20:30:22 29-уми Июни 2026 сол

Хазина аз

"Хат омадааст имрӯз зи аскарбачаме..." Ҷавонон ва варзиш 24.02.2015 07:42 1544
Дар рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон сарбозони як қисми низомӣ имкон пайдо карданд, то бо истифода аз Интернет бо наздикони худ сӯҳбатҳои видеоӣ анҷом диҳанд. Ширкати “Мегафон” дар “Рӯзи Артиш” дар як давра сӯҳбати телефонӣ...
Чоловҳо: 5 нафар дар пушти панҷара Иҷтимоъ 24.02.2015 07:40 1187
Мақомоти умури дохила дар пайи як амалиёти вижа дар шаҳри Кӯлоб Ҷавҳаршо Чолов, бародари Қурбони Чол, фармондеҳи пешини Фронти халқиро бо гумони нигаҳдорӣ ва қочоқи маводи мухаддир боздошт боздошт кардаанд.
Эълони тендер барои лӯлаи гази "Осиёи Марказӣ - Чин" Иқтисод 24.02.2015 07:37 1571
Вазорати молияи Тоҷикистон барои иҷрои яке аз муҳимтарин тарҳҳои иқтисодии кишвар аз ширкатҳои консалтингӣ даъват кардааст, барои хизматрасонии фаннӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва молӣ дар озмуни иҷрои тарҳи бунёди лӯлаи гази Туркманистону Чин ...
Ҳалокати 3 нафар дар зери тарма Хабар 24.02.2015 07:36 1037
Бар асари об шудани барф дар роҳҳои кӯҳистонии Тоҷикистон як мошин зери тарма монда, боиси марги 3 нафар шудааст. Бино ба хабарҳо, дар рӯзҳои поёни ҳафта дар роҳҳои Тоҷикистон як мошин зери тарма монда, бар асари он 3 нафар ҷон бохтаанд.
Нирӯҳои "Хосадор"-и Покистон ду тоҷикро озод карданд Иҷтимоъ 24.02.2015 07:34 1046
Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҷумъаи гузашта барои вуруди бидуни иҷозаи ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон дар боздошт буданд, рӯзи 23 феврал раҳо шуданд.
Некӣ бимонад ҷовидон. Амри хайри Ситора Азимӣ Иҷтимоъ 24.02.2015 07:32 1334
Овозхони тоҷик Ситора Азимӣ ташаббусеро бо номи "Некӣ бимонад ҷовидон" ба роҳ андохтааст, ки ҳадафаш бо иҷрои ягон кори амалӣ ёрӣ расондан ба пирону дармондагон аст.
Э.Раҳмон: Ба Тоҷикистон як артиши замонавӣ лозим аст Сиёсат 23.02.2015 11:50 1365
Эмомалӣ Раҳмон дар солгарди таъсиси Артиши миллӣ бдар баробари таъкид ба бунёди як артиши муосир ба зарурати аз байн бурдани зуҳуроти манфие, чун "облава" ва "муносибатҳои ғайриоинномавӣ" таъкид кард.
Арзу шикояти худро ба Рамазон Раҳимзода бигӯед Хабар 23.02.2015 11:48 1020
Баъд аз дастури Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи 17 феврали Шӯрои амният, вазири умури дохилии кишвар барои шунидани арзу доди сокинон ба минтақаҳо меравад.
Як қадам то лағви лимит. Ба мардум 18 соат барқ дода мешавад Хабар 23.02.2015 11:46 1183
Шурӯъ аз ҳамин рӯз аҳолии Тоҷикистон бо дастикам 18 соат нирӯи барқ дар шабонарӯз таъмин мешаванд. То як ҳафтаи қабл аҳолии манотиқи кишвар дар шабонарӯз ҳамагӣ 10 соат барқ мегирифтанд.
Ҳероин. Дар коляска, дар бадани кӯдак ва ҳатто дар ... лонаи гург Иҷтимоъ 23.02.2015 11:45 1133
Пулиси Русия аз боздошти ду зан бо иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир дар шаҳри Тамбов хабар дод ва гуфт, ин занон дар ин пеша кӯдакони хурдсоли худро ҳамчун сипар истифода мебурданд.