01:01:10 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Бозор Собир: «Дубора созамат Ватан…»

Бобоҷони Шафеъ, «Рӯзгор»

Бозгашти Бозор Собир ба Ватан, ки тӯли як ҳафтаи охир зеҳнҳоро ба худ машғул доштааст, дар ҳақиқат сазовор аст, ки ба гузаштаву имрӯзи ин суханвари беҳамто, роҳҳои пурпечухами зиндагонӣ, калавишҳо дар афкору ашъораш назар андохта шавад. Зеро Тоҷикистон бори дигар бо шахсияти пуртазоде рӯ ба рӯ мешавад, ки ҳарчанд муддати бист сол ҳузури физикӣ надошт, вале аз ёду хотири ҷомеа ва давлат берун набуд.

Гӯиё ин лаҳзаҳо дар гардани Файзоваам,

Дар таги лабгӯшаи як боми беандоваам.

Ёд дорам ин иморат хонақоҳи кӯҳна буд,

Дина ман даҳсолаю ин хона чумчуқхона буд.

1.bozor-sobir 062013Устод Бозор Собирро дидам, ки тақрибан ҳама ашъорашро таҳрир карда буд. Баъзан китоби навашро варақ мезадам ва медидам он байтҳое, ҷовидона мепиндоштам, ҳафз шуда. Байтҳое, ки замони ҷавонӣ аз бар карда будем, байтҳое, ки гумон мекардем ошноӣ бо қалбҳои мо доранд. Аммо он чӣ овардам, асли ҳамон мисраҳост, ки 25 сол пеш медонистам. Файзоваи шоиру Остонаи нигоранда ба назарам як чизе буданд бо номҳои гуногун. Ва он боми беандова, ки рӯзҳои боронӣ фарши пахолиро пур аз об мекард, ҳамон хонаи тифлии мо буд. 

Аз ин шеър ҳамон бӯи тифлӣ ба машоми мо мезад: борони баҳор, резиши якмароми оби борон аз новаҳо, чакраҳое, ки аз боми хонаи гилини моро мегузаштанд ва бистари нарми тифлиро тар мекарданд. Ин шеърро замоне хондему аз бар кардем, ки аз деҳа ба шаҳр омада будем ва ину боз ашъори дигар мо деҳотиёни шаҳрнишинро ба зиндагии пурмашаққати тифлӣ мепайваст. Аз ин мо назокати хонаҳои тифлиро пеши рӯ меовардем ва он хона дар тасаввури мо болотару зеботар ва пурнуртар аз баландошёнаҳои пойтахт буд.

Вале на ину на он. Устод Бозор дар он замон бо ҳамон чанд шеъре соҳибшӯҳрат шуд, ки аз забону аз миллат суруд. Сарнавишти талхи фарзонагонро ба риштаи назм кашид, аз туркталошиҳову турктозиҳо ва ҷабри душманон ҳикоят кард. Ҳарферо фош гуфт, ки дигарон дар маҳофили гуногун бо садои нимшунаво мегуфтанд. Вале Бозор Собир онро ба шеваи исён ва басо бараҳнаву бепарда гуфт.

Душмани донишгадояш “Дониш”-и Сино гирифт,

Душмани бесуннаташ девони Мавлоно гирифт.

Душмани санъатфурӯшаш санъати Беҳзод бурд,

Душмани бехонааш дар хонаи ӯҷо гирифт.

Ин пора аз шеъри “Забони модарӣ” буд. Рӯи чоп омад, марказҳои идеологии ҳизби коммунисти вақт маҳкумаш намуданд, ҳама дарҳои илтифоту муҳаббатро ба рӯи шоире бастанд, ки умеди миллат, армони Ватан мебоист мешуд. Аммо ин қалби ӯро шикаста накард, балки ашъори дигарро суруд, ки қотеътар аз ин буд. Ман, ки муҳаққиқи ашъори устод нестам ва намедонам кадом шеъри ӯ дунболи кадомаш рӯи коғаз омадааст. Аммо чун як хонандаи ашъораш медонам, ки баъди “Забони модарӣ” шеърҳои “Бухоро”, “Аҳмади Дониш”, “Теғи Сино” ва ғайраро хондему аз бар кардем. Ҳатто ба назарам “Забони модарӣ” он шабу рӯз мисли гимни миллӣ буд, ки дар ҳар маҳфили озодагон қироат мешуд.

Режим ин гуна ашъорро бо посухҳои ба истилоҳи имрӯза “фабрикаи ҷавоб” маҳкум мекард, вале аз интишорашон дар маҷмӯъаҳои шоир ҷилавгирӣ наменамуд, чун главлити он дар оғоз дониста ё надониста ба чопаш иҷоза дода буд. Ва мо ҷавонони он солҳо бо ҳамин шеърҳо тафакури ғуломона шикастем, инҳо ба зоти худ ашъори сиёсии даъватӣ буданд, даъват ба худшиносӣ, даъват ба инқилоби фикрӣ ва даъват на танҳо ба ифтихороти миллӣ, балки рӯ овардан ба рушди маънавӣ дар асри кайҳон. Ва ҳадафи шоир танҳо на ин буд, ки аз гузашта бинозад ва хонандаи худро ба ҳамин нозишу ифтихори бепоя даъват намояд. Ҳадаф ёд овардани гузаштагон ва даъват ба он ки ин насл ҳам аз худ меросе гузорад, то ояндагон баъди қарнҳо аз он ифтихор дошта бошанд.

Аз азал доруи тоҷик решаи хор асту бас,

Лек то ҳафтод пушташ бӯи Сино мекунад.

Пеши ӯ аз зикри ноне зикри ҷони зинда беҳ,

Орзуи рӯҳи волою тавоно мекунад.

Ва мисраъҳои баъдӣ афсусу надоматанд. Миллате, ки Буалии бедор ба ҷаҳон дод, имрӯз ғафлатзадаву парешон ва дар хоби ноз аст.

Буалӣ бедору халқи Буалӣ бедор не,

Буалӣ ободу мулки Буалӣ зеру забар.

Пеши ақли Буалӣ ақли замон кутоҳ буд,

Пеши дасти Буалӣ, дасти замон кутоҳтар.

Рӯ ба сиёсат, шикасти коммунизм, зинда бод коммунизм

Ҳамин дард ӯро тадриҷан ба майдони мубориза кашид, рӯ ба сиёсат бурд. Устод имрӯз мегӯяд, ки иштибоҳ кард ва набояд Шӯравӣ пароканда мешуд, набояд пайкараи Ленин барканда мешуд, набояд парчами сурх ва ғояи коммунизм аз миён мерафт. Аммо тарсам, ки ин ҳарфи ӯ набошад. Он дарди замон буд, ки Бозор Собирро ба майдон кашид ва Бозор шоирест, ки наметавонад бе дарди замона биншинад. Вай ҳатто замоне, ки дар Амрико ба сар бурд, дардаш ба дарди башар табдил шуд ва паноҳандаи Амрико решаҳои бадбахтии инсониятро дар Кохи Сафед ва пайкараи Озодии он дид. Зистан дар маркази фитнаи ҷаҳонӣ чашми ӯро ба сиёсат бозтар кард, вай аз Кохи Сафед ба бурҷҳои Кремл дида дӯхт ва фурсати таҳлил дошт то ба ин хулоса расад, ки “коммунизм инсоф, виҷдон, дониш ва ниҳояти инсон” аст.

Коммунизм-ниҳояти инсоф,

Коммунизм-ниҳояти виҷдон,

Коммунизм-ниҳояти дониш,

Коммунизм- ниҳояти инсон!!!

Ин ҳарфи шоирест, ки замоне ифтихор мекард ҳаргиз коммунизму коммунистро ситоиш накардааст ва сари даъвояш ҳақ аст. Дар ашъори то давраи истиқлоли Бозор Собир мисрае аз ситоиши давлати Шӯроҳо пайдо намешавад. Аммо вай имрӯз ҳам коммунист нест, узвияти ин ҳизб надорад, вале ҳарферо мегӯяд, ки Шодӣ Шабдолов, раҳбари коммунистони кишвар ҳам аз гуфтанаш ибо мекунад. Аммо инро таҳаввулоти тафакури шоирии устод Бозор гуфтан ҳам нашояд, чун дар ин гуна мисраъҳо образҳои ноби шоирӣ дида намешаванд, инҳо шиоранд, на шеър, эҳсоси ҳамонлаҳзаии шоиранд, дар пасманзараи фитнаҳои ғарбӣ ва қиёси коммунизму капитализм дар ватани демократия рӯи коғаз омадаанд. Ман чун дилбастаи ашъори шоир ин мисраъҳоро қабул надорам, Бозоре, ки ман мешиносам ҳамонест, ки мегуфт:

Ҳар куҷое санг дидам,

Даст бурдам бар сараш чун бар сари фарзанди хеш.

Гуфтам ӯро аз Бадахшон кандаанд,

Тифли ширхори маро аз банди пистон кандаанд...

Бозгашт ба бӯву ёди Ватан

Ва ҳоло ҳам сари ҳамин андеша ӯ устувору қоим аст, на Президенту на дору дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, балки ҳамин меҳри Ватан ӯро ба Тоҷикистон овард. Вале вай мунтазир буд, то ишорае аз сарвари аввали кишвар шавад ва бозгашташ бошарафона бошад. Ва ҳатто ин ҳам бегона ба хулқу тинати шоирии Бозор Собир аст. Вай танҳо барои он баргашт, ки наметавонист беватан бошад. Наметавонист Сиёвуши Касроӣ ё Нодири Нодирпур бошад. Нодирпур ҳам иртиботи сахти маънавӣ бо Ватан дошт ва мегуфт:

Дилам меход ба Исфаҳон баргардам... Вале наметавонист. Барои даъвати Нодирпур ҷуръати раҳмонӣ ба ҳокимони Эрон намерасид, ғурури мазҳабӣ, ки замоне Нодирпур онро ба истеҳзо мегирифт ва мегуфт: Дар ин ҷаҳаннам, гули биҳиштӣ чӣ гуна рӯяд, иҷоза намедод шоири маъруфро ба меҳан хонад. Эмомалӣ Раҳмоне набуд, ки мафкураи шоири меҳанпарастро иштибоҳ надонад, балки як ҷараён ё тафаккури сирф инфиродӣ хонад ва дар ин Ватани бузург маконаш диҳад ва бозгардонад.

Ва бо тафаккури саршор аз меҳри Ватан Бозор Собир, ки гуфта буд ба Амрико акнун барои мурдан меравад, наметавонист дар ғурбат бимирад. Ва мисолаш ин мисраъҳоянд, ки ахиран шоир сурудааст:

Дубора созамат Ватан,

Ба хишти ҷони хештан

Сутун занам ба сақфи ту,

Ба устухони хештан.

Аз ин пеш устод Бозор Собир ду маротибаи дигар ба Ватан омад. Устод Қаноат аз сӯҳбатҳову мушоҳидаҳояш ба ин натиҷа расида буд, ки Бозор Собир ҳамон ду бор ҳам омада буд, то бимонад, вале ишораҳояшро нодида гирифтанд. Дар ин ду сафар Иттиҳоди нависандагон маҳфили шеъри Бозорро баргузор накард, чун амр аз боло набуд. Барои амри боло бояд шахсе дар сатҳи Турсунзода раиси Иттифоқи нависандагон мебуд, то Эмомалӣ Раҳмонро мутақоид созад, ки бозгашти шоир ва пазироии ӯ сиёсат аст, шӯҳрат аст ва гузашта аз ҳамаи ин эҳтироми шахсиятҳое чун Бозор Собир мондагорӣ дар таърихи миллат аст.

Ва боз ин дар ҳолест, ки шоир маҳз дар даврони ҳокимияти Эмомалӣ Раҳмон зиндонӣ шуда буд ва кӯчактарин пазироӣ занги ранҷишро аз қалби ӯ мезудоид. Вале касе ин корро накард, билохира заковати президентӣ худ даст ба кор шуд. Ва имрӯз иқдоми президент шоиста шуд, ки Иттифоқи нависандагон дар фикри унвон ба шоир уфтад, дар пайи тарҳрезии силсилачорабиниҳо бо ширкати ӯ шавад.

Дар ҳамон сафарҳо ҳисс мешуд, ки шоир як замони дигари бӯҳрони тафаккури сиёсии худро тай мекунад ва мусоҳибаҳои зиёде дар матбуот анҷом медиҳад, ки ба назар мерасад ҳарфи сари эҳсосот гуфтаи шоир бидуни таҳрир рӯи чоп меоянд. Дар натиҷа афроди зиёде аз ҷумлаи донишмандон ва мутафаккирон худро аз ӯ канор мегиранд. Кор ба ҷое мерасад, ки Бозор Собир аз Муҳаммадҷон Шакурӣ ба хотири пуштибониаш аз президент интиқоди тунд мекунад ва ин низ расонаӣ мешавад. Баъдан, гоҳ Ҳизби наҳзати исломиро нолозим мешуморад ва гоҳи дигар дар ҷомеаи мазҳабии Тоҷикистон худро бехудо ва дур аз ҳар гуна эътиқод эълон мекунад.

Вале ин даъвои мусоҳибавӣ ё матбуотии ӯ нест, балки дар ашъораш ҳам ҷо-ҷо ишораҳое ба ин дорад, ки таълимоти Маркс “Дин афюни халқ” -ро ба хотир меорад. Банда инро ҳам эҳсости шоиронаи шоир медонам, ки шояд дурӣ аз фазои мазҳабии кишвар, бародарону хоҳарон ва ҳамватанони мусалмон, муҳити озоди амрикоӣ таъсираш кардааст ё омили дигар ва дур нест, ки тадриҷан ин андеша дар зеҳни шоир кунд шавад. Шояд акнун аз ин ба баъд мусоҳибаҳои адиби шинохта муназзам таҳия ва сонсур шаванд, чун худи ӯ дӯсти шоираш, вакили мардумӣ Низом Қосимро маъмури иртибот бо расонаҳо кардааст. Ҳарчанд сонсур ба тинати шоир бегона аст, ҳарчанд мушкил аст афкори ӯ идора карда шавад. Вале ба ҳар ҳол хуб аст, ки ин гуна маҳдудиятҳое бошанд.

2.bozor-sobir 062013Бозор Собир ягона шоирест, ки намешавад ашъори ӯро берун аз сиёсат таҳлил кард. Бахусус, навиштаҳои бист соли охир ва панҷ сол пештар аз он тақрибан комил олудаи сиёсатанд. Чун сиёсат як марҳилаи зиндагонии шоир буд. Вай вакили парламон интихоб шуд, аз минбари парлумон ҳарфҳоеро мегуфт, ки ба тафаккури бевитамини маънавии вакилон намеғунҷид. Дар ҳамон суханрониҳояш ҳам андешаҳои сиёсии худро шеъргуна ироа мекард. Оқибат ӯро нафаҳмиданд, депутатҳоро “мӯзаи пои ҳукумат” номид, ваколати худро канор гузошт ва хориҷ шуд. Аз Шӯро хориҷ шуд, вале дар тафаккуру андеша ҳамон Бозор Собири растохезиву демократ монд.

Аз назари шоир, муҳаққиқ ва рӯзноманигори тоҷики муқими Эрон Беҳрузи Зебеҳулло дар ин бист соли охир Бозор Собир мавзеъгириҳои пуртазоди сиёсӣ ва иҷтимоӣ дошт, ки дар аксар маврид боиси сару садоҳои зиёд мешуданд. “Мавзегириҳои сиёсӣ ва иҷтимоии устод Бозор Собир тайи 20 соли ахир бисёр мутазоду печида буда боиси эҷоди таниш, сарусадо, ихтилоф ва гоҳҳо навмедии ҷонибдорону мухотабони сарсахти ӯ будааст.Ҳоло низ касе наметавонад пешбинӣ кунад, ки баъди муддате аз иқомати устод дар кишвар назари ӯ дар бораи вазъи кунунии ҷомеа чӣ гуна хоҳад буд ва чӣ чархиши тозае дар афкори устод иттифоқ меуфтад. Бидуни шак ҷомеаи мо бояд омода бошад, ки ӯ як шоири бисёр ҳассос аст ва дар оянда низ дидгоҳҳҳои худро дар мавзуоти мухталиф бепарда баён хоҳад кард”.

Ҳарфи худаш бозгашташро ҷомаи сиёсӣ пӯшонд

Дар маҳофили кишвар баъзан ба бозгашти устод Бозор Собир тобиши сиёсӣ ҳам доданд. Ба он маъно, ки дар остонаи интихобот ҳукумат мехоҳад дар таблиғоти зидди мухолифонаш аз ӯ истифода кунад. Ва ҳарчанд дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурӣ бо суханони Абдуфаттоҳ Шарифзода инро такзиб кард, вале ангезаи аслии паҳн шудани ин гуна назарҳо изҳори назарҳои худи устод дар гузашта ва имрӯз буд. Дар рӯзҳои охири бозгашташ ба Амрико устод Бозор дар чанд мусоҳиба зидди Ҳизби наҳзати исломӣ, ки ҳамакнун давлат рақиби аслии худ медонад, садо баланд карда буд.

Дар гузоришоти кӯтоҳи фурудгоҳии худ расонаҳо маҳз ба ин бахш аз суханони Бозор таваҷҷӯҳ карданд, ки мегуфт дар кишвар созмонҳои нодаркор зиёданд. Ҳамин гуна як назар ба вазъи сиёсии кишвар дар қадами аввал ба Душанбе боис шуд, ки ин гуна сару садоҳо ба миён оянд. Беҳрузи Забеҳулло низ ба ин ишора мекунад ва мегӯяд: “Тафаккур ва назариёти сиёсиву иҷтимоии устод Бозор дар ҷиҳати ҷомеасозӣ чандон решаӣ ва боаҳамият набуда, вале дар ҳавзаи адабиёт метавонад ҳаракати тозае эҷод кунад. Дар маҷмӯъ, ҳайф аст, ки гуруҳҳои сиёсии дохили кишвар бихоҳанд аз ҷойгоҳи ин шоири мумтоз ба хотири ҳадафҳои сиёсӣ ва идеологии хеш сӯистифода кунанд”. 

Таҳлилгари тоҷики муқими Русия Ҳабиб Саид низ ҳамин гуна назар дорад. Вай мегӯяд: “Баргаштани шоир ба ватан хуб аст. Пеш аз ин ин ӯ меомаду мерафт, вале ҳукуматдорон гӯё ки ӯро намедиданд, вале дар соли интихобот ӯро бо дабдабаи хосе пешвоз гирифтанд, ҳатто Низом Косимро котиби ӯ таъин карданд, то оянда шоирро зидди ҳизбҳои оппозитсионӣ истифода баранд, пеш аз ҳама зидди ҳизби Кабирӣ”.

Мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо шоири дардошно дар Кохи миллат ва тамошои қаср, сӯҳбати самимиву ошкор аз он ки шахсан президент дар гузашта низ борҳо аз шоир бозгашташ ба Ватанро хоста буд, Бозор Собирро метавонад бештар дилгарм кунад, ки ин бор шояд тамоман бимонад. Ҳатто дар фурудгоҳ ҳам натавонист хурсандии худро аз истиқболи гарми намояндагони давлат пинҳон дорад. Вале ба назар мерасад ҳар имову ишора ва ҳар ҳарфу ҳиҷои ӯву амалкардҳои давлат дар зеҳни баъзе инсонҳои ба истилоҳи Қодиршои Мурувват тангназар он эҳсосеро ба вуҷуд оврадааст, ки ҳукумат бо таваҷҷӯҳ ба шахсияти Бозор барояш хонаву дигар имконоти зиндагониро фароҳам меорад. 

“Агар ин мардуми тангназар боре медиданд, ки ҳукумат ва ҷомеъаи Қирғизистон то дар ҳаёт будани нависандаи бузург Чингиз Айтматов чӣ шароитро барояш муҳайё карда буд, аз ин рафторашон хиҷолат мекашиданд. Ё дар Қазокистон нисбати шоири шаҳир Олжас Сулаймонов то имрӯз чӣ имтиёзу меҳрубониҳо анҷом меёбад! Ҳамагӣ тайи ин 19 соли ғурбати устод Бозор сару садо доштем, ки ҷойи ӯ дар соҳаи шеъри муосирамон холист ва бозгашташ ба равнақи он муассир хохад буд. Акнун ки устоди мусофир бо кулоҳи ғарибонаи худ ба диёр омад, боз ҳарфу нағмаҳои нав атрофаш метанем”, мегӯяд Қодиршои Мурувват, сардабири нашрияи тоҷикии “Паёми Алла Тао” дар Қирғизистон.

Бист соли бе Бозор

Бист сол Тоҷикистон бе шоире ба сар бурд, ки чуноне дар боло ёд кардем, талотуми бедории афкору андешаи худшиносиро дар мағз андамағзи насли худ ҷо карда буд. Шоире бо ашъори мондагор, адибе чун Саъди Салмон кунҷи зиндонро ҳам дид, вале ҳарфе аз андешаро аз даст надод. Дар ин бист сол кишвар ба таҳаввулоти муҳим рӯ ба рӯ шуд, садҳо ҷилд китобҳои шоирони наву кӯҳанаш ба нашр расид, сафи Иттифоқи нависандагонро даҳҳо собиқ навқаламон пур карданд, рафҳои мағозаҳо аз китобҳое пуранд, ки кас намехарад ва намехонад. Вале ҷои шоире чун Бозор Собир ҳамоно холӣ буд. Бахусус, баъди реҳлати Лоиқ Шералӣ ин холигоҳро дигар касе натавонист пур кунад. Вале боз ҳам агар жарфтар таҳлил кунем, мебинем, ки бо вуҷуди дурӣ аз Ватан барои ин ҷомеа дар ин бист сол бегона намонд. Ҳамон Бозоре монд, ки буд, ҳарчанд насли шефтагони ашъораш ба солорӣ расиданд ва акнун замоне расид, ки ӯро насли дигар шоири худ хонад.

Беҳрӯзи Забеҳулло ин бист соли ғайбати устодро дурӣ аз хонандаи ашъораш намедонад ва мегӯяд: “Гарчанде муддати 20 соли умри хешро дар ғурбат ба сар бурд ва дар ҷомеа ҳузури физикӣ надошт, аммо шеъри ӯ, чархишҳои фикрӣ ва мавзегириҳои сиёсиву иҷтимоии вай ҳамчунон муайиди бедорӣ ва ба чолиш кашидани зеҳнҳо дар дохили ҷомеа буд ва аз пур сару садотарин шоирони даврони истиқлол ба шумор меравад”.

Аммо дар ин росто андешаҳои дигар ҳам вуҷуд доранд. Пажуҳишгари тоҷик Шоҳмансури Шоҳмирзо бар ин назар аст, ки бозгашти Бозор Собир дар фазои фарҳангию сиёсии кишвар асаре нахоҳад гузошт ва суол мегузорад, ки чаро? «Зеро ҳарфи Бозор дигар мисли гузашта харидор надорад (дар бораи шеъраш наметавонам инро бигӯям, зеро шояд ашъори хубу сарае бигӯяд) ва шоир бо чанд назару дидгоҳе, ки пас аз муҳоҷират баён дошт, собит намуд гоҳе аз сари эҳсос нукоте мегуяд, ки ба завқу салиқаи мардум бармехурад ва аз суханваре, ки орзу дошт “шеър дар ҳалқам бимирам, шоири халқам бимирам”, чандон хушоянд набуд, ба вижа ин ки мардуми мо мусулмонанд ва гуфтани бархе ҳарфҳои эҳсосбарангез аз сӯи ишон чандон пазируфта нест ва ба бовару эътиқодоти мардум набояд бозӣ кард. Ҳарчанд “Забони модарӣ” -и Бозор нуқтаи авҷи эҷодиёти ӯ хоҳад монд ва бо ин шеър аз ӯ ёд хоҳанд кард, ки набояд онро нодида гирифт.

20 сол бе Бозор ҳам гузашту баъдан ҳам хоҳад гузашт, гарчи сурудаҳои ӯ ба ҳар тариқе дастраси мардум мегаштанд ва аҳли адаб аз онҳо мутталеъ мешуданд»- мегӯяд ӯ.

Дар ин бист сол ва бахусус тӯли даҳ соли охири он дар саҳифаҳои матбуот мақолаву мусоҳибаҳое нашр шуданд, ки ӯро дар муқобили ҷараёни адабии кишвар, шахсиятҳои маъруф ва созмонҳои мӯътабар қарор доданд. Ҳар сӯҳбату мусоҳибаи ӯ вокунише дар ҷомеа дошт. Ҳатто ба ҳадде, ки шахсиятҳои фарҳангиву илмии кишвар бо ирсоли номае ӯро ба ёвагӯиву дурӯғпароканиҳо муттаҳам намуда буданд. Тавре Беҳрӯзи Забеҳулло ишора мекунад, “ашъор, мақолот ва мусоҳибаҳои зидду нақизи устод ҳамеша ҷомеаро ба ҷунбиш оварда вокунишҳои тундеро низ алайҳи худ ба бор овардааст.

Сарфи назар аз мавзегириҳои бист соли ахир устод Бозор дар бораи адабиёт ва иҷтимоъ , масоили дохилӣ ва байналмиллалӣ ва вокунишҳое, ки нисбати шахсияти вай шакл гирифт, Бозор ҳамчунон аз таъсиргузортарин рушанфикрон дар ҷомеа маҳсуб мешавад. Ашъори ӯ тайи ин муддат дар сари забонҳо, расонаҳо ва маҳфилҳои кишвар ҷорӣ буд, ки ин як имтиёзи бузурге барои ин шоири шӯрангез аст. Аз ин рӯ, инсофан ҳеҷ кас наметавонад таъсири устод Бозор Собирро дар муҳити адабӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ҳатто дар замони ғайбати ӯ инкор кунад. Балки аз ин лиҳоз ӯ бештар аз шоироне, ки дар дохил буданд, дар фикру зеҳни аҳли сухан таъсиргузортар буд ва умедворем, ки баъди бошгашт низ ин мақоми фақулъодаи хешро дар ҷомеа ҳифз хоҳад кард. Дар як калом, бозгашти устод Бозор Собир ба Ватан муҳимтарин ва хушояндтарин падидаи даврони истиқлоли Тоҷикистон аст!»

Поёни сухан

Дар анҷом як бори дигар навиштаҳои болоро мурур кардам ва дидам, ки ҳарчӣ бигӯем боз ҳам ба мисли он ки чизе нагуфтаем. Қарор бар ин шуд, ки мулоҳизот рӯи зиндагинома, осору афкори устод идома дода шавад. Вале ҳоло бояд суханро ба поён барам. Ва аз миёни пурсишҳоям назари Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, яке аз ровиёни ашъори устод Бозор Собир Ортиқи Қодирро муносиб ба ин хулоса ёфтам, ки гуфт: "Устод Бозор Собир яке аз тавонотарин шоирони муосири тоҷик аст. Ӯ ҳамеша бо рӯҳи озоду озодихоҳу озодиталоши худ аз ҳама гуна қолабҳо, меъёрҳои расмӣ ва урфу хурофот озод буд ва ба ягон такаллуфу таърифу хушомад ниёз надошту надорад. Устод Бозор бо шеъраш, бо андешаву афкораш бо ватан, бо халқаш буду ҳаст. Ин ки ӯро расман ба Тоҷикистон оварданд, ин обрӯи ҳукумат ва ба суди худи ҳукумат ҳоҳад буд.

Имрӯз баъди реҳлати устод Лоиқ дар доираҳои фарҳангиву адабӣ ва сиёсиву иҷтимоии кишвари мо фардеро, ки дар ҷои зарурӣ ва дар мавриди тақозои вақту вазъият ҳарфи рост бигӯяд, ҳақиқатро беибо, аз дарду доғҳои ҷомеа ва мардум, аз бисёр беадолатиҳое, ки монеъи пешрафти ҷомеа мегарданд, ошкоро сухан гӯяд, пайдо кардан душвор аст. Устод Бозор чунин ҷуръат ва чунин ҷавонмардиро дорад ва имрӯз барои сарвари кишвар чунин афрод бисёр заруранд. Мо мебинем ва ҳис мекунем, ки Раиси ҷумҳур аз тамаллуқкориҳо, хушомадгӯиҳо ва ғаразҷӯиҳои атрофиёну як идда судхоҳону мансабтарошон дилгир шудааст. Устод Бозор ҳеҷ гоҳ дар талоши  унвону мукофоту мансаб набуду нест.

Умедворем бо бозгашти ӯ дигар дар маҳофили адаб, саҳнаҳои ҳунар, сӯҳбати барномаҳои телевизиону радио бештар ҳарфи ҳақ, сухани ноб, шеъри баланд, афкору андешаи тоза садо медиҳад".  



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi