ҶОЗЕП БОРРЕЛ: ВАЪДАИ БА УКРАИНА ПАЙВАСТАН БА НАТО-РО ИШТИБОҲ НОМИД
Ҷозеп Боррел, раиси дипломатияи Иттиҳодияи Аврупо бар ин назар аст, ки Ғарб дар равобит бо Русия ба як қатор иштибоҳот, аз ҷумла ваъдаи пайвастан ба НАТО ба Украина роҳ додааст.
Дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии TF1 Ҷозеп Боррел бо матни ошкор изҳор дошт, ки "ман омодаам эътироф кунам, ки мо ба як қатор иштибоҳҳо роҳ додаем ва имкони наздикшавии Русия бо Ғарбро аз даст додем."