ЧАРО ИДИ САЪИДИ ФИТР ТАЪХИР ШУД?
Ҳамду сано Худовандро ки барои имтиҳону поксозии бандагонаш васоилеро вазъ кардааст, ки онҳо бо истифода аз чунин васоил метавонанд дар худ тақвову камолоти инсониро парвариш дода, дар пешгоҳи офарандаи худ изҳори бандагӣ намуда соҳиби мукофоту подошҳои азиме шавад.
Яке аз чунин васоил рӯзаи моҳи Рамозон аст, ки бо тавфиқу мадади Худовандӣ имсол мусалмонҳои кишварамон дар фазои хеле хуб ва бидуни ҳеҷ гуна монеа ва ихлол, аз тарафи касе онро хуб истиқбол намуда ба анҷом расонданд. Таровеҳу қиёми шаб ва хатми Қуръони карим дар ҳамаи масоҷиди ҷумҳурӣ ба шакли хеле хуб баргузор гардид ва ҳатто то гузаштани посе аз шаб садои тиловат ва хатми Қуръони карим дар атрофи масҷидҳо шунида мешуд, ки бешак он фазои кишварамонро руҳонӣ карда буд.
Барои ин неъмати Худовандӣ бояд шукргузор бошем ва бояд бидонем, ки ҳамаи ин корҳои хайр дар шароити амнияту оромӣ ба сомон мерасад ва Худовандро шукргузорем, ки имрӯз кишварамон аз ин неъмати илоҳӣ бархурдор аст.
Мусалмонҳо дар сартосари дунё баъд аз анҷоми моҳи Рамазон рӯзи аввали моҳи Шавволро ба ҳайси рӯзи иди Фитр, яке аз рӯзҳои иду хурсандии мусалмонҳо ҷашн мегиранд ва онро бо адо кардани ду ракаъат намози иди Фитр оғоз мекунанд.
Рӯзи якшанбе мутобиқ бо 20-сентябр дар сартосари дунё ин рӯзи саъид ҷашн гирифта шуд ва мусалмонҳо аз Индонезия гирифта то Марокаш дар ҳамин рӯз намози иди Фитр адо намуданд, вале дар Тоҷикистони мо мусалмонҳо дар ин рӯз рӯзадор буданд. Чаро ин тавр шуд? Оё имкон надошт, ки мо ҳам ба ин ҷамъи азими мусалмонҳо пайваста ҳамроҳи дигар мусалмонҳои дунё дар ҳамин рӯз ид мекардем ва танҳо намемондем? Оё ин имконпазир набуд?
Дуруст аст, ки маъмулан дар мо аз рӯи тақвим рӯза мегиранд ва аз рӯи тақвим ид мекунанд, ки ин кор хилофи суннати набавӣ ва роҳнамоии он ҳазрат мебошад. То имрӯз дар миёни мо мусалмонҳо 29 рӯз рӯза доштан чизи аҷибу ғариб ва ғайри қобили қабул маълум мешавад, дар ҳоле, ки Ибни Масъуд (р) гуфтаанд: "мо дар ҳаёти Расули акрам (с) бештар 29 рӯз мегирифтем ва 30 рӯз рӯза доштани мо хеле кам воқеъ шуда буд".
Бинобар ин бояд ин қолаб шикаста шавад ва тибқи суннати набавӣ бояд амал кард, зеро масъалаи рӯза доштан ва ид кардан масъали хеле муҳими динӣ маҳсуб мешавад ва дар он бетафовутӣ қобили қабул буда наметавонад.
Имрӯз ҷаҳон ба як деҳкада шабоҳат дорад ва васоили иртибот ба ҳадде густариш ёфтааст, ки касе гуфта наметавонад мо аз чунин як хабар беиттилоъ ҳастем. Шабакаҳои телевизионии моҳвораӣ, интернет, хатҳои телефон ва дигар васоил дар дастраси аксари мардумон қарор дорад.
Аксари мусалмонҳои Тоҷикистон тавассути истифодаи инчунин васоил иттилоъ пайдо карданд, ки дар сартосари дунё мусалмонҳо рӯзи якшанбе рӯзи саъиди Фитрро истиқбол карданд ва тавассути шабакаҳои ҷаҳонии телевизион баргузории намози иди Фитрро дар кишварҳои мухталиф мушоҳада карданд.
Чаро мо тоҷикистониён худро аз ҷаҳони ислом ҷудо ва мунзавӣ кардем ва натавонистем аз тақвиме, ки аввали моҳи Рамазон нашр карда, рӯзи душанбе 21-сентябрро рӯзи ид нишон додем даст бикашем ва ҳамроҳи бародарони мусалмони худ, дар сартосари дунё ид кунем?
Бидуни шак ин амали мо, агарчи аз нигоҳи шаръӣ кори хубе набуд, вале аз нигоҳи сиёсӣ низ барои давлатдории мо баҳои манфӣ маҳсуб мешавад. Бояд Маркази исломшиносӣ ва мақомоти расмии динӣ ва мушовирони ҳаким Сарвари давлатро дар ҷараёни чунин масъалаи муҳим мегузоштанд ва инчунин кор намебояд сурат мегирифт ва албатта ин кор ҳеҷ мушкилие надошт.
Чанд шабакаи телевизионии Тоҷикистон тавассути моҳвора дар ҳамаи ҷаҳон пахш мешавад, имкон дошт, баъд аз дарёфти иттилоъ дар бораи рӯзи ид бо истифода аз ин шабакаҳо ин хабари барои мусалмонҳо бисёр муҳим фавран дар мавҷ пахш карда мешуд, то мусалмонҳо аз он хабардор мегаштанд ва расман эълом мешуд, ки фардо рӯзи ид қабул карда шавад.
Дар ин ҷо ҳеҷ узр ва баҳонае тақсири мазкурро ҷуброн карда наметавонад, баракс ин кор боиси тафриқаи динӣ дар дохили кишвар метавонад бошад. Зеро қишри муайяне дар ҷомеа баъд аз дарёфти иттилоъ аз рӯзи ид ифтор карданд ва идомаи рӯза доштанро бар худ раво надонистанд, чунки рӯза доштан дар рӯзи ид амали манҳӣ маҳсуб мешавад.
Бо вуҷуди инки мардумони зиёде рӯзи якшанбе рӯзадор набуданд, вале натавонистанд ду ракаъат намози иди фитрро адо намоянд. Зеро дар ҳамаи масоҷид як моҳ қабл рӯзи ид "муайян" шуда буд ва қарори Ҳукумат низ дар бораи рӯзи душанбе рӯзи ид ва рӯзи истироҳат эълом шудан, содир шуда буд.
Вале суоли матраҳ ин аст, ки оё тағйир додани қарори Ҳукумат як амри номумкин ва маҳол буд, дар ҳоле, ки ин қарор ба фаризаи илоҳӣ – рӯзаи моҳи Рамазон, як рукни муҳими дини ислом тааллуқ мегирад? Умедворам ин хатои динӣ ва сиёсӣ дар солҳои оянда ислоҳ карда хоҳад шуд.
Муҳаммадшариф Ҳимматзода,
роҳбари маънавии ҲНИТ