23:26:21 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Барои бофароғат гузаронидани таътили зимистонаи фарзандон падару модарон масъуланд

Барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии  ҷумҳурӣ аз 1 то 31 январи соли 2017  таътили зимистона муқаррар гардидааст.

gulchehra-ghanieva-5487Дар шаҳри Душанбе бо мақсади бофароғат гузаронидани таътили зимистонаи  хонандагон чӣ тадбирҳо андешида шудаанд? Доир ба ин мавзӯъ хабарнигори мо бо Гулчеҳра Ғаниева, мудири шуъбаи таъминоти  методии Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамсуҳбат шуд.

- Нақшаи имсолаи чорабиниҳои Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар давраи таътили зимистонаи хонандагон кадом навгониҳоро дар бар гирифтааст?

- Нақшаи имсолаи чорабиниҳои Раёсати маорифи шаҳри Душанбе баҳри бофароғату пурмазмун ва хотирмон гузаштани давраи таътили зимистонаи хонандагон  дар мувофиқа бо кумитаҳои падару модарони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт   тарҳрезӣ гардидааст.

Тибқи нақшаи мазкур  ба тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт феҳристи китобҳои бадеӣ фиристонида шуд, ки  роҳбарони синф, омӯзгорони фаннӣ  ва волидайн вазифадор гардидаанд таҳти назорати онҳо хонандагон  ин китобҳоро хонда, таассуроти бардоштаашонро ба онҳо нақл кунанд.

Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе бо мақсади ҳавасманд гардонидани хонандагон ба хониши китоб дар рӯзҳои охири таътили зимистона гузаронидани озмуни шаҳрии «Китобхони беҳтарин»-ро ба нақша гирифтааст. Ғолибони он  бо туҳфаҳои сазовор  қадрдонӣ мегарданд.

Ҳангоми тарҳрезии нақшаи чорабиниҳои имсола кӯшиш намудем, ки хонандагони мо бештар ба мутолиаи китоб ҷалб гарданд ва бо ин мақсад дар китобхонаҳои пойтахт тамоми шароити хониш барои онҳо фароҳам оварда шудааст. Мутаассифона, ягона монеаи дар сатҳи баланд ва бофароғат гузаштани  таътили зимистонаи хонандагон ба таври бояду шояд ҳамкорӣ надоштани баъзе аз падару модарон  бо муассисаҳои таълимӣ ва фориғболии онҳо нисбат ба таълиму тарбияи фарзандонашон мебошад.

Баъзе аз онҳо дар бораи чӣ гуна гузаштани давраи таътили зимистонаи фарзандашон ягон чора намеандешанд, ки ин боиси оворагардиву вақтро беҳуда сарф намудани хонандагон мегардад. Барои шавқовару рангин гузаштани  таътили зимистонаи хонандагон танҳо масъулияти баланди падару модарон ва ҳамкории онҳо бо омӯзгорон лозим аст.

Ҳамчунин дар ин давра дар тамоми  муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт ба таври ройгон дарсҳои иловагӣ ташкил гардидаанд, ки дар онҳо хонандагон ба олимпиадаи фаннии  даври сеюм (шаҳрӣ)  омодагӣ  мегиранд. Хотиррасон менамоям, ки баҳри таъмини иштироки фаъолонаи хонандагон дар даври шаҳрии олимпиадаҳои фаннӣ дигар тадбирҳои судманд низ андешида шудаанд.

- Баъзе аз падару модарон барои дар вақти таҳсил, яъне аз ҳисоби дарс ба театру осорхона ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ рафтани фарзандҳояшон норозигӣ баён менамоянд. Шумо дар ин маврид  чӣ андеша доред?

- Дар ҳақиқат ин масъала вуҷуд дошт ва он борҳо аз ҷониби Раёсати маорифи шаҳр дар машварати омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мо низ муқобили онем, ки хонандагон аз ҳисоби дарс ба  тамошои театр ё дигар макони фарҳангӣ раванд. Бо ин мақсад роҳбарони  муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт вазифадор гардиданд, ки гузаронидани чунин чорабиниҳои фарҳангиро  дар рӯзҳои истироҳат, берун аз соатҳои дарсӣ  ва дар давраи таътил  ба роҳ монанд.

Ҳанӯз моҳи ноябри соли сипаришуда роҳбарияти Раёсати маорифи шаҳри Душанбе  бо муасисаҳои давлатии Театри давлатии академии  опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Театри давлатии академии  драмавии ба номи А.Лоҳутӣ, Театри давлатии   драмавии русии  ба номи Вл.Маяковский, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон  ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва  осорхонаҳо   ба мувофиқа расиданд, ки тамошои оммавии хонандагонро  аз ин муассисаҳои фарҳангӣ дар давраи таътили зимистона ташкил намоянд. Театрҳои мазкур тасмим гирифтаанд, ки барои тарбияи ахлоқиву маънавӣ намоишномаҳои махсусро барои хонандагони синфҳои болоӣ пешниҳод  намоянд.

- Баъзан волидайн ба маҳфилҳои варзишӣ ҷалб нагардидани фарзандҳояшонро аз пулакӣ  будан ва  нархи гарон доштани маҳфилҳои варзишӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр ва дигар  маҷмааҳои варзишии пойтахт сабаб пеш меоранд. То кадом андоза ин гуфта  воқеият дорад?

- Шояд солҳои пешин ҳодисаҳои ба иҷора гирифтани баъзе аз  толорҳои варзишии  муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт  ва дар ин замина ташкил намудани маҳфилҳои варзишии пулакӣ аз ҷониби  баъзе варзишгарон ба назар мерасид. Аммо дар айни ҳол дар ягон муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе маҳфилҳои варзишии пулакӣ амал намекунанд. Тамоми омӯзгорони варзиши муассисаҳои мазкур вазифадор гардидаанд, ки баҳри шавқовар гузаштани таътили зимистонаи хонандагон маҳфилҳо ва мусобиқаҳои шавқовари варзиширо байни хонандагон ба роҳ монанд ва ҳамаи онҳо ба таври ройгонанд.

Умуман тамоми роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт бо мақсади ҷалби хонандагон дар давраи таътили зимистона вазифадор гардидаанд, ки озмунҳои хурдро байни хонандагон таҳти унвонҳои «Офарин», «Кӣ чолоктар», «Қироати беҳтарин», «Рассоми беҳтарин» ва ғайраҳо гузаронанд.

Ҳамчунин дар ин давра Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, ки дар назди Раёсати маорифи шаҳри Душанбе фаъолият дорад, курсҳои ройгони омӯзиши кор бо компютер ва истифодаи тахтаи электрониро барои хонандагони синфҳои 7-11 ба роҳ мондааст. Инчунин хонандагони болаёқат метавонанд дар маҳфилҳои фаннии Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе дониши худро такмил диҳанд.

Барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт дар давраи таътили зимистона гузаронидани машваратҳои январии кормандони соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст. Дар онҳо масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва тарбияи ахлоқии хонандагон дар нимсолаи дуюми соли хониш мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

- Ташаккур барои суҳбат.

- Саломат бошед.

Мусоҳиб  Рухсора НУРОВА, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi