Хазина аз
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт
Хабар
13.11.2013 11:12
779
Соҳибкори маъруфи кишвар ва бунёдгузори ҳизби сабти номнашудаи "Тоҷикистони нав" Зайд Саидов, ки ахиран аз ширкат дар мурофиаҳои судӣ даст кашида буд, бори дигар ба мурофиа ҳозир шуд. Бино ба иттилои вакилони мудофиа ин бор низ бахши таҷовуз ба номуси парвандаи ӯ мавриди баҳс қарор гирифт ва нишондоди ҷабрдида Г.Е. ....
Интихобот-2013: ҲСДТ: "Баргузор нашуд!" КМИР: "Баргузор шуд!"
Сиёсат
12.11.2013 15:29
879
Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон(КМИР) иддаои ҳизби сотсиал-демократи Раҳматулло Зоировро, ки интихоботи президентиро баргузорнашуда медонад, бепоя хонд.Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи КМИР рӯзи 12-уми ноябр дар робита ба баёнияи раиси ҳизби мухолифи ...
"Таҷовуз ба номус-2". Мурофиа идома дорад
Хабар
12.11.2013 15:27
915
Имрӯз мурофиаи Зайд Саидов бо иттиҳоми «таҷовуз ба номус-2» идома хоҳад кард, аммо вакилони мудофеи вай бо чӣ шарту шароит дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат кардани зерҳимояи худро шарҳ намедиҳанд.Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Зайд Саидов рӯзи 12-уми ноябр ба мо гуфт, ки имрӯз мурофиаи ...
20 соли зиндон барои қатли ҳамсар аз ғояти рашк
Иҷтимоъ
12.11.2013 15:25
1009
Додгоҳи вилояти Суғд мардеро, ки ҳамсарашро аз рӯи рашк дар пеши назари мардум дар бозори Панҷшанбе бо зарби корд кушта буд, ба 20 соли ҳабс дар зиндони низомаш сахт маҳкум кард.Анварҷон Темуров, додраси додгоҳи вилояти Суғд, ки масъулияти муҳокимаи ин парвандаро бар ӯҳда дошт ...
Ҳалокати се ҳунарманди эронӣ дар як тирандозӣ дар Ню-Йорк
Хабар
12.11.2013 15:23
841
Тибқи гузоришҳо, ду узви эронитабори гурӯҳи мусиқии роки Yellow Dogs рӯзи душанбе дар ҷараёни тирандозӣ дар Ню-Йорк, ҳамроҳ бо ду тани дигар, аз ҷумла фарди тирандоз, кушта шудаанд. Ин тирандозӣ як захмӣ низ бар ҷой гузоштааст.Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед пресс ...
Дар заминларза 363 хона вайрон шудааст
Иҷтимоъ
11.11.2013 13:56
1192
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асари 3 заминҷунбии як шабонарӯзи охир, дар ноҳияи Ваҳдат 104 хона пурра ва 259 хона қисман валангор гардидаанд.Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 11-уми ноябр ба мо гуфт, ки дар заминҷунбии соати 10-15 дақиқаи ...
Сафорат заҳрпошӣ дар консерти Маскавро таҳқиқ мекунад
Иҷтимоъ
11.11.2013 13:54
991
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба таҳқиқи ҳодисаи пошидани гази заҳролуд дар консерти ҳунармандони тоҷик дар Маскав, шурӯъ кардааст.Абдумаҷид Достиева, сафири Тоҷикистон дар Русия рӯзи 11-уми ноябр дар сӯҳбат бар мо гуфт, ки ин ниҳод бо раҳбарии консул талош дорад то ин ҳодисаро ...
Дар садамаи нақлиётӣ дар Файзобод 7 нафар ҷон бохтанд
Хабар
10.11.2013 19:54
967
Бар асари садамаи маргбори автомобилӣ дар шарқи Тоҷикистон, 7 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Дар раёсати Бозрасии давлатии автомобилии вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ки садама субҳи рӯзи 9-уми ноябр дар ҳудуди ноҳияи Файзобод рух додааст.
Шеъри нави Бозор Собир дар васфи Эмомалӣ Раҳмон
Сиёсат
10.11.2013 19:51
5707
Дар нашрияи давлатии “Ҷумҳурият” шеъри нави Бозор Собир ба муносибати пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии рӯзи 6 ноябр нашр шудааст.Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки дар оғози тобистони соли равон баъди 19 соли зиндагӣ аз ғурбат бо даъвати ...
С.Шойгу: Пойгоҳи 201-ро бо силоҳҳои навтарин таъмин мекунем
Сиёсат
10.11.2013 19:46
856
Русия мегӯяд, пойгоҳи низомии 201-умаш дар Тоҷикистонро то хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон пурра такмил хоҳад кард. Такмили суфуф ва таслиҳоти пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон то хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон, яъне то поёни соли 2014 пурра анҷом хоҳад ёфт.