11:50:40 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Дар заминларза 363 хона вайрон шудааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асари 3 заминҷунбии як шабонарӯзи охир, дар ноҳияи Ваҳдат 104 хона пурра ва 259 хона қисман валангор гардидаанд.

zaminlarza-458596Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 11-уми ноябр ба мо гуфт, ки дар заминҷунбии соати 10-15 дақиқаи рӯзи 10-уми ноябр дар 11 деҳаи ҷамоатҳои Карим Исмоил, Раҷаб Исмоил, Бозорбой Буронов ва Чорсӯи шаҳри Ваҳдат 104 хона пурра ва 259 хонаи дигар қисман валангор шудаанд. Вале ба гуфти Нозимов, дар ду заминҷунбии дигар, соати 17-03 дақиқаи рӯзи 10-уми ноябр ва соати 7-05 дақиқаи рӯзи 11-уми ноябр хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

Ба гуфти Ориф Нозимов, дар ҳарсе заминҷунбии яашабонарӯзи охир хисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Феълан бо роҳбарии Оқил Оқилов, нахуствазири кишвар як коммиссияи корӣ барои бартараф кардани хисороти ҳодиса ва расонидани кӯмакҳои аввалия барои зарардидагони зилзила ташкил шудааст. Ба гуфтаи манбаъ комиссияи корӣ оқибатҳои ҳодисаро тафтиш дорад ва хисороти молии ин ҳодиса муайян карда мешавад.

3 зилзила дар як шабонарӯз

Маркази зилзилашиносии ҷумҳуриявӣ заминларзаи соати 7-05 дақиқаи рӯзи 11-уми ноябрро 3,9 балл ва марказашро 26 километрии ҷанубу шарқии Душанбе гуфтааст. Ин сеюмин зилзила дар як шабонарӯзи охир аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон рух медиҳад. Аз ҳама зилзилаи сахте, ки рӯзи 10-уми ноябр ба қайд гирифта шуд, марказаш дар 26 километрии ҷанубу шарқии Душанбе аст, ки дар марказаш 5,1 бал будааст.

Бар асари заминларзаи субҳи якшанбе деворҳои чанде аз манзилҳои истиқоматии рустои Чаманзори ноҳияи Ёвон кафида, сақф(потолок)-и як хонаи дигар қисман фурӯ рафтааст.

Хабарнигори мо, ки дар лаҳзаи заминларза дар рустои Чаманзор, воқеъ дар ҳамагӣ 5-километрии Султонобод қарор дошт, мегӯяд, заминларза хеле кӯтоҳ буд, ҳадди аксар ним дақиқа, вале "бо чунон шиддат, ки ҳатто шиферҳо дар боми хонаҳо овоз бароварданд." Ба гуфтаи хабарнигори Озодӣ, дар Чаманзор, ки аз Султонобод- маркази заминларзаи субҳи 10-уми ноябр ҳамагӣ 5 километр дур будааст, деворҳои чанд хона, асосан хонаҳои гилие, ки деворҳояш бидуни пойдевор (фундамент)-и сементӣ сохта шудаанд, кафиданд.

Деворҳои чанде аз биноҳо дар зилзилаи рӯзи 10-уми ноябр осеб диданд. Дар акс девори масҷиди деҳаи Чаманзор. Аммо ба гуфтаи ин манбаъ, дар натиҷаи ин офат каме масҷиди русто осеб дида, деворҳои гилиаш ҷағидаанд. Як сокини дигари Чаманзор аз фурӯ рафтани як қисми сақфи хонааш хабар додааст.

Хабарнигорони мо аз қавли сокинони рустоҳои ҷамоати Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ, воқеъ дар 26-километрии ҷанубу шарқи Душанбе, аз тахриби чанд манзил дар ин ҷамоат бар асари заминларзаи субҳи якшанбе хабар медиҳад. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, деворҳои дастикам ду манзил дар рустои Анҷири ҷамоати Султонобод фурӯ рехта, аз осеб дидани манзилҳо дар рустои Тулкии ин ҷамоат низ гузориш мерасад. Ҳанӯз маълум нест, ки оё дар ин офати табиӣ дар ин ду рустои воқеъ дар маркази заминларзаи субҳи якшанбе фақат хонаҳои гилин осеб дидаанд ё хайр.

Наргис Нурова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба мо гуфт, то ин лаҳза дар бораи кадом хисороти  ҷонӣ ё молии заминларзаи субҳи 10 ноябр ба онҳо расман гузориш нашудааст. Вале ӯ афзуд, ниҳодҳои фавқулодда барои омӯзиши вазъ дар маркази заминларза, яъне деҳоти ҷамоати Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ, сафарбар шудаанд ва ба зудӣ бояд дар бораи осеби расида дар натиҷаи ин офати табиӣ гузориши дақиқтар бидиҳанд.

Хабарнигори мо мегӯяд, заминларза ҳарчанд кӯтоҳ буд, вале тамоми дару девор ва ашёҳои рӯзгор, бо шумули ҷевону яхдони мардумро ларзонд. Ӯ мегӯяд, мардум билофосила ва бо талвоса ба берун рехтанд ва то хеле муддати дигар, ҳатто баъди онки заминларза таскин ёфт, ҷуръати баргаштан ба хонаҳои худро намекарданд. Ҳамчунин аз куҳу ҷариҳо афтиши сангу кулух мушоҳида шудааст.

Заимнларзаи шадид соати 10:16 дақиқа ба вақти Душанбе Тоҷикистонро такон дод. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ки маркази зилзила дар минтақаи Султонобод, 20-километрии ҷанубу шарқи пойтахт воқеъ буда, шиддати зилзила дар марказаш, тибқи ҷадвали Рихтер, то ба 5 балл расида, дар шаҳри Душанбе 4 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст.

Аммо Хадамоти геологии Амрико дар иттилоияаш маркази ин заминларзаро 21-километрии ҷанубу шарқи Душанбе ва шиддаташро 5,2 балл баровард кардааст. Ба ҳисоби ин ниҳод, замин дар умқи 17,8 километр ларзидааст. Пажӯҳишгоҳи зилзиланигории Тоҷикистон, тибқи ҷадвали MSK-64, ки кишварҳои пасошӯравӣ истифода мебаранд, шиддати заминларзаи имрӯзаро 5,1 балл ва дар пойтахт ҳудуди 4 балл баровард мекунад.

Қаламрави Тоҷикистон аз минтақаҳои зилзилахези сайёра ба шумор рафта, ҳар сол дар ин қаламрав то 3000 заминларза сабт мешавад. Шиддати аксари ин офоти табиӣ ба андозае заиф аст, ки танҳо дастгоҳҳои вижаи зилзиланигорӣ эҳсосаш мекунанд. Вале ҳамзамон ҳар сол дар ин ҳудуд даҳҳо заминларзаи шадид низ сабт мешавад.

Дар соли 1949 чунин як заминларза боиси ба замин яксон шудани чанд рустои дараи Ҳоити ноҳияи Рашт, воқеъ дар тақрибан 200-километрии шарқи Тоҷикистон шуда буд. Соли 1989 як заминларзаи дигар як бораи  кӯҳро болои рустоҳои Шарораву Оқулии поёни ноҳияи Ҳисор шуда, даҳҳо кушта ба ҷо гузошт.

Як зилзилаи дигар дар тобистони соли 2008 дар ноҳияи Рашт 158 манзил ва чандин пулу иншооти иҷтимоиро хароб карда, ба ин минтақа ба маблағи 11 миллион сомонӣ, ё 2,3 миллион доллар зиён овард. Дар соли 2010 заминларза дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон 60 манзилу 4 мактаб ва 7 бинои маъмуриро тақрибан пурра ва то 500 манзили дигарро қисман хароб кард. Заминларзаи рӯзи 13 майи соли 2012 дар Тавилдара 90 манзилро пурра ва 70 манзили дигарро қисман тахриб кард. Ҷамъи хисороти ин офати тибаӣ 7,2 миллион сомнӣ, ё тақрибан 1,5 миллион доллар баровард шуда буд.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
-1 #1 RE: Дар заминларза 363 хона вайрон шудаастGuest 11.11.2013 16:22
Хабарнигори мо, ки дар лаҳзаи заминларза дар рустои Чаманзор, воқеъ дар ҳамагӣ 5-километрии Султонобод қарор дошт, мегӯяд, заминларза хеле кӯтоҳ буд, ҳадди аксар ним дақиқа!
Ин хабарнигори шумо маст буд, ё ҳушёр?
Умуман шумо илм гуфтанӣ чизро медонед? Агар заминҷунбӣ ним дақиқа давом кунад, медонед чӣ мешавад??? Заминҷунбӣ чанд сония давом мекунад! Афтершок-метаво над давом кунад! Илтимос, каме илм хонед!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi