09:45:32 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28      

Ғанигардонии маҳсулоти озуқаворӣ дар Тоҷикистон бо кӯмаки ИМА

21 декабри соли 2017  мудири Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID) Кэтрин Кроуфорд, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, шахсони расмии Ҳукумат, намояндагони кишварҳои кӯмакрасон ва дигар доираҳои калидии манфиатдорро дар маросими бахшида ба ҷашни хотимаёбии лоиҳаи сесолаи «Дастгирии техникӣ барои коҳиш додани норасоии микроэлементҳои ғизоӣ дар Тоҷикистон» ҷамъ оварданд.  Ин лоиҳа аз тарафи USAID маблағгузорӣ карда шуд ва Алянси глобалй барои беҳдошти ғизо (GAIN) онро амалӣ намуд.

Local-Market-1140x684Аз оғози лоиҳа, дар соли 2015, як қатор кӯшишҳову талошҳо баҳри коҳиш додани норасоии микроэлементҳои ғизоӣ ва беҳтар кардани  саломатӣ ва ғизогирӣ равона шуданд. Тоҷикистон дорои нишондиҳандаҳои баланди нокифоятии микроэлементҳо аст, ки ба бадшавии вазъи саломатӣ оварда мерасонад ва боиси нуқсонҳои модарзодӣ мегардад. Аммо ба миқёси васеъ ғанӣ гардонидани маҳсулоти озуқаворӣ – илова кардани витаминҳо ва минералҳои муҳим ба маҳсулоти озуқавории умда, монанди орди гандум ва намак – як роҳи собитшуда ва сарфакоронаи ҳалли ин мушкилот мебошад.

Дар се соли охир дар доираи лоиҳа ба шарикони маҳаллӣ дар таҳияи барномаи миллӣ оиди ғанисозии орди гандум бо витаминҳо ва минералҳои лозимӣ кӯмак расонида шуд ва Тоҷикистон як қатор марҳилаҳои муҳимро дар ин самт сипарӣ намуд. Аз ҷумла: эҷоди системаи миллии муносиб барои ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оиди ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ; таҳияи қонунгузорӣ оиди ғанигардонии орди гандум; баҳодиҳӣ ва тадқиқот бо мақсади бунёд намудани махзани дониш оиди ғанисозии маҳсулоти хӯрокворӣ; тақдим намудани таҷҳизоти таълимию лабораторӣ барои ниҳодҳои танзимкунанда ва таъсиси аввалин он-лайн феҳристи миллӣ оиди нуқсонҳои модарзодӣ бо мақсади  пайгирӣ намудани таъсири иловаҳои ғизоӣ ба саломатии аҳолӣ. Дар маҷмӯъ ин чорабиниҳо барои беҳтар кардани вазъи саломатӣ ва ғизогирии аҳолӣ пойдевори асосиро гузоштанд. Чи тавре ки аз натиҷаҳои фаъолияти лоиҳа бармеояд, ҳар як долларе, ки барои ғанигардонии маҳсулоти озуқаворӣ масраф мегардад, ба андозаи нуҳ доллар фоида медиҳад ва, илова бар ин, нафъи зиёди иҷтимоию иқтисодиро барои Тоҷикистон низ бояд ба назар гирифт.

Лоиҳа шароитро барои он фароҳам овард, ки қариб 20 корхонаи истеҳсоли орд бо ғанигардонии орди гандум машғул шаванд, доир ба назорати сифат ва риояи талабот 50 корманди ниҳодҳои танзимкунанда омузонда шуданд ва 150 нафар мутахассиси омори тиббӣ доир ба дуруст омода ва пешниҳод намудани ҳисобот барои  феҳристи миллӣ оид ба нуқсонҳои модарзодӣ, таълим гирифтанд. Лоиҳа инчунин бо бахши соҳибкорию маориф ва, инчунин, васоити ахбори омма ҳамкориро ба роҳ монда буд.

Лоиҳаи «Дастгирии техникӣ барои коҳиш додани норасоии микроэлементҳои ғизоӣ дар Тоҷикистон» яке аз лоиҳаҳои сершумори мададрасон мебошад, ки амалисозии он бо кӯмаки мардуми Амрико тавассути USAID ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имконпазир гардид. Дар давоми 25 соли охир Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон маблағи беш аз 1,8 млрд. доллари ИМА-ро ба амалисозии барномаҳои дастгирии амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона кардааст.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi