22:30:53 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Тафтиши тамоми бизнесҳои марбут ба Зайд Саидов

Ҳамроҳ бо Ожонси зиддифасод, мақомоти андози Тоҷикистон низ ба тафтиши фарогири фаъолияти чандсолаи тамоми ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ пардохтаанд.

zayd-saidov 12062013Фахриддин Зокиров, яке аз 3 вакили мудофеъи Зайд Саидов рӯзи 11 июн ба мо гуфт,  мақомоти ин ду идора тафтиши айбномаи эълоншуда алайҳи ӯ бо иттиҳоми порагириро як сӯ гузошта, тамоми талоши худро ба тафтиши фаъолиятҳои молиявии ӯву наздиконаш сафарбар кардаанд: “Ҳама мунтазири натоиҷи ҳамин санҷишҳоянд. Кормандони андоз алоҳида тафтиш гузаронда истодаанду кормандони Ожонси зиддифасод – алоҳида. Ҳамаи ширкатҳои марбут ба ӯ, аз ҷумла ширкату корхонаҳое, ки ба номи ҳамсарашу фарзандонашанд, санҷида мешаванд.”

Фахриддин Зокиров афзуд, “имрӯз мо онҷо будем ва ба мо гуфтанд, ки бояд то охири ҳамин ҳафта санҷишро ҷамъбаст кунем. Ба хотири онки вобаста ба натиҷаи ҳамин тафтишҳо баъд чигуна  бандубаст кардани  кирдори Зайд Саидовро муайян хоҳанд кард. Ман чунин фикр мекунам, ки онҳо чизе бояд пайдо кунанд, то ӯро дар қисми молиявӣ ба чизе гунаҳкор кунанд. Ин ба ин маъност, ки иттиҳоми порагирӣ, ки алайҳи Зайд Саидов эълон шудааст, аз нигоҳи  ҳуқуқӣ ягон пояи асоснок надорад ва собит карданаш амри маҳол аст.”

Манобеъи огоҳ аз ҷараёни тафтиши ин ширкатҳову корхонаҳо мегӯянд, эҳтимолан мақомот талош доранд, то бо таҳмили ҷаримаҳои бузург тиҷоратҳоеро, ки ба гунае ба номи Зайд Саидов рабт мегиранд, банкрот ё варшикаста кунанд. Оқои Зокиров дар посух ба пурсиши мо дар ин бора гуфт: “Бо ин ҳолате ки имрӯз рафта истодааст, шояд ҳамин хел ҳам шавад. Барои он ки инҳо бисёр хӯрдагирӣ карда истодаанд ва масъалаҳоеро мебардоранд, ки ҳатто аз соли 2009 аст. Вале айни замон ҳаҷми ҷаримаҳое ки мехоҳанд ба ин ширкатҳо бор кунанд, маълум нест.”

Ҳама барои як кас?

Вакили мудофеъи Зайд Саидов ҳамин тавр, дар иртикоби ин қазия ба ҳабс гирифтани молу амволи марбут ба наздикони ӯ, аз ҷумла мошинҳои фарзандони Саидовро ғайриқонунӣ номид ва гуфт, тибқи қонун, "бояд фақат шахси содиркунандаи кирдор ба ҷавобгарӣ кашида шавад, на фарзанди ӯву на хешу табори ӯ. Барои кирдораш худи шахс метавонад ҷавобгар шавад, хешу ақрабояш не. Афсӯс, тафтишот ҳоло як ваҷҳ меорад, ки бо мақсади ҳаматарафа ва дар оянда пешгирӣ кардани ягони ҳаракати дигар, бо мақсади несту нобуд накардани амвол, гӯё ба ҳамин хотир чораҳои ҳатмии таъминотӣ андешида истодаанд.”

Фахриддин Зокиров ҳамчунин гуфт, ки мақомоти тафтишотӣ имрӯза ҳам ба вакили дигари Зайд Саидов – Шӯҳрат Қудратов –имкони мулоқот бо муваккилашро надодаанд.  Оқои Зокиров гуфт, тибқи қонун, вакили мудофеъ бояд аз лаҳзаи боздошти муваккилаш ҳаққи бемаҳдудияти вохӯрии якбаяк бо ӯро дорад. “Афсӯс, ки вобаста ба парвандаи Зайд Саидов ин талабот риоя нашуда истодаанд,” – гуфт оқои Зокиров.

Вакилони Зайд Саидов дар ду ҳафтаи охир танҳо ду дафъа – 29 май ва 7 июн – тавонистаанд бо ӯ мулоқот кунанд, вале инак рӯзи панҷум аст ки аз ин имконият маҳрум мебошанд.

Ҳамааш аз Тоҷикистони нав сар шуд

Зайд Саидов, зодаи ноҳияи Нуробод ва хатмкардаи бахши барномарезии саноати Донишгоҳи миллӣ  54 сол дорад ва соли 1999 бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноат таъйин шуд. Ӯ аз соли 2001 то 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд ва баъди рафтан аз ин мақом ба соҳибкорӣ баргашт ва аз муваффақтарин соҳибкорони кишвар ба шумор мерафт.

Зайд Саидов рӯзи 6 апрели соли равон аз азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод. Ба дунбол рӯзи 11 май додситонии шаҳри Душанбе манзилҳои Саидовро бозҷӯӣ карда, алайҳаш бо иттиҳоми бисёрзанӣ парванда кушод. Худи ҳамон рӯз Ожонси зиддифасод хабар дод, ки алайҳи ширкати “Тоҷ сохтмон байналмилал”, ки низ ба Зайд Саидов марбут дониста мешавад, бо иттиҳоми изофанависӣ дар ҷараёни бунёди “Душанбе-Плаза” – балантарин сохтмони пойтахти Тоҷикистон – парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Зайд Саидов, ки он рӯзҳо бо сафаре дар Аврупо қарор дошт, ин парвандаҳоро сиёсӣ ва марбут ба ибтикори таъсиси ҳизби нав номид ва гуфт, барои собит кардани бегуноҳиаш ба Душанбе бар хоҳад гашт. Аммо субҳи 19 май ӯро ба муҷарради бозгашташ дар фурудгоҳи Душанбе дастгир карданд. Маҷлиси вакилони Душанбе рӯзи 20 май мақоми дахлнопазирии вакилии ӯро лағв ва додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт рӯзи 22 май ҳукми ҳабси думоҳаашро содир кард. Зайд Саидов аз 24 май дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қарор дорад.

Ожонси зиддифасод баъди боздошти Зайд Саидов қартаи Низомхон Ҷӯраевро берун кашид ва гуфт, ки ин мудири собиқи корхонаи кимиёвии Исфара вазири собиқи саноатро ба гирифтани пора ба маблағи 100 000 доллар айбдор мекунад. Бино ба иддаои Ҷӯраев, Зайд Саидов ҳангоми вазириаш гӯё корхонаи “Тоҷикатлас”-ро аз ӯ кашида гирифтааст. Зайд Саидов ин иттиҳомотро радд мекунад ва ҳамчунон ба бегуноҳии худ ва ангезаҳои сиёсӣ доштани парвандааш исрор меварзад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi