03:42:06 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Аз шолӣ то биринҷ − се қадам

Парвариш, ҷамъоварӣ ва то ба рӯйи дастурхон омадани маҳсулоти кишоварзӣ заҳмати зиёди инсонӣ ва истифодаи таҷҳизоти мухталифро тақозо мекунад. Пешрафти имрӯзаи илму техника то андозае кори деҳқонон ва соҳибкоронро осон кардааст.

birinj-sholi 11Мардуми тоҷик бо хӯроки «Оши палов»-аш маъруфи дунё шудааст. Табиист, ки дар ин кишвар биринҷ маҳсули сермасраф ба ҳисоб меравад. Маъмулан шолӣ дар минтақаҳои гарм ҳосили хуб медиҳад. Шаҳритус яке аз гармтарин ноҳияҳои Тоҷикистон ба шумор меравад ва макони муносиб барои шолипарварист.

Дар ҳамин замина Азамат Ҳаитов, раиси хоҷагии деҳқонии “Камолиддин”, соҳибкори маҳаллӣ тасмим мегирад, коргоҳи хурди коркарди шолиро ба роҳ монад, то ки ҳам кори шолипарварони ноҳия осон шавад ва ҳам маҳсулоти биринҷ дар ҳудуди ноҳия ва ноҳияҳои атрофи он фаровону арзон ва дастрас бошад.

Ин иқдоми Азамат Ҳаитовро Лоиҳаи "Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон" (LITAСA) дастгири карда, соли гузашта (2019) барояш дар ҳаҷми 35 587 доллари ИМА дастгоҳи коркарди шолиро таҳия мекунад. Дар коргоҳи мазкур ҳашт нафар, аз ҷумла чаҳор зан бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд.

birinj-sholi 22Хоҷагии деҳқонии «Камолиддин» дар зарфи як соли фаъолияташ то 20 тонна шолиро коркард карда биринҷи аълосифатро пешкаши мардум кард. Дар оғози кораш ӯ шолиро аз мардуми ноҳияи Шаҳритус харидорӣ мекард. Аммо пас аз равнақи кор, мардуми ноҳияҳои ҳамсояи Қубодиёну Носири Хусрав низ шолиҳояшонро барои коркард ба ин коргоҳ меоранд.

Қаблан мардуми ин минтақа биринҷро аз кишвари ҳамсояи Узбакистон ва ё аз бозорҳои марказии Тоҷикистон ба ноҳия ворид мекарданд, ки нархаш хеле гарон, аз 14 то 18 сомонӣ буд. Аммо бо оғози фаъолияти ин коргоҳи хурд нархи биринҷ дар бозори Шаҳритус то ба 10-12 сомони расид.

Дар айни замон мушкили ин коргоҳ танҳо бастабандии маҳсулоташ мебошад. У тасим гирифтааст тамғаи хоси худро дошта бошад,барои ин халтаҳои 10, 20 ва 30 кг. ба андозаи то 10 ҳазор дона таҳия карданист. Ба нақша гирифтааст, ки дар канори ин дастгоҳаш як дастгоҳи дигари бастубандии халтаҳои биринҷро фаъол кунад.

Мақсади аслии LITAСA беҳбуди сатҳи зиндагии мардуми минтақаҳои наздимарзии ду кишвар ба воситаи рушди соҳибкории байнимарзӣ мебошад. Таҷрибаи чунин соҳибкор нишон медиҳад, ки фаъолияти ҳадафманд ва бардавом дар як лоиҳаи занҷираи фаъолиятҳои дигарро ба вуҷуд оварда, тамоми қишрҳои ҷомеаи маҳаллиро фаро мегирад.

Шаҳноз Комилзода,

Душанбе-Шаҳритус



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi