17:47:59 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Русия ва Амрико: Нокомиҳо дар талоши ҳалли бӯҳрони Сурия

Бобоҷони Шафеъ, «Рӯзгор»

Ду қудрати ҷаҳонӣ сеюмин сол аст, ки наметавонанд дар ҳалли як бӯҳрони байналмилалӣ забон ёбанд. Ва дида мешавад, ки қазияи Сурия фаротар аз қазияи як кишвар аст. Дар Сурия тақдири минтақа ҳал мешавад ва иллати «ҳамдигарнофаҳмӣ» низ ҳамин аст.

bashar-assad 062013Ба назар мерасад дар маҳофили сиёсатҳои байналмилалӣ ин ҳафта баҳси Сурия гармтар мешавад. Гап сари он ки ҳам НАТО ва ҳам Русия расман ба фурӯши силоҳ ба ин кишвар оғоз карданд. Лағви эмбаргои фурӯши аслиҳа ба мухолифони низоми Башор Асад аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо ва интиқоли аввалин силоҳи сипари зиддимушакӣ ба давлати Сурия аз ҷониби Русия. Охири ҳафтаи гузаша хабаре интишор ёфт, ки ба оғози як мусобиқаи таслиҳотӣ дар ин кишвар ово мекунад.

Русия тасмим гирифт музокароти ҳамкориҳои низомиро бо Сурия аз сар гирад. Сухан сари фурӯши тайёраҳои низомӣ меравад, ки гуфта мешавад аслан муоҳадаи он соли 2007 имзо шуда буд. Мебоист Маскав тибқи ҳамон қарордод ба Димишқ 12 адад ҷангандаи  МиГ-29М/М2 мефурӯхт. Аммо баъдтар ба иллати шурӯъи ноамниҳо ва тазоҳуротҳои зиддиҳукумативу инқилобҳои арабӣ иҷрои ин тарҳ мутаваққиф шуд.

Муоҳадаи соли 2007 замоне ба ёди Маскав расид, ки Иттиҳодияи Аврупо манъи фурӯши силоҳ ба мухолифони давлати Асадро дигар тамдид накард ва ин амалан ба он маъно буд, ки аз ин ба баъд ҳар кишвари узви Паймони Атлантики Шимолӣ ҳақ хоҳад дошт, ба гурӯҳҳои зиддидавлатӣ дар Сурия силоҳу муҳимоти ҷанг фурӯшад. Рӯзи шанбеи гузашта рӯзномаи  «КоммерсантЪ» истинодан ба манбаъҳои худ дар системаи ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии Русия навишт, ки чанд ҳафта қабл аллакай маълум буд, ки Иттиҳодияи Аврупо дигар қасд надорад эмбаргои силоҳ ба мухолифони режими Асадро тамдид кунад.

Аз ин рӯ ба “Рособоронэкспорт” дар мавриди азсаргирии музокароти ирсоли силоҳ дастур дода шуда буд. Манбаъи дигар дар «Рособоронэкспорт» тайид кардааст, ки ҷониби Сурия аллакай барои харидории ҳавопаймоҳои омӯзишӣ-ҷангии Як-130 100 миллион доллар пешпардохт кардааст. Вале ин ҳам тибқи як муоҳадаест, ки ҳанӯз моҳи декабри соли 2011 имзо шуда буд. Бояд дар маҷмӯъ 36 тайёраи ҷангӣ фурӯхта шавад ва аввалин 6 ҳавопаймо то охири соли 2013 ба дасти давлати Сурия хоҳад расид. 

Тибқи иттилои дигар, ки рӯзи шанбеи гузашта аз ҷониби ёвари президенти Русия Юрий Ушаков расонаӣ гардид, Маскав қарордодҳои то ин замон имзошуда бо Димишқро комил иҷро мекунад, вале муоҳадаи нав имзо нахоҳад кард.

Вокунишҳо ба лағви эмбарго

Тасмими Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди тамдид накардани маҳдудияти тиҷорати силоҳ ба мухолифони давлати Сурия миёни сиёсатмадорон ва таҳлилгарон гӯмагӯҳои тоза ба миён овард. Сиёсатшинос ва дотсенти Донишгоҳи молияи Федератсияи Русия Евгения Войко бар ин назар аст, ки лағви эмбарго ин аз навмедии аврупоиён ба самаранокии он ҳикоят мекунад. «Омили лағв ҳам он буда, ки эмбарго муҷиб нашуд гурӯҳе пешрафт дошта бошад ва гурӯҳи дигар заъиф шуда. Башор Асад ҳамоно миёни мардумаш аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст. Аз сӯи дигар вай дорои артиши муназзаму муҷаҳҳаз аст ва аз пуштибонии Русия ва Эрон бархӯрдор мебошад. Аз ин рӯ Иттиҳодияи Аврупо чора надорад ба ҷуз он ки ба фурӯши силоҳ ба мухолифони Асад ризоят диҳад», - мегӯяд ӯ

Коршиноси олмонӣ оид ба Ховари Миёна Михаэл Людерс ба масъалаи аксуламали Русия ба тамдид нашудани эмбарго дахл кардааст ва гуфтааст: «бо ин амал Русия ба Ғарб фаҳмонд, ки бо президенти амалкунандаи Сурия кор хоҳад кард. Мушкил он аст, ки кишварҳои ғарбӣ то ин замон ба мухолифон такя мекарданд, вале ҳоло ногузиранд иқрор шаванд, ки бо ин мухолифон намешавад давлатро сохт», - иқтибос овардааст суханони ӯро ИноТВ. Ба андешаи ӯ ҳатто дар ҳукумати ИМА доир ба Сурия ақидаи воҳид вуҷуд надорад. Идораҳое аз қабили вазорати мудофеа мавҷуданд, ки ширкат дар ҷанги Сурияро барои ин кишвар хеле камманфиат ва бадтар аз Ироқу Афғонистон медонанд. Вале СРУ назари дигар дорад. Хадамоти ҷосусии ИМА мегӯяд бояд дахолат кард, вагарна наметавон Сурияро ба Асад ва «Ҳизбуллоҳ» гузошт.

Аммо Русия дар пояи ҳамон даъвои худ устувор аст, ки мегӯяд, ба Сурия силоҳҳои муҳзофизатӣ ирсол мекунад, на ҳамлакунанда. Ва ин тибқи муоҳадае сурат мегирад, ки то оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар имзо шудааст. Ба маънии дигар Маскав тааҳҳудоти худро пеши Димишқ иҷро мекунад. Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар бо пахши баёнияе хост нигаронии муттаҳидони аврупоии мухолифони давлати Сурияро барҳам занад. Дар ин баёния аз ҷумла омадааст, ки сипари зиддимушакии С-300 омили боздорандаест, ки ба дахолати беруна дар умури ин кишвар монеъа эҷод мекунад. Ин айни ҳамон чизест, ки ғарбиён метарсанд. Зеро даъватҳои эҷоди фазои бидуни парвоз, ки замоне дар Либия роҳандозӣ шуда буд ва яке аз сабабҳои шикасти Муааммар Қаззофӣ гардид, аз сар гирифта шудааст. Мусаллаҳ шудани Димишқ бо С-300 тарроҳони ин нақшаро ноумед мекунад, зеро сипари зиддимушакии С-300 қодир аст аз ҳар гуна ҳамлаҳои ҳавоӣ манотиқи таҳти назарро ҳифозат кунад.  

 Ҷонн Брейк, таҳлилгари масоили амниятии ИМА дар мақолае изҳори назар кардааст, ки лағви ин гуна маҳдудиятҳо ва ба мухолифони давлати Бағдод расидани силоҳу муҳимоти ҷангӣ хатари зери ҳамлаи эҳтимолӣ қарор гирифтани Исроилро, ки дар Ховари Миёна аз муттаҳидони аслии ИМА мебошад, ба миён меорад. Ба андешаи ин муаллиф силоҳ ба дасти гурӯҳҳое меафтад, ки бо давлати яҳудӣ оштинопазиранд. Наметавон гуфт, ки нерӯҳои мухолифи давлати Сурия идорашавандаанд. Ин боз дар ҳолест, ки Ғарб аз гузаштаи Либия таҷрибаи талх дорад. Ба яғмо рафтани анборҳои силоҳу муҳимоти ҷангии Муаммар Қаззофӣ муҷиби нерӯ гирифтани қувваҳои исломӣ дар Мағриб шуда буд, ки баъдан Фаронса тасмим гирифт даст ба амалиёти низомӣ дар ин кишвар занад”. 

Ҳадаф рафтани Асад аст

Оё Русия ва ИМА дар масъалаи ҳалли мушкилоти Сурия метавонанд забони умумӣ ёбанд? Ба назар мерасад, ки на. Дар роҳи расидан ба як муколамаи созанда ин ду кишвар амалан дар фосилаи дур аз ҳамдигар қарор доранд. ИМА ва муттаҳидонаш ҳамоно аз кӯмак ба мухолифони давлати Сурия даст намекашанд ва сарнагунсозии Башор Асадро шарти аввали ҳалли бӯҳрони Сурия медонанд. Александ Вижутович, таҳлилгари пажуҳишгоҳи стратегии Русия мегӯяд, “чӣ гуна метавон даст ба ҳалли бӯҳроне зад, агар қудратҳо яке аз яки дигар пуштибонӣ кунанд ва нахоҳанд, ки гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф канор оянд”?

Русия аз сиёсатҳои ғарбиён дар тақсими манотиқи таҳти нуфуз хеле зиёд ҷабр дидааст ва бо имзои муоҳадаҳое мавқеъи худро дар минтақаҳои гуногуни олам аз даст додааст. Москав то ҳанӯз наметавонад фаромӯш кунад, ки дар гузашта ба пофишориҳои Ғарб сар фаровард ва Балканро аз даст дод. Ду сол қабл бо суқути режими Қаззофӣ Либия низ аз дасташ раҳо шуд. Ҳоло бошад намехоҳад аз ин беш мавқеъи худро дар Ховари Миёна аз даст диҳад. Бо бозгашти Путин ба кохи Кремл дар доираҳои нуфузталаби Русия он ғоя аз нав зинда шуд, ки ин кишвар бояд беш аз ҳар вақти дигар дар ҳалли масъалаҳои байналмилалие, ки манфиатҳои жеополитикӣ дорад, кӯшо бошад. Ва яке аз ин масъалаҳо Сурия ва дигар Эрон аст. Он ҳақиқат ҳам рӯшан аст, ки шикасти Сурия ва Эрон дар минтақа зарбаи ҷуброннопазире ба манофеи Русия хоҳад зад.

Гузашта аз ин суқути Башор Асад дар Сурия дастрасии Маскавро ба пойгоҳи машҳури Тартус, ки охирин бунгоҳи нерӯҳои ҳавоии ин кишвар дар ҷазираҳои Гаван мебошад, зери хатар қарор медиҳад. Ин ва боз масоили дигар водор мекунад, ки Кремл дар канори Асад бошад ва аз ҳар роҳи имконпазир дар ҳимояи ӯ қарор гирад. Таҳлилгари амрикоӣҶон Микалессин Путинро Медведев намедонад, ки бо имзо гузоштан зери қарори Шӯрои амнияти СММ ба дастури лағви ҳокимияти Муаммар Қаззофӣ ризоят дода буд. Путин ҳозир нест ва қасд ҳам надорад ин гуна иштибоҳотро такрор кунад.    

Танҳоии Сурия дар озмоишгоҳи қудратҳои ҷаҳонӣ

Сурия миёни қудратхоҳони олам тани танҳост ва нафақат миёни талошҳои ғарбиён, балки миёни мамолики араб ва мусалмони минтақа. Ба ҷуз Ҷумҳурии Исломии Эрон дигар ягон кишвари мусалмонӣ ёрои эътироз ба хостаҳову тавтеаҳои ИМА ва ёронаш надорад. Душмании аъроб ба ҳаддест, ки вақте Москаву Пекин ҳама гуна талошҳои дахолати  низомии НАТО ва ИМА-ро аз тариқи Шӯрои амнияти СММ хунсо карданд, Иттиҳодияи Араб аз кишварҳо ва созмонҳои ғарбӣ даъват намуд, ки ба Сурия дахолати низомӣ кунанд. Замоне Муаммар Қаззофӣ ҳам миёни анбӯҳи кишварҳои араб ва мусалмон танҳо буд, вале вай ғуруре дошт бемисл. Вай ошкоро олами арабро калламушҳо меномид, вале арабҳо ӯро ба истеҳзо мегирифтанд, чун медонистанд, ки аз теғи Ғарб илоҷи раҳоӣ надорад ва рӯзе мерасаду суқут мекунад.

Фарқияти Башор Асад аз Қаззофӣ надоштани лаҳни шадиди муколама бо мухолифон ва кишварҳои зидахл аст. Башор парвардаи хонаводаи  президент ва таҳсилкардаву фарогирифта бо фарҳанги муколамаи ғарб аст. Лаҳни шадид аз шеваи мусоҳиба ӯ нест, вай зиракона бо ин гуна сиёсатҳо бархӯрд мекунад ва боз нек ҳам медонад, ки пуштибонии Москаву Пекин ҳам ба хотири муҳаббати онҳо ба Сурияву мардуми он нест. Балки ба хотири ҷойгоҳу мавқеъ дар сиёсатҳои байналмилалӣ ва ҳифзи манфиатҳояшон дар минтақа аст. Аз ин рӯ коршинос дар умумри баҳри Миёназамин ва Ховари Миёна Фабрис Баланш дар сӯҳбате бо нашрияи «Le Nouvel Observateur» гуфта буд: “Русия ба Асад фишор нахоҳад овард, русҳо вақтро кашол медиҳанд, талаб мекунанд, ки ҳамаи маълумоти заруриро, ки ба дахолати хориҷӣ метавонад сабаб шавад, дар ихтиёрашон гузоранд”. 

Соли гузашта аксари таҳлилгарони масоили амниятӣ бар пояи се фарзия рӯйдодҳои Сурияро пешгӯӣ мекарданд. Аввал мегуфтанд, ки НАТО билохира даст ба амалиёти низомӣ мезанад. Ин иқдом сурат гирифт, вале ба иллати мухолифати Русия Паймони Атлантики Шимолӣ натавонист ризояти Шӯрои Амниятро ҳосил кунад. Аз сӯи дигар ба назар расид, ки баъди Афғонистон ва Ироқ мушкил шуд, ки касе худро андармони бӯҳрони дунболадор кунад.

Фарзияи дуюм он буд, ки роҳи ямании ҳалли бӯҳрон санҷида мешавад. Ин роҳ қурбонии Башор Асадро мехост, ки низ хилофи манфиатҳои Маскав дар минтақа буд. Роҳи яманӣ маҳз ба ҳамин иллат амалӣ нагардид. Ва ниҳоят сеюм, коршиносон ҳадс мезаданд, ки ҳукумат назорати авзоъро дар сар то сари кишвар ба даст мегирад, вале сол ба поён расид ва боз ним соли дигар аз соли нав ҳам мегузараду Асад натавонист бахшҳои зери нуфузи мухолифон мондаи кишварро ба даст орад. 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi