04:34:37 01-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

Ифтитоҳи китобхонаи шахсии профессор Мусалмониён дар Китобхонаи миллӣ Хабар 13.06.2013 14:29 1047
Китобхонаи шахсии олими шинохта, адабиётшиноси маъруф, профессор Раҳими Мусалмониён дар китобхонаи Милии Тоҷикистон кушода шуд.Носирҷон Салимзода, Директори китобхонаи миллӣ дар расми ифтитоҳи он, ки субҳи имрӯз бо ширкати ҷамъе аз ҳамкорон аз зумраи олимони шинохтаи кишвар ва шогирдони ин олими пуркор доир шуд, хабар дод ...
Бозор Собир: «Дубора созамат Ватан…» Адабиёт ва фарҳанг 12.06.2013 12:43 4301
Бозгашти Бозор Собир ба Ватан, ки тӯли як ҳафтаи охир зеҳнҳоро ба худ машғул доштааст, дар ҳақиқат сазовор аст, ки ба гузаштаву имрӯзи ин суханвари беҳамто, роҳҳои пурпечухами зиндагонӣ, калавишҳо дар афкору ашъораш назар андохта шавад. Зеро Тоҷикистон бори дигар бо шахсияти пуртазоде рӯ ба рӯ мешавад, ки ҳарчанд муддати ....
Тахти Ҷамшед: Он чӣ гуна бунёд шуду чӣ тақдире бар сараш омад? Таърих 12.06.2013 12:36 4360
Маҷмааи Тахти Ҷамшед бузургтарин мероси таърихию фарҳангии ориётаборҳо маҳсуб ёфта, он дар остони Форс, дар миёни шаҳрҳои бостонии Шерозу Исфаҳони Ҷумҳурии исломии Эрон доман густурдааст. Он таърихи беш аз 2500- сола дошта, саҳифае аз рӯзгори даврони Ҳахоманишиёнро пеши рӯ меорад.
Қочоқи инсон дар Тоҷикистон - дар маркази таваҷҷӯҳи Интерпол Иҷтимоъ 12.06.2013 12:30 895
Дабири кулли полиси байналмилалӣ зимни боздид аз Тоҷикистон мубориза бо қочоқи инсон, маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккилро баррасӣ кард. Сайти интернетии Eurasia Review дар бораи натиҷаҳои сафари дабири кулли полиси байналмилалии Интерпол ба Тоҷикистон гузориш додааст.
Шӯрои уламо навори пурсарусадоро баррасӣ мекунад Иҷтимоъ 12.06.2013 12:28 1067
Шӯрои уламои Тоҷикистон дар нишасти навбатии худ масъалаи навори маҳрамонаи имомахатиби яке аз масоҷиди панҷвақта дар ноҳияи Рӯдакиро баррасӣ мекунад.Ҳоҷӣ Неъматулло Олимов, котиби масъули Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 12-уми июн ба могуфт, ки дар ҷаласаи навбатии ин ниҳод, ки қарор аст қабл аз оғози ...
Ҳалокати 17 нафар дар ҳамлаи Толибон ба Додгоҳии олии Афғонистон Хабар 12.06.2013 12:26 915
Гуруҳи Толибон дар ҳамлаи рӯзи сешанбеи худ Додгоҳи олии Афғонистонро ҳадаф қарор доданд. Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, дар натиҷаи бомбгузории маргталабонаи Толибон дар даромадгоҳи Додгоҳи Олии ин кишвар дар шаҳри Кобул, 17 нафар кушта ва 39 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Тафтиши тамоми бизнесҳои марбут ба Зайд Саидов Сиёсат 12.06.2013 12:24 1016
Ҳамроҳ бо Ожонси зиддифасод, мақомоти андози Тоҷикистон низ ба тафтиши фарогири фаъолияти чандсолаи тамоми ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ пардохтаанд.
Никоҳи хешутаборӣ танҳо мушкили Тоҷикистон аст? Иҷтимоъ 10.06.2013 14:03 1252
Пешниҳоди вакили парлумони Тоҷикистон Саодат Амиршоева дар мавриди ворид кардани тағиру иловаҳо ба Кодекси оила ва аз роҳи қонун манъ кардани никоҳи хешутаборӣ таи чанд муддати ахир мавзӯи доғе барои расонаҳо гардиду дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам мавриди баҳс қарор гирифт. Аслан, ин пешниҳоди депутат Амиршоева сухани наве ҳам нест, зеро ....
Бишканад дасте, ки бозуи заифон бишканад! Зан ва ҷомеъа 10.06.2013 14:01 3518
Зиндагӣ бо зан хуш аст. Маҳз ҳамин зан аст, ки бо тамоми он нозу назокат, лутфу меҳрубонии худ оламро мафтун месозад. Ба дилҳо фараҳ бахшида, доимо дар фикри шавҳар ва ба воя расонидани фарзанди комил аст. Аммо мутаассифона, гурӯҳе аз нафароне чашмрасанд, ки ҳамаи ин бузургиҳои занро нодида мегиранд. Занро ....
Русия ва Амрико: Нокомиҳо дар талоши ҳалли бӯҳрони Сурия Равзана ба ҷахон 10.06.2013 13:57 1065
Ду қудрати ҷаҳонӣ сеюмин сол аст, ки наметавонанд дар ҳалли як бӯҳрони байналмилалӣ забон ёбанд. Ва дида мешавад, ки қазияи Сурия фаротар аз қазияи як кишвар аст. Дар Сурия тақдири минтақа ҳал мешавад ва иллати «ҳамдигарнофаҳмӣ» низ ҳамин аст.Ба назар мерасад дар маҳофили сиёсатҳои байналмилалӣ ин ҳафта баҳси Сурия гармтар ....