19:08:49 28-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Тақозои 18 соли зиндон барои "Шайх Темур"

Айбдоркунандаи давлатӣ ва ё додситони парвандаи Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба Шайх Темур аз додгоҳ хостааст, ин рӯҳониро бо гуноҳи тамаъҷӯӣ ба 18 соли зиндон маҳкум кунад.

shaykh-temur-98652145Муҳокимаи Саидмаҳдихон Сатторов маъруф ба "Шайх Темур" рӯзи 30-уми июн дар Боздоштгоҳи шумораи як аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон паси дарҳои баста идома ёфт. Мавлудхон Салихов, вакили мудофеи рӯҳонии 65-сола, ки ба ҷиноятҳои зиёде муттаҳам мешавад, дар сӯҳбати телефонӣ ба мо гуфт, “баромадҳо буд, айбдоркунандаи давлатӣ нисбати судшавандаи мо 18 сол пурсид.

Ин 18-солро бар асоси моддаи 250, яъне тамаъҷӯӣ пурсид ва баъд моддаҳои 164 (монеъ шудан ба таҳсили фарзандон), 243 (таҳқири ҷасади фавтидагон ва ё несту нобуд кардани гӯрҳо) 338 (ишғоли худсаронаи замин)-ро зам кард, ҳарчанд ин фактҳо собит аз пеш исботи худро ёфтанд ва бар асоси қонуни афви соли 2011 афв шудаанд. “

Шайх Темурро, ки ба гуфтаи мақомот даъвои пайғамбарӣ мекард, дар яке аз гӯристонҳои ноҳияи Шаҳринав, чандин қабрро вайрон карда ва барои падараш мақбараи бузургу боҳашате сохта ва замини мактаберо тасарруф кардааст. Ӯҳамчунин ба бисёрзанӣ муттаҳам мешавад.

Мавлудхон Салихов ба мо гуфт, ҷазое, ки додситони собиқадор Дилафрӯз Исмоилова барои Саидмаҳдихон Сатторов талаб кард, бисёр сахт аст ва ҳадди аксар ин рӯҳонӣ бояд бо супоридани ҷарима халос карда шавад. Ҳамроҳ бо Саидмаҳдихон Сатторов, як муриди 39-солаи ӯ Фузайл Низомов муҳокима мешавад, ки ӯро низ ба тамаъҷӯӣ муттаҳам кардаанд ва аз додгоҳ хостаанд, муриди Шайх Темурро ба 16 соли зиндон маҳкум намояд.

Мавлудхон Салихов мегӯяд, ки ба талаби 18-соли зиндон барои шахси зери ҳимояташ розӣ нест ва аз додгоҳ мехоҳад, ки ҷазои сабуктаре барои Саидмаҳдихон Сатторов таъйин кунад: “Шахсан аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ бинобар сабаби паст будани малакаи кориаш ҷазои ғайриқонунӣ таъйин кард ва ин барои худи иштирокчиёни муҳокимаи судӣ хандаовард шуд, ки собиқаи кори айбдоркунандаи давлатӣ зиёда аз 20 солро ташкил медиҳад, вале бинобар кадом сабабҳои номаълум, ҷазои вазнин талаб кард.”

Саидмаҳдихон Сатторов, сокини 65-солаи ноҳияи Турсунзода 16 феврали соли ҷорӣ бо дархости Додситонии кулл дастгир карданд. Саидмаҳдихон Сатторов 10 рӯз баъд аз пахши як филми мустанади нимсоатӣ дар бораи ӯ дастгир шуд, ки зоҳиран аз тарафи маъмурони амниятӣ наворбардорӣ шудааст.

Дар ин филм гуфта мешуд, рӯҳонии 65-сола 7 зан дорад ва соли 2012 номи худро дар ҳуҷҷатҳои расмиаш аз Темур ба Саидмаҳдихон иваз кардааст. Дар ин филм ровӣ мегӯяд: "Ӯ охири соли 2011 ва аввали соли 2012 худро "Имом Маҳдӣ", пайғамбари охируззамон эълон мекунад. Ва ҳатто исмашро аз Темурхон ба Саидмаҳдихон расмӣ месозад.”

Ба эътиқоди пайравони мазҳаби шиа Имом Маҳдӣ имоми дувоздаҳум буда аз насли пайғамбари ислом Муҳаммад аст ва ҳангоми омадани ӯқиёмат фаро мерасад.

Муаллифони филм "Шайх Темур"-ро як "қаллоби динӣ" номида мегуфтанд, ӯ ва муридонаш, ки саллаи кабуд мебастанд, тавонистаанд, садҳо нафарро ба доми фиреб андохта, барои худ аз ҳисоби мардум зиндагии пур аз нозу неъмат ва айшу ишрат дуруст кунанд. Дар ин филми мустанад зери унвони “Ривояти Шайх Темур” гуфта мешуд, Саидмаҳдихон Сатторов қисме аз замини мактаби деҳи Сангмелаи Мӯсоро ғасб карда ва барои як ҳамсараш хона сохтааст.

Ҳамчунин занеро дар филм нишон доданд, ки гӯиё ҳамсари Шайх Темур будааст ва ӯро баъдан бемори рӯҳӣ гуфта, ба тимористон (шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ) овардаанд. Дар як саҳнаи дигари филм дида мешуд, ки муридон ва ё пайравони Саидмаҳдихон Сатторов, барои пойандози ӯ кашмакаш мекунанд ва баъзе аз онҳо мошини ӯро мебӯсанд.

Саидмаҳдихон Сатторов, соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада ва дар овони ҷавониаш 2 сол зиндонӣ шудааст. Баъдан ба водии Ҳисор кӯч баста, дар деҳаи Асбоби ноҳияи Турсунзода зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи мақомот, ӯ дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор манзили зист ва зан доштааст. Баъзе аз эътиқодмандони Шайх Темур гуфтанд, ки иддаоҳо дар бораи ӯ тӯҳмат аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi