07:13:02 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Тахти Ҷамшед: Он чӣ гуна бунёд шуду чӣ тақдире бар сараш омад?

Бурҳон Салмонов, рӯзноманигор

Маҷмааи Тахти Ҷамшед бузургтарин мероси таърихию фарҳангии ориётаборҳо маҳсуб ёфта, он дар остони Форс, дар миёни шаҳрҳои бостонии Шерозу Исфаҳони Ҷумҳурии исломии Эрон доман густурдааст. Он таърихи беш аз 2500- сола дошта, саҳифае аз рӯзгори даврони Ҳахоманишиёнро пеши рӯ меорад. Муаррихон навиштаанд, ки ин обидаи сангин дар қарни 6 қабл аз милод бунёд ёфта, дар тӯли таърих бо вуҷуди нобасомониҳои даврон, хушбахтона, қисмате аз он то имрӯз аз газанди рӯзгор маҳфуз ва боқӣ мондааст. Бо қарори ЮНЕСКО беш аз ним қарн аст, ки маҷмааи Тахти Ҷамшед мероси фарҳангии ҷаҳониён эълом гардида ва ин муъҷизаи сангӣ мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон гардидааст.

САДОИ ҚАРНҲО 

1 takhte jamshid 062013Ҳамасола ба ин ҷо сайёҳону гардишгарони зиёде аз кишварҳои мухталифи олам ташриф меоранд. Бидуни муболиға шукӯҳу шаҳомати Тахти Ҷамшед ҳар бинандаро мафтун месозад. Пойдевори Кохро, ба қавли муаррихон, асосгузори имперотурии муқтадири Ҳахоманишиён Куруш, ки дар таърих бештар бо номи Куруши Кабир машҳур аст, гузоштааст. Минбаъд бо фармойиши Куруши Кабир шоҳ Дориюш сохтмони Кохро ҳусни анҷом мебахшад. Масоҳати Тахти Ҷамшед фарогири сездаҳ гектар буда, дар он ҳунари волои меъмории ориёитаборҳо ба назар мерасад.

Ҳахоманишиҳо беш аз дусад сол ҳукумат доштанд. Ҳерадод-муаррихи Юнони ?адим нигоштааст, ки ин имперотурӣ аз Шарқ ба Ғарб тӯл кашида, ҳатто Юнон ва зодгоҳи Искандари Мақдунӣ- Македон зери тасарруфи Ҳахоманишиҳо қарор дошт. Искандари Мақдунӣ бо вуҷуди шикаст додани импероотурии муқтадири Ҳахоманишиҳо ва таъарузу ғасбкориҳояш дар сарзамини Форс, натавонистааст чун Ҳахоманишиён ёдгории бузурге аз хеш боқӣ гузорад. Дар баробари дигар харобкориҳо вай Тахти Ҷамшедро оташ задаю валангор сохта ва дороии Ҳахоманишиҳоро ба яғмо бурдааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар дарозои таърихи башарӣ дигар шоҳоне, мисли Ҳахоманишиҳо зуҳур накардаанд, ки даст ба чунин ободкории ҳайратангез бизананд. Ёдгориҳое, ки имрӯз дар Юнон аз замони Искандари Мақдунӣ ба назар мерасанд, аз нигоҳи меъморӣ ба обидаҳои Тахти Ҷамшед шабоҳат дошта, ҳеҷҷойи шигифт ва шубҳае нест, ки юнониҳо меъмориро аз форсҳо омӯхта, бо ғоратгариҳои бешармона сутунҳои зиёди Тахти Ҷамшедро чун "армуғон" ба Юнон интиқол дода бошанд.

Муаррихони қадиму муосир ба ин назаранд, ки баъди заволи имперотурии Ҳахоманишиҳо Тахти Ҷамшед он шукӯҳу ҷалолашро, ки дошт, тавассути чаповулҳои хориҷиён аз даст дод. Он чӣ ки имрӯз аз он боқӣ мондааст, ба қавли маъруф "қатрае аз баҳр аст". Бо қадам гузоштан ба ин обидаи мероси фарҳангӣ ба гӯш садои таърихи куҳан расида, виқору шаҳомат, қудрату низоми ҳукумати Ҳахоманишиҳо пеши назар ба ҷилва меояд.

Ҳахоманишиҳо мансуб ба сулолаи Пешдодиён буда, шоҳони он Куруши Кабир, Доро, Дориюш, Ардашер ва даҳҳо дигарон бо номи шоҳони одил шинохта шуда, дар бораи ҳар кадоми онҳо муаррихон назарҳои мухталиф доранд. Миёни шоҳон Куруши Кабир, ки асосгузори имперотурии Ҳахоманишиҳо маҳсуб аст, ҷой ва мақоми хоса дорад. Таърихнигорони ғарбӣ оғоз аз қарни 15 милодӣ рӯ ба омӯзиши таърихи имперотурии Ҳахоманишҳо оварда, собит кардаанд, ки асосгузори он Куруши Кабир дар ҷаҳон нахустин шоҳест, ки бо дасти хеш аввалин Эъломияи ҳуқуқи башарро навиштааст ва он имрӯз бо номи "Маншур"-и Куруши Кабир машҳур буда ва шинохта мешавад.

Омӯзиши рӯзгори Ҳахоманишиён собит кардааст, ки онҳо дар давлатдорӣ ба дину оин таваҷҷӯҳи зиёд дошта, дар Тахти Ҷамшед осоре аз оташкадаҳо ба ёдгор мондааст. Ҳахоманишиҳо муътакид ба яккахудоӣ ва Аҳурамаздоро мепарастидаанд. Дар он замон форсҳо ба он бовар буданд, ки кулли мавҷудоти оламро як холиқ ба вуҷуд оварда, дар ҷаҳон дар як ҳастии муштарак қарор доранд. Ин эътиқод ва боварӣ ба ягонагии олами ҳастӣ ва яккахудоӣ дар ягон қавме пеш аз Ҳахоманишиҳо дида нашудааст.

Масалан, Хашоёршоҳи Ҳахоманишӣ ҳангоми лашкаркашӣ ба Аврупои он замон, ба хусус ба Юнон фармон медиҳад, ки аскарон пайкараҳои худоёнро дар маъбадҳо бишкананд. Худоро наметавон бо сурат бишинохт. Ё ин ки муаррихи пеш аз милод Обпаён нигоштааст, ки Дориюш-шоҳи Ҳахоманишӣ фармон содир намуд, ки минбаъд одамон барои худоён инсонҳоро қурбон накунанд, чунон ки форсҳо барои Аҳурамаздо одамонро қурбон намекунанд.

Талқин доштанд, ки Аҳурамаздо-Худои ягона инсонро офарид то ёвари вай дар мубориза алайҳи палидӣ ва Аҳриман бошад ва Аҳурамаздо бе кӯмаки инсон қодир нест бар бадӣ- Аҳриман пирӯзӣ ёбад. Лозим ба ёдоварист, ки Ҳахоманишиҳо дар баробари эътиқод ба худои ягона, инчунин ба китоби муқаддаси "Авасто" эҳтиром қойил буданд. Ҳамаи шоҳон аз Аҳурамаздо бо чунин матолиб кӯмак хостаанд: "Эй Аҳурамаздо! Ба мо кӯмак кун, то чун замин судбахш ва пурбор бошем, ободӣ бисозем ва шодӣ биёфарем. Эй Аҳурамаздо, ба мо кӯмак кун, то ба ҳама покон ва некукорон дар некукорӣ шарик ва ҳам баҳра шавем".

2 takhte jamshid 062013Шоҳ Куруш- худои ягона-Аҳурамаздоро бештар мепарастид. ҳангоми ғасби кишвару минтақаҳо аз ғорату чаповул худдорӣ меварзид, одамонро асир намегирифт ва ба зулм кардан иҷозат намедод. Ҳангоми тасарруфи Бобул ва озодсозии қавми яҳуд аз бардагӣ пешвои яҳудиён аз ӯ хост, ки золимонро ҷазо бидиҳад хонаҳояшонро бисӯзонад, фарзандонашонро бикушад. Куруш ва форсҳо ин корро анҷом надоданд. Куруши Кабир дар шаҳри Бобул эъломияе содир сохт, ки дар он ҳамаи миллатҳо дар парастиши худои худ бар пояи маъобид тибқи русум ва ақоиди худ озод буданд.

Ин санад ё ки Фармони озодии миллат ("Маншур"-и Куруши Кабир) дар сутуне, ки дар Тахти Ҷамшед аст, бо хати мехӣ катиба шудааст, маҳфуз мебошад. Аз ҷумла, дар "Маншур" омадааст:

1. "Ман Куруши ҳаштум, шоҳи ҷаҳон, шоҳи бузург, шоҳи додгустар, шоҳи Бобул, шоҳи Сумар ва Окадо, шоҳи чаҳор гӯша ( манзур-ҷаҳон, Б.С.), писари К (Амбу), (Зи), (Йа), писари Куруш, шоҳи бузург, шоҳаншоҳ аз дудмоне, ки ҳамвора аз подшоҳӣ буда, ки фармонравоияшро дӯст медорад… худоёни бузург сарзаминҳои ҷаҳонро ба ман супурданд… ман ба кишварҳо оромиш ва озодӣ бахшидам"

2. Сипоҳиёни бешумори ман бо сулҳ ба Бобул даромададанд, ман ба ҳеҷ кас иҷозат надодам, ки сарзамини Сумар ва Окадоро дучори ҳарос кунад… Ман ниёзмандиҳои Бобул ва ҳамаи парастишгоҳҳои онро дар назар гирифтам ва дар беҳбудии вазъашон кӯшидам.

Ман юғи нописанди бандагии мардуми Бобулро бардоштам ва ман кӯмак овардам ва хонаҳои вайрони онҳоро обод кардам, ман ба бадбахтиҳои онон поён бахшидам. Мардук худои Маздакиён, худои бузург аз кирдорам хушнуд шуд ва ба ман, ки ӯро ситойиш кардам ва ба Камбуҷия -шоҳ ва фарзандам ва тамоми сипоҳони ман баракат арзонӣ дошт ва аз самими қалб мақоми ӯро басе сутудам".

Шоҳ-Куруши Кабир дар "Маншур"-и таърихии хеш инчунин аз инъомҳои ба ӯ бахшидашуда, сар фаровардани шоҳони мағлуб сухан гуфта, боз аз ҷумла овардааст: "… ман ҳамаи сокинони онҳоро гирд овардам, хонаҳояшонро бозпас додам, худоёни Сумар ва Окадо, ки " Набуъид" аст, онҳоро ба Бобул оварда ва худои бузург ба сулҳ ва сафо хонда, ба ҷойгоҳи писандидаи худашон баргардондам.

Бошад, ки тамоми худоёне, ки ман дар парастишгоҳҳояшон ҷой додам, рӯзона дар пешгоҳи "Баъал" ва "Нбу" дуъо кунанд. Бошад, ки зиндагонии ман дароз гардад, бошад, ки ба Мардук_- худои бузург бигӯянд: "Куруш- подшоҳ, ки туро гиромӣ медорад ва фарзандаш Камбуҷия бошад"

Ҳангоме ки навиштаҳои муаррихони эрониро вобаста ба даврони Ҳахоманишиҳо ва бунёди Тахти Ҷамшед мутолиа менамоед, мебинед, ки пажӯҳишгарон ба ин назаранд, ки Куруши Кабир "Маншур"-и таърихии худро бар пояи ҳикмати "Авасто": "пиндору гуфтору кирдори нек" навиштааст.

Пажӯҳишгари даврони бостони Эрон Ҳабибуллоҳ пури Абдуллоҳ аз шукргузории ҷаҳониён аз сиёсати башардӯстонаи Ҳахоманишиҳо дар як таҳқиқоташ овардааст: "Овозаи бузургворӣ ва аъмолу рафтори башардӯстонаи эрониён, ки дар ҷаҳон печида буд, ақвом ва миллали он рӯзро барои нахустин бор бо мардуми озодманиш ва бузургвор рӯ ба рӯ сохт ва чун худро на ба унвони шикастхӯрдагон, ки узви ҷомеаи бузурги ҷаҳонӣ медиданд, бо ҷону дил роҳбарии Ҳахоманишиҳоро қа–бул карданд".

Идома дорад 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi