Хазина аз
Тағйироти кадрӣ аз вилояти Бадахшон шурӯъ шуд
Сиёсат
20.11.2013 11:37
1186
Бо амри президенти Тоҷикистон, раҳбарони ҳукуматҳои ноҳиявӣ ва вилояти Бадахшон нав шуданд. Тағйироти кадриву сохторие, ки дар ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ шуд, ғолибан ба мақомоти раҳбарикунандаи вилояти Бадахшон марбут аст.
Дар амалиёти "Заслон -2" беш аз 700 муҳоҷир боздошт шудааст
Муҳоҷират
20.11.2013 11:36
1181
Дар як амалиёти нерӯҳои пулиси Русия дар бозорҳои шаҳри Маскав, беш аз 700 муҳоҷири корӣ боздошт шудаанд. Ба навиштаи бахши русии Радиои Озодӣ, таъқибу боздошти муҳоҷирони корӣ рӯзи сешанбеи 19-уми ноябр дар ду бозори Маскав - «Белая дача» ва «Садовод» идома ёфтааст, ки дар он аслан муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои ....
Ваъдаи Бордюжа дар бораи кӯмаки низомии СПАД ба Тоҷикистон
Сиёсат
20.11.2013 11:33
894
Кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ то охири соли ҷорӣ ба Тоҷикистон дар тақвияти марзаш бо Афғонистон кӯмак хоҳанд кард. Кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ то охири соли ҷорӣ ба Тоҷикистон дар тақвияти марзаш бо Афғонистон кӯмак хоҳанд кард.
Мулоқот дар Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон
Адабиёт ва фарҳанг
20.11.2013 10:44
1025
Ахири ҳафтаи гузашта дар толори маҷлисҳои Институти забон, адабиёти тоҷик ва шарқшиносии АИ ҶТ бо ибтикори Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон мулоқоти Абдулғафури Левол, раиси Маркази таҳқиқоти минтақавӣ ва стратегии Академияи Улуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Абдураҳмон Салим ...
Шаст асари тоза кашфшудаи Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба Тоҷикистон меоранд
Хабар
20.11.2013 10:43
831
Дар китобхонаи миллии шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон 60 асари тозаи илмӣ ва фалсафии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, фақеҳ ва шоири машҳури форсу тоҷик кашф шудааст. Дар ин бора ҳафтаи гузашта хабаргузориҳо истинодан ба Ҳотамшо Асозода, муҳаққиқ ва пажуҳишгари осори ин мутафаккири бузург хабар доданд.
Тоҷикистон дигар дар Маскав кинотеатр нахоҳад дошт
Хабар
20.11.2013 10:38
805
Шаҳрдории Маскав бо иттихози 3,5 миллион рубл, ки баробар ба 115 ҳазор доллар аст, дастури тахриби кинотеатри “Тоҷикистон”-ро содир намуд. Дар ин марҳила озмуни ширкатҳои тахрибкунанда эълон шудааст ва тибқи қарори шаҳрдорӣ зарфи шашуним моҳи оянда ин кор бояд комилан анҷом пазирад.
Фирори сарояндаи рок аз Амрико
Хабар
20.11.2013 10:37
884
Тина Тёрнер, сарояндаи машҳури рок, ки ҳамакнун ба синни 74 расидааст, ахиран аз шаҳрвандии Амрико даст кашид. Тина ба сафорати ин кишвар дар Берн ҳозир шуд ва шиносномаи амрикоии худро таслими консулгарии ин кишвар кард. Муддати 20 соли охир Тёрнер ва шавҳараш Эрвин Бах дар Швейсария ...
Чопи “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” дар Душанбе
Хабар
20.11.2013 10:34
1214
Кумитаи забон ва истилоҳот аз интишори китоби «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» бо теъдоди 15 ҳазор нусха иттилоъ дод. Манбаъ дар сӯҳбат бо “Рӯзгор” гуфт, ки ин фарҳанг шомили 65 ҳазор калима ва истилоҳот аст ва тибқи талаботи нави навишти калимаву ибораҳои баҳсталаб рӯи чоп омадааст.
Руҷуъи нав ба филми “Рӯҳ” дар Амрико
Хабар
20.11.2013 10:33
838
Филми «Рӯҳ”, ки соли 1990 наворбардорӣ шуда ва муҳаббати хориқулоддаи Сем (Патрик Суэйи) ва Молли (Деми Мур)-ро ба риштаи тасвир кашида буд, бори дигар мавриди таваҷҷӯҳи киноматография қарор гирифтааст.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт
Хабар
20.11.2013 10:31
838
Толибон дар Бадахшони Афғонистон як ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоиро сарнагун карданд. Дар ин бора Press TV истинодан ба манобеъи давлатии ин вилоят иттилоъ дод. Ин дувумин тайёраи бесарнишини Пентагон аст, ки зарфи 10 рӯзи охир дар Афғонистон сарнагун мешавад.