21:29:27 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 28 29 30
31            

Лимити шадиди барқ дар ноҳияҳо. Ҳамагӣ ним соат дар шабонарӯз

Ширкати "Барқи тоҷик" бо дарназардошти камобӣ дар обанбори Норак додани барқ ба аҳолиро дар шабонарӯз то ба 1 соат ва дар баъзе навоҳӣ ба нимсоат расонидааст. Вазъи мазкур мардуми деҳоти атроф ва навоҳии дурдастро ба мушкил ру ба рӯ кардааст.

limiti-barq 4589565656Навбатдори ширкати Барқи Тоҷик рӯзи 27-уми март бо тасдиқи ин хабар ба мо омили шадидтар шудани маҳдудияти интиқоли неруи барқ ба аҳолиро дар "сардии шадиди ҳаво дар ним моҳи ахир" гуфт, ки "аз кӯҳҳо ба дарёҳо об бениҳоят кам ҷорӣ шуд ва ин боиси ба ҳадди поён қарор гирифтани сатҳи оби обанбор шуда боиси кам шудани истеҳсоли барқ дар Норак гардидааст."

Навбатдор ё худ масъули телфони боварии ширкати Барқи тоҷик  мегӯяд, ки истеҳсоли барқ ба андозае кам шудааст, ки дар баъзе навоҳии дар шабонарӯз 1 соат ва дар баъзе минтақаҳо нимсоат барқ дода мешавад. Вай гуфт, ки дирӯз дар баъзе навоҳии вилояти Суғд умуман барқ набуд.

Мақмоти ширкати барқи тоҷик мегӯянд, ки ин як ҳолати мувақатӣ аст, ки бо гарм шудани ҳаво батраф хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки дар миёнаҳои моҳи март ширкати «Барқи тоҷик» бо фарорасии гармои андак аз коҳиши лимити барқ иттилоъ дода буд.

Ин ширкат гуфта буд, ки бо назардошти афзун шудани оби Обанбори Норак лимити кам карда шуд ва сокинони навоҳи низ инро тасдиқ мекарданд, ки ҳар шабонарӯз ба ҷои 6 соат то 14 соат барқ мегиранд. Вале ҳоло дубора сокинони навоҳии дурдаст шикоят мекунанд, ки ҳатто баробари андозаи лимити пешин барқ надоранд.

Самандар Сафаров, сокини ҷамоати Тагоби ноҳияи Варзоб мегӯяд, ки наздики як ҳафта мешавад рӯзона ва шабона барқ надоранд ва фақат рӯзи гузашта дар соати 6-30 барқ омадааст, ки баъди як ва ё якуним соат хомуш шудааст.

Сокини ноҳияи Спитамен, шимоли Тоҷикистон Ашӯр Сафолов мегӯяд, ки панҷ рӯзи ахир аслан телевизион тамошо накардаанд, чунки барқ надоранд. Вай мегӯяд, ки фақат саҳар хеле кам барқ дода мешаваду боз хомӯш мешавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi