12:06:50 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Бишканад дасте, ки бозуи заифон бишканад!

Зиндагӣ бо зан хуш аст. Маҳз ҳамин зан аст, ки бо тамоми он нозу назокат, лутфу меҳрубонии худ оламро мафтун месозад. Ба дилҳо фараҳ бахшида, доимо дар фикри шавҳар ва ба воя расонидани фарзанди комил аст. Аммо мутаассифона, гурӯҳе аз нафароне чашмрасанд, ки ҳамаи ин бузургиҳои занро нодида мегиранд. Занро зери мушту шиканҷа қарор медиҳанд. Ба қавле зуриашонро назди занон нишон медиҳанд.

1-bishkanad 062013Аммо дар асл ҳеҷанд, чунки он марде, ки сӯйи зан, модари фарзандон даст мебардорад, аввалаш ин ки ӯ мард нест ва дуввум бошад, шахсе ки худро мард меҳисобад, ҳеҷ гоҳ назди зан зурии худро намоиш намедиҳад. Марде, ки ҷасур ва зӯру тавоност, ӯ зӯриашро дар он ҳолат метавонад нишон диҳад, ки бо мард дар набард бошад, на бо зан. Вале бадбахтона, имрӯзҳо аксарияти мардони аз маърифати инсонӣ ақибмонда далерии худашонро дар набард бо ҷинси латиф, яъне зан нишон медиҳанд, ки ин ҳеҷ мумкин  нест.

Ростӣ, имрӯзҳо вақте бо қисме аз нафарони оилаҳояшон вайроншуда, ҳамсӯҳбат мешавед, мегӯянд, ки «шавҳарам маро беҳудаю баҳуда зиёд мезад» ва ё «шароб менӯшиду дар ҳолати мастӣ чунон мезад, ки худ хабар намеёфт, ки чӣ кор карда истодааст» ва монанди инҳо. Хуллас, ҷавобҳо як буданд, яъне «байни ману шавҳарам якдигарфаҳмӣ набуд, аз ин рӯ маро мезад». Пас аз шунидани чунин посухҳо шахсе, ки ҳоло оила барпо накардааст дилаш аз зиндагӣ хунук мегардад. Нисбати чунин мардоне, ки ба сари зан даст мебардоранд, ҳазорҳо нафрат мегӯяд. Бигзор зан ҷоҳил ҳам бошад, шарт нест, ки ӯро зери азобу шиканҷа гузорем.

Як чизро фаромӯш накунем, ки ӯҷинси латиф аст. Қуввати ҳамаи он зарбаҳои гарони шавҳарро надорад. Пеш аз оне, ки занро лату кӯб мекунед, каме  фикр кунед, ки охир ӯ ҳамсар ва модари фарзандони шумост. Набояд, ки бо ӯ чунин муносибат кард. Ин сухан дар китоби муқаддаси Қуръони карим дар сураи «Бақара» ояти 187-ум хеле возеҳ омадааст, ки «…Онҳо барои шумо либосанд ва шумо барои онҳо либосед…».

2-bishkanad 062013Аз ин рӯ, ҳар шахси худогоҳ пас аз хондани ин ҷумлаи пурмаъно пай мебарад, ки бузургии зан ҳатто дар китоби муқаддас низ оварда шудааст ва ба қадру манзаллати ҳамсар мерасад. Аз диди банда, фарде, ки нисбати ҳамсари хеш беэҳтиромӣ мекунад ва ӯро дашномҳои қабеҳ  медиҳаду мезанад, ҳурмат намекунад, модари худро дӯст намедорад. Чунки вақте бо ҳамсар рафтори бад мекунад, фаромӯш насозад, ки ғайр аз ҳамсар будан ӯ боз модар низ  ҳаст. Чи тавре ки модари хешро ӯ дӯст медорад, пас бидонад, ки фарзандони ӯ низ модари худро ҳамчунон дӯст медоранд. Ҳамсарро ҳам мисли модар бояд азиз донист ва эҳтиром кард. Чунки ӯ низ модар аст, баҳри фарзандони хеш. Худованди бузург қадру манзалати занро бениҳоят баланд кардааст, Ҳатто дар Қуръони маҷид сурае махсус ҳаст бо номи «Нисо». Пайғамбар (с) мефармояд: «Канизакони худро назанед». Канизак ба маънои хидматкунанда омадааст.  Яъне занҳо ҳамеша дар хизмати шавҳару дар хизмати Худои хешанд». Аз ин гуфтаҳо бар меояд, занро зери мушту лагад қарор доданд, хилофи гуфтаҳои Расули акрам аст.

Пас, дӯстони азиз, биёед зиндагии ширину гуворои Пайғамбар (с)-ро сармашқи ҳаёти хеш қарор диҳем. Занҳо арзандаи задан нестанд. Ҳар гоҳе, ки зан–ҳо зада мешаванд, ғазаби Парвардигор бедор мешавад. Ҳабиби Худо (с) мефармоянд: «Хайрукум, хайрукум ли аҳли ва ано хайрукум ли аҳли», яъне (аз ҳамаи беҳтаринҳо беҳтарини шумо ҳамон мардест, ки бо зани худ муомилаи нек дорад. Пас ман ҳам бо занҳои худ муомилаи хуб дорам). Илова бар ин дар ҷойи дигар расули Худо (с) мефармояд: «Эй мардҳо, бо занҳо муомилаи некро анҷом диҳед». Пас набояд зиндагии ширинро барои занҳо бо  лату куб талхтар аз заҳр кунем. Мардоне, ки ҳамсарони хешро азоб медиҳанд, ба қадри неъмати Илоҳӣ намерасанд. Зеро зан худ як неъматест, ки Худованд баҳри оромишу таскини мардон офаридааст.

Вақте мо донишҷӯйён чунин мавод менависем, қисме аз устодони мо, намедонам аз чи сабаб бошад мегӯянд, ки «шогирдони мо ҳоло худ оиладор нашудаанд, модар нестанд, бо мақолаҳояшон дигаронро панду насиҳат мекунанд».

Аммо бояд гуфт, ки гарчанде мо донишҷӯй ҳам бошем, аммо аз зиёд мушоҳида кардан мисле, ки аз мактаби зиндагӣ гузашта бошем, ҳамаро ба хубӣ дарк мекунем. Ин матлаб низ дар натиҷаи ҳамин гуна мушоҳидаҳо ва сӯҳбатҳо бо занҳои озордида рӯйи саҳфа омад. Шояд ки баъди хондани ин матлаб марди занозоре сар ба зонуи андеша гузорад.

Таҳмина КАРИМОВА, донишҷӯйи курси 5-уми факултети журналистикаи ДМТ 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi