13:35:46 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Марҳамат ба Фестивали тобистонаи Душанбе!

Он бо мақсади муаррифии пойтахт чун симои сайёҳии мамлакат роҳандозӣ мегардад

17 ва 18 август дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе Фестивали тобистонаи Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

navruzgohТавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, фестивали мазкур бо мақсади муаррифӣ намудани шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии мамлакат ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт роҳандозӣ мегардад.

Дар Фестивал барои сайругашти оилавии шаҳрвандон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад. Дар ин рӯзҳо тамоми тарабхонаҳои пойтахт таҳти унвони «Ғизои болаззат» хӯрок ва дигар маҳсулоти миллиро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.

Барои бачаҳо таҳти унвони «Шаҳри афсонаҳо» ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла, бо иштироки ҳунармандони театрҳои пойтахт намоишҳои мазҳакавӣ ва ҳазлу шухӣ пешниҳод гардида, баргузории барномаи фарҳангию фароғатӣ бо иштироки санъаткорони машҳури мамлакат дар назар дошта шудааст.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi