00:48:26 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Гардишҳои пулхӯр ва роҳҳои судхӯр

Рӯзҳои ахир сару садоҳои мухталиф ва арзу шикояти ронандагон нисбат ба дурбинҳои насбгардидаи назоратӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва паст будани сифати роҳҳо дар пойтахт ба маротиб афзоиш ёфтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулини ниҳодҳои марбутаи Ҳукумати Тоҷикистон ҳадаф аз насб кардани дурбинҳои назоратиро, ки ҳудуди 22 миллион доллари амрикоӣ сарфу харҷ доштааст, табдил додани шаҳри Душанбе ба як "Шаҳри бехатар" унвон кардаанд.

1-kamera 111Дастандаркорони ин тарҳ ба мардум ва бавижа ронандагон тибқи қонун фармон додаанд, ки талаботи ҳаракат дар роҳро бояд риоя кунанд, вале дар ҳамин ҳол масъулини ин ниҳодҳо масъулияти худро дар қиболи ин уҳдадориҳо то ҳадде фаромӯш кардаанд. Ба гуфтаи масъулини ниҳодҳои марбута насб кардани дурбинҳои назоратӣ тибқи талаботи замон ва меъёрҳои аврупоӣ сурат гирифтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки маъоши миёнаи кишварҳои аврупоӣ 2000 евро ҳасту маоши ҳадди ақали тоҷикистониён даҳҳо маротиб кам.

Даромади буҷаи кишварҳои аврупоӣ аз ҳисоби маҳсулоти худӣ ҳасту наздик 60 дар сади даромади буҷаи кишвари мо аз ҳисоби муздуркории муҳоҷирони меҳнатӣ. Инчунин дар шаҳри Душанбе насб кардани чунин дурбинҳои назоратӣ ва аксар маврид дар фосилаи камтар аз 800-900 метр хелеҳоро нигарон карда, қисме аз ронандаҳо ба ин бовар тағйири фикр кардаанд, ки ҳадаф аз "Шаҳри бехатар" маҳз назорат кардани эшон асту ҳангоми қасдан ва ё иҷборан қоида вайрон кардани ҳаракат дар роҳ ситонидани пулҳои онҳо мебошад.

2-kamera 222Бо ин вуҷуд, гуфтан ба маврид аст, ки наздик ба 50 дар сади роҳҳои кӯчаву хиёбон ва паскӯчаҳои шаҳри Душанбе ба талаботи роҳҳои имрӯзаи кишварҳои Аврупо не, балки ба талаботи роҳҳои замони Шӯравӣ ҳам ҷавобгӯ намебошанд. Зеро аксар роҳҳои Душанбе солҳои 1970-80 сохта шудаанду он замон Душанберо барои ҳудуди чорсад ҳазор аҳолӣ ва як миқдори хеле ками нақлиёт бунёд кардаанд.

Вале дар ҳоли ҳозир аҳолии Душанбе ду баробар зиёд шудааст. Нақлиёти шахсӣ ва ҷамъиятӣ низ чандин баробар афзоиш ёфтааст. Ба иборати дигар, ин роҳҳои мавҷуда на ба талаботи шаҳри Душанбеи наздик ба як миллион аҳолидошта мувофиқат мекунанду на ба меъёрҳои роҳҳои кишварҳои аврупоӣ!

3-kamera 333Ба гуфти коршиносон ва ронандаҳои сершуморе, ки тақрибан ҳаррӯз аз ин мушкиле хеш ба редаксияи ҳафтанома ибрози назар мекунанд, Ҳукумати Тоҷикистон солона аз ҳисоби даромаду баромад, чанд намуди боҷпулиҳои нақлиёт ва дигар сарфу харҷи онҳо садҳо миллион сомонӣ фоида мегирад, вале дар баробар масъулияти худро дар назди мардум ва қонун ҳамон тавре, бояд бошад, иҷро намекунад.

Оддитарин чиз масъулини хадамоти таъмиру тармим ва назорати роҳҳо сари вақт хатҳои муайянкунанда ва фосилавии роҳҳоро намекашанд, то касе маҷбурашон накунад ва ё аз ҳамон роҳ ягон меҳмони олирутбае гузар накунад, хатҳо кашида намешаванд. Дар бораи тармими роҳҳои харобшуда бошад,ба хусус бӯришҳои хиёбонҳо ҷои баҳс нест. Гӯиё чашмони масъулин аслан ба харобаҳои онҳо намегузарад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки насб кардану мавриди истифода қарор гирифтани дурбинҳои назоратиро дар "Шаҳри бехатар" ҳудуди 135 рӯз шудаасту бинобар омори расмӣ дар ин муддат ҳукумати кишвар наздик ба 4 000000 (чор миллион) сомонӣ даромади соф ба даст овардааст.

4-kamera 444Ин даромади холис ва камзаҳмати Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле аз ронандагон ситонида шудааст, ки шояд дар аксар маврид ронандагон қасди вайрон кардани талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро надоштаанд, вале бинобар ҷурми иддае аз масъулини бемасъулият, ки сари вақт вазифаи худро анҷом надода, хатҳои фосилавӣ ва муайнкунандаи роҳҳоро накашидаанду баъзе камбудиҳои дигарро ислоҳ накардаанд, ронандагон нохудогоҳ иштибоҳ содир кардаанд.

Бар илова, дар мағзи чунин дурбинҳо сабт шудааст, ки новобаст аз вазъи роҳҳо бояд қоидавайронкунии ронандаҳоро аксбардорӣ кунанд. Яъне, агар дар роҳ тунба (пробка) ба вуҷуд омад, ё нақлиёте вайрон шуд ва барқ хомӯш гардиду тройлебус дар нимароҳ монду корманди БДА омада дигар нақлиётро бо заҳмат аз роҳи дигар-самти муқобил ё ҳангоми сурх будани чароғаки роҳнамо-раҳномоӣ кунад, тамоми қоидавайронкунандаҳо тибқи фармонҳои дар дурбинҳо насбгардида ҷарима мешаванд.

Ин чунин хатҳои сафеде, ки дар роҳҳои мошингард бояд кашида шаванду ронандаҳо бар пайи нишондоди онҳо ҳаракату таваққуф намоянд, ба истиснои роҳҳое, ки нав таъмир шудаанд, ё обшусташудаанд ва ё бо сабабҳои дигар аз байн рафтанд. Аксар маврид ин ҳолатҳоро дар буришҳои роҳҳо мушоҳида кардан мумкин аст.

5-kamera 555Барои мисол, буриши кӯчаҳои Рӯдакӣ-Бухоро, Рӯдакӣ-Айнӣ, Саъди Шерозӣ-Неъмат Қарабоев, Аҳмади Дониш-Титов (рӯ ба рӯи Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе) ва даҳҳо буришҳои дигарро метавон номбурд, ки хатҳои муайянкунандаи роҳҳо ба хусус дар буришҳо хирраву хӯрда ва ноаён шудаанду ба чашми ронанда намехӯранд.

Ҳамчунин, тавре аз варақаҳои ҷаримавӣ, ки акс ва замону макони қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нишон медиҳанд, маълум мегардад, ки гӯё дар асл дар хотираи дурбинҳо чунин хатҳоро ҷой додаанду ба таври худкор (автоматӣ) ҳангоми қоидавайронкунӣ нақлиётро аксбардорӣ мекунад. Агар чунин бошад оё ин фиреби рӯйи рост ва ғорати ошкорои як табақаи заҳматкаши ҷомеъа нест?

6-kamera 666Аз ин рӯ масъулини ниҳодҳои марбутаи Ҳукумат, ниҳодҳои махсуси хадамоти назоратии роҳҳо ва дигаронро зарур аст, ки сари вақт ин камбудиҳои зикргардидаро ислоҳ намоянд ва агар ин бемасъулиятӣ идома пайдо кунад, эҳтимол меравад хеле аз ронандаҳои ҷабрдида дар наздиктарин фурсат барои бекор кардани ҷаримаҳо ва бозпас гирифтани баъзе пулҳои беасос ҷаримашудаи худ ба Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ ва Додгоҳи олии Тоҷикистон дастҷамъона шикоят баранд ва он замон болои як идда аз масъулини бемасъулият бори гароне хоҳад уфтод. Мо гуфтем, шумо чӣ назар доред?

Амруллоҳи Низом, махсус барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №9, 05 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi