникҳои украинӣ бо камоли майл ин таклифи «дӯстони венгер»-и худро қабул намуданд. Ба онҳо дар охири зиёфат иброз доштем, ки «намакро бо намак бояд шуст», чун шумо барои мо зиёфат додед, мо низ шуморо зиёфат додем. Баъдан билетҳои ҳарбиро ба онҳо нишон додем. Ҳайрати Антон ва Николайро канор набуд. Онҳо фаҳмиданд, ки мо на маҷор, балки тоҷик будаем. Аз фиреби мо ва кашфиёти худ чун мардумшинос аз таҳти дил хандиданд. Антон бошад, иброз медошт, шумо тоҷикон он қадар ба маҷориҳо монандед, ки барои мо фурсати шубҳа кардан намонда буд.

Баъди ин воқеа дӯстии мо боз ҳам мустаҳкамтар шуд. ба Антон бошад зиёд шӯхӣ мекардем, ки як бори дигар шарт монад, то ба самбӯсахӯрӣ равем, ӯ бошад сар ҷунбонда сахт механдид.

Идома дорад...

                Варқаи Зайниддин,

                Узви ИЖ ҶТ, Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi