22:08:45 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Модарамро ёд кардам!

Мирзоҳусайни Бадалипур

Руҷӯи аввал: Нахуст сухан аз ду сарчашмаи асосии Ислом: Қуръон ва Суннат.

Қалби мо аз Ҳинду Руму Шом нест,

Марзу буми мо ба ҷуз Ислом нест.

Аз якоинӣ мусалмон зинда аст,

Пайкари миллат зи Қуръон зинда аст.

М. Иқбол

mirzohusayni-badalipur 4544Муқаддамтар ва муқаддастар аз Худои азза ва ҷалла ва каломи муборакаш Қуръони азимушшаън дар олам касеву чизе нест. Худованди пок дар ин китоби охирини худ инсонро он қадар ба эҳтироми волидайн амр фармудааст, ки фаротар аз гуфтори башарист.

Қуръони карим дар ояти 83-уми сураи "Бақара", ояти 36-уми сураи "Нисо", ояти 151-уми сураи "Анъом", оятҳои 23-24-уми сураи "Исро", ояти 8-уми сураи "Анкабут", ояти 14-уми сураи "Луқмон", ояти 15-уми сураи "Аҳқоф" ва оятҳои сураҳои дигари қуръонӣ инсонро ба иҷроиши амалҳои накӯ ва шоиста нисбат ба падару модар фаро мехонад. Каломуллоҳ падару модарро неъмати бузурги зиндагӣ барои мардум муаррифӣ мекунад ва шукргузориро дар баробари падару модар аз вазоифи муҳимми инсон ба ҳисоб меоварад.

Ҳар фарде, ки бо ҳикмату фалсафаи ин оятҳо ошноӣ дошта бошад, хуб мефаҳмад, ки Қуръон камтарин беэҳтиромӣ ва нофармониро дар баробари падару модар иҷозат надодааст ва чунонки аз мазмуни ояти 14-уми сураи "Луқмон" ва ояти 15-уми сураи "Аҳқоф" бармеояд, эҳтиром ва ҳақшиносии бештарро нисбат ба модар ба хотири ранҷу азобаш шурӯъ аз даврони ҳамл то ба таваллуд ва муддати ширдиҳӣӣ моҳ, яъне дуву ним сол), парваришу тарбияти минбаъдаи тифл, ташвишу изтиробҳои шабонарӯзиаш баҳри зиндагии хушу хуррам ва бе камукости фарзанд қоил аст.

Матни ояти карима аз сураи "Аҳқоф" чунин аст: "Одамиро ба некӣ кардан ба падару модараш амр кардем. Модараш ӯро бо душворӣ бардошт ва бо душворӣ таваллуд кард. Ва муддати ҳамл то аз шир бозгирифтанаш сӣ моҳ аст, то чун ба камол ва синни чиҳилсолагӣ расад, гӯяд: "Эй Парвардигори ман, ба ман илҳом намо, то шукри неъмате, ки бар ман ва бар падару модарам арзонӣ доштаӣ, ба ҷой орам! Коре шоиста бикунам, ки Ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони моро ба салоҳ овар! Ман ба Ту бозгаштам ва аз таслимшудагонам".

Ба Мустафо бирасон хешро, ки дин ҳама Ӯст,

Агар ба Ӯ нарасидӣ, тамом Бӯлаҳабист. М. Иқбол

Паёмбари гиромӣ(с), ки оварандаи Қуръон барои башарият аст, дар такя бар оятҳои қуръонӣ дар ҳадисҳои гуҳарбораш қадру манзалати модарро зиёд васф кардааст. Ин ҳадиси Ӯ(с) "Алҷаннату таҳта ақдоми-л-уммуҳот", яъне биҳишт дар зери қадамҳои модарон аст, вирди забони ҳамагон аст. Расули Худо(с) биҳишти аднро, ки Худованд барои муъминони воқеӣ ваъда кардааст, зери қадамҳои модарон гуфтааст. Албатта, биҳишт зери пои касе ва чизе нест, валекин ҳикмати ин ҳадиси Паёмбари Худо(с) дар даъвати инсон ба шинохти ҳақиқии қадри модар аст. Муҳаммад Иқбол шахсияти Расули акрам (с) ва ин гуфтаашро дар ҳаққи модарон чи қадар зебо ва дилнишин баён намудааст:

Он, ки нозад аз вуҷудаш коинот,

Зикри ӯ фармуд бо тибу салот.

Гуфт: "Он мақсуд ҳарфи кунфакон

Зери пои уммаҳот омад ҷинон".

Ҳофизи рамзи ухуват модарон

Қуввати Қуръону миллат модарон

Низоми Кошонӣ ин ҳадисро ба ин тарз ба назм даровардааст:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Талаби Пайғамбари акрам(с) оид ба ҳақшиносии бештар нисбат ба модар дар ҳадиси дигараш низ, ки бар пояи таълимоти Қуръон, бахусус он ду ояи карима, ки дар фавқ зикр кардем, арза шудааст, возеҳу рушан аст: "Шахсе назди Паёмбар (с) омаду гуфт: - Ҳаққи аз ҳама бештар бар ман кӣ дорад? Паёмбар (с) гуфтанд:- Модарат. Пурсид. Боз кӣ? Гуфт: -Модарат. Гуфт: Боз кӣ? Гуфт: -Модарат. Бори чаҳорум пурсид: -Боз кӣ? Паёмбар(с) гуфтанд: -Падарат".

Ҳадисшиносон ва донишмандони исломӣ дар тафсири ин ҳадис ҳикмати се бор бар забон овардани номи модарро аз тарафи Паёмбари акрам (с) дар арҷгузорӣ ва қадршиносӣ бар баёни се заҳмате, ки Қуръони карим бар модар дар ба дунё овардан ва парваришу тарбияти фарзанд арза медорад ва дар онҳо падар шарик нест, яъне ранҷи ҳомиладорӣ, ранҷи таваллуд ва ранҷи ширхорагӣ, маънидод кардаанд.

Руҷӯи дуюм: Дар адабиёти форсу тоҷик шоирони зиёде аз қадим то ба имрӯз дар марги модари худ марсияҳои ҷонгудозе гуфтаанд, валек барои ман ин рубоии Амир Хусрави Деҳлавӣ катибае дар сувайдои дили зорам аст:

Эй модар, агар дастрасӣ доштаме,

Санги сияҳ аз гӯри ту бардоштаме.

Худро гилу хоки тира пиндоштаме,

Танҳот ба зери хок нагзоштаме.

Чӣ гӯям? Модари азизамро хеле барвақт аз даст додам. Марг ӯро дар ҳоле аз ман рабуд, ки донишҷӯйи курси дуюм будам. Дунёи рушан ба назарам торик гашт, ?авову ҳавасам мурд, зиндагӣ бароям якранг шуд. Дигар ҳар бор, ки рӯзҳои шанбе ба хона мерафтам, модари чашминтизорам дами дар набуд. Аз он рӯз то ба имрӯз ҳар бор, ки ба ҳавлии падар меравам, раҳораҳ хаёли ширине маро фаро мегирад: "Модарам пушти дар аст"!

Вале дареғ, ин ҳама ба ҷуз хобу хаёл чизи дигаре нест. Ба гуфти устод Лоиқ:

Ту дигар ба пешвозам дами дар намебароӣ,

Ту дигар ба лаҳҷаи худ бари ман намесароӣ.

Писари азизам омад…

Аз марги модарам сӣ сол гузашт, вале то ба ҳол ба назарам ман ҳамон донишҷӯйи курси дуюмам ва модари азизам дар рӯйи ҳавлиямон чашм ба интизори роҳи ман… Аҷоибот он аст, ки баъди як соли вафоташ дар сари мазораш дарахти дулонаяке сабз шуд. Атрофи мазорашро панҷара гирифтам, то он дарахт сабзиш ёбад ва аз газанди рӯзгор эмин монад. Имрӯзҳо он дулонаяк дарахти азиме шудааст. Дарахте, ки аз оби чашмам руст ва аз дарду андӯҳам реша давонд, аз орзуву ормонам шоху панҷа намуд ва мева ҳам бор овард. Ба тасвири устод Бозор Собир:

Дарахти сада шуд дар пушта модар,

Дарахте қиссаҳо мебофад аз бод...

Гоҳо сахт дилгир мешавам, хаёлам ба даврони кӯдакӣ ва айёми ҷавонии бо модар пуштисаркардаам равона мегардад, ҳаловату роҳати домони модар, нозҳои кӯдакиям ёдам меоянд ва ҳасрати лаззату ширинии он рӯзҳои шаккаррез вуҷудамро об мекунад. Гоҳо гушна монам, хумори шакароби назди дегдони модарам мегирад, ки баъд аз пухтани хамири нонаш тайёр мекард.

То ҳол хӯроке болаззаттар аз он нахӯрдаам. На, на, он ҳама лаззоти зиндагӣ аз файзу баракати модари меҳрубонам буд, ки ҳама чиз ба назарам ширину гуворо менамуд, ҳатто як хӯроки оддӣ аз нону оби гарм ва намаку қаламфур. Гоҳо кӯдаке ҳастам гушна монда, дар назди оташдони модар ва интизори шакароби нарму гарми ӯям. Дар ин лаҳазот байти зерини устод Сайёд Ғаффор диламро гиреҳ медиҳад:

Бо лахчаи ситора пухтаст нони маҳтоб,

Ман гушна мондам оча, бедор шав ту аз хоб...

Ба қавли устод Лоиқ: "Марги ту оғози пирии ман аст". Ба Худо ки рост аст. Ҳарчандки умр рафт, дарду ғами модар нарафт ва баръакс зиёд шуд. Чанд вақт буд, ки барои модар чизе нанавишта будам, валек порсол дар як барномаи телевизионӣ занеро намоиш доданд, ки аз танӯр нони гарм мебаровард. Оҳ, чӣ қадар монанд буд ба модари азизам: чеҳрааш, ҳаракатҳояш, шишту хезаш, суханонаш, ҳатто нонҳои пухтааш. Дар ҳоле ки гиря гулӯгирам карда буд ва оби чашмонаш мерехт, ин рубоиро эҷод кардам:

Ёдам омад нони танӯри модар,

Ҳам фотиҳаву рӯйӣ банури модар.

Не нони танӯр монду не модари ҷон,

Ман фотиҳахон шудам ба гӯри модар.

Гоҳо ба зиёрати мазораш меравам. Хонаи зисти падарӣ аз шаҳри Душанбе он қадар ҳам дур нест. Ҳамагӣ ним соат роҳ, яъне щаҳраки Лолагии ноҳияи Файзобод. Дар як теппаи хеле аз деҳа дур мазори хоксори модари ҷонам ва чанд нафари дигар аст. Баъдтар гуристониро аз барои дурӣ ба деҳа наздик оварданд. Мо ин оромгоҳро "гӯристони ғарибон" меномем. Бале. модарам, ки дар дунё ғариб буд, манзили охираташ низ ғариб аст. Ҳар гоҳ ки ба ин макон меравам, боз ҳамонам, ки ҳамон… донишҷӯйи курси дуюм ва модарам дар рубарӯям дар гуфтугӯ. Беихтиёр ин мисраи устод Лоиқ ёдам меояд: "Гӯри ту гӯри тапишҳо, гӯри ту гӯри Дил аст". Лаҳзаҳои гуногуни ҳаёту рӯзгори он ҳабиби зиндагиям дар зеҳнам муҷассам аст ва охирин шеъре, ки барояш иншо кардам, чанд мисрааш чунин аст:

…Ҳанӯз аловхонааш

                 бӯи шири пухта мекунад

Ва модарам ба рӯи ҳавлиям

                       ба товасанги худ

Туту қанд кӯфта мекунад…

Ба ёди ин ҳама хаёлу хоб

Вуҷуди хастаам

дарунӣ сӯхта мекунад…

Ин шеъргуна, ки қариб 10-20 сол пеш эҷод шудааст, аввалин маротиба ба хонандагони арҷманди рӯзномаи "Рӯзгор" пешкаш мегардад:

Эъҷози меҳр

Аё модар, ба номи туст оғозе, ки ман дорам,

Зи хайри ҳар дуои туст парвозе, ки ман дорам.

Ба ёдат гар намозе оварам, эй қиблаи уммед,

Туйӣ, танҳо фақат ту, маҳрами розе, ки ман дорам.

Зи файзободи рӯзи зиндагият ваҳ чи хуш будам,

Зи меҳрат сабз гашта ҳар чи эъҷозе, ки ман дорам.

Чунон танҳо зи баъди марги ҷонсӯзи ту ман мондам,

Кӣ бардорад дигар, кӣ шеваву нозе, ки ман дорам?

Чи ҳайронам миёни чор ғамдевори ин дунё,

Набишнида касе фарёду овозе, ки ман дорам.

Ҳамехонад суруди аллаатро бо дилам якҷо,

Кунун Хумбобрӯди мулки Дарвозе, ки ман дорам.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №9, 05 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi