11:10:50 24-уми Майи 2025 сол

ПИРӮЗИИ ДУ ҚОРИИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ

Озмуни навбатии қориёни Қуръон дар Маскав бо ташаббуси Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия баргузор шуд. Дар он беш аз 50 қорӣ ва ҳофизи Қуръон аз саросари Русия ширкат доштанд, ки ё муҳоҷир буданд ва ё фарзандони онҳо. Дар кулл озмун барои муҳоҷирони тоҷик ташкил шуд ва ин соли дуввум аст, ки он баргузор мешавад.

/images/stories/2011/09/03_qory-quron_3.9.2011.jpgДар як гуфтугӯ аз Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик, пурсидем, онҳое, ки  дар ин озмун ширкат доштанд, афроди муқимӣ ҳастанд ва ё аз Тоҷикистон омадаанду кор мекунанд ва ҳамзамон Қуръон мехонанд?

-Муҳоҷирон аз Тоҷикистон омадаанд ва муқим нестанд. Муҳоҷирони муқим ҳам ҳастанд, ки омаданд, иштирок карданд дар озмуни мо ва тӯҳфаҳои худро дастрас карданд.

ӣ ғолиби озмун шуд?

-55 ширкаткунанда дар озмун дар ду бахш мусобиқа карданд. Бахши аввал хондан аз рӯи таҷвид буд ва бахши дигар ҳифзи кулли Қуръон. Дар бахши ҳифзи кулли Қуръон писарбачаи 12-сола Мӯсоев Аҳмадҷон аз шаҳри Санкт-Петербург бо 51 хол ҷои аввалро гирифт ва соҳиби як ноутбук шуд. Дар таҷвид ҷои аввалро писарбачаи 10-сола Муҳаммадиев Неъматулло гирифт. Мукофот барои ӯ 20 ҳазор рубли русӣ буд ва як Қуръону як грамотаву як дивидиплейер. Хуллас, дар ҳарду номинатсияи озмун писарбачаҳои хурд пирӯз шуданд.

-Синну соли миёнаи онҳое, ки дар озмун иштирок карданд, чанд буд?

-Дар озмун аз 8-сола то 30-сола ширкат карданд. Аммо барои ман маълум нест, ки чаро ба писарбачаҳои 10 ва 12-сола ҷои аввалро доданд. Бовар дорам, аъзои ҳакамон қарори одилона бароварданд, ки ба писарбачаҳои ҷои аввалро доданд. Яъне ин хоҳиши кадом як касе набуд. Таъсири ягон гурӯҳ ё нафаре набуд. Қарори худи ҳакамон буд.

-Воқеан, аъзои ҳакамон кӣ буданд?

-Аъзои ҳакамон як бародар аз Шӯрои муфтиёти Русия Марат Ҳазрат буд. Як нафари дигар узви ҷавони Иттиҳоди мо, ки ҳофизи кулли Қуръон аст ва тоза аз Эрон хатм карда, имрӯз барои бачаҳои мо дарс мегӯяд, бародар Муҳаммадшариф ва як бародари дигар аз Сурия Шайх Муброз, ки низ ҳофизи кулли Қуръон ҳастанд, буданд. Дар кулл се нафар узви ҳайати ҳакамон буданд.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
-1 #2 RE: ПИРӮЗИИ ДУ ҚОРИИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВGuest 14.01.2012 22:30
субхоналлох ки мо аз ин чавонон ифтихор мекунем гарчандеки дар ватан болои ислом фишор бошадхам дар кучоеки набошем исломро хамчун гавхари чашм нигах медорем чихелеки падарони мо дар хукумати куфри камунисти пос дошта омаданд мохам чунин пос хохем дошт ягон конуни зидди дини пеши ислома гирифта наметавонад.
 
 
+1 #1 RE: ПИРӮЗИИ ДУ ҚОРИИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВGuest 03.09.2011 17:47
ва боз мехоханд бо ин конуни палиди Вазифаю Ухдадори Падару Модар №18 ! саlди рохи Иcлом ро гиранд (хайфатон)
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ