07:43:48 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Нирӯҳои "Хосадор"-и Покистон ду тоҷикро озод карданд

Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҷумъаи гузашта барои вуруди бидуни иҷозаи ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон дар боздошт буданд, рӯзи 23 феврал раҳо шуданд.

pakistan_5656112445.jpgЯк манбаъ дар маъмурияти сиёсии минтақаи қабиланишини Хайбар рӯзи 23 феврал ба хабарнигори бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон баъди омӯзиши асноди онҳо ва сӯҳбат бо шибҳанизoмиёни "Хоссадор" озод шуданд.

Қаблан ШералӣҶононов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод рӯзи 23 феврал дар сӯҳбат бо мо боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар минтақаи Хайбари сарзаминҳои қабиланишини Покистонро тасдиқ кард ва гуфт, мақомоти сафорат ва консулгарии Тоҷикистон талош доранд, то ба раҳоии ин ду нафар аз боздошт даст биёбанд.

ШералӣҶононов гуфт, ки ӯҳанӯз шоми ҷумъа хабари боздошти ин ду тоҷикро ба даст оварда, билофосила ҳамон рӯз бо фармондеҳи нирӯҳои ниманизомии “Хоссадор” дар минтақаи Хайбар дар робита ба сарнавишти онҳо дар тамос шудааст: “Ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро Сайфулло ва Таваккал ном мебаранд. Мутаассифона, шаҳрвандони тоҷик ҳангоми сафар ба Покистон, бо вуҷуди ҳушдорҳои батакрори мо, худро расман дар консулгарӣ сабт намекунанд ва вақте дар чунин ҳоли мушкил меафтанд, кӯмак расондани мо ба онҳо мушкилтар мешавад. Бо ин вуҷуд мо бо фармондеҳи нирӯҳои “Хоссадор” дар Хайбар дар тамос шудем ва замонат гирифтем, ки шаҳрвандони боздоштшудаи тоҷик дар макони амн боздошт шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти Хайбар, онҳо визаи Покистонро доштаанд, вале барои сафар ба Турхам иҷозаи шӯъбаи махсуси вазорати хориҷаи ин кишварро нагирифтаанд.”

Бар асоси муқарароти ҳукумати Покистон, шаҳрвандони бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон бо маҳзи вуруд ба он кишвар, бо вуҷуди доштани виза, бояд худро дар ниҳоди махсуси вазорати дохилаи Покистон сабти ном намоянд. Ва ҳини хуруҷ аз он кишвар низ бояд ҳамин идора иҷозатномаи хуруҷ ва ё exit permit барои онҳо содир кунад. Агар ин афроди хориҷӣ мехоҳанд, ки масалан ба Афғонистон аз тариқи ағбаи Хайбар сафар кунанд, бояд онҳоро ба далоили амниятӣ аз Пешовар то Турхам нерӯҳои пулис то минтақаҳои қабиланишин ва дар қаламрави ин манотиқ то Турхам аз як посгоҳ ба посгоҳи дигар нерӯҳои “Хоссадор” ҳамроҳӣ кунанд, то дар ин масир ба чанги роҳзанҳову ҷангиёни Толибон науфтанд.

ШералӣҶононов гуфт, Турхам як масири умдаи транзити мол аз бандарҳои Покистон ба Тоҷикистон аст ва шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон низ тоҷироне будаанд, ки барои ҳалли кадом масоили тиҷорӣ ба Турхам мерафтанд. Ӯ эҳтимоли ҳаводорони созмонҳои тундрав будану азми пайвастан ба ҳаракатҳои ҷиҳодӣ доштани ин ду нафарро, ки мақомоти амниятии Покистон ин фарзияро ҳам таҳқиқ мекунанд, беасос номид. Вале ба гуфтаи сафир, ҳуввияти боздоштшудаҳо ба ҷуз номи онҳо, яъне Сайфуллоҳ ва Таваккал, дигар то ҳол ташхис нашудааст ва ҳам пурра рӯшан нашудааст, ки оё онҳо барои ҳалли кадом масъалае роҳии Турхам буданд.

ШералӣҶононов афзуд: “Онҳо ҳоло дар ҳабси маъмурӣқарор доранд, вале мо талош дорем, то ҳар чӣ зудтар ба раҳоии шаҳрвандонамон даст биёбем. Вале бори дигар такрор мекунам, ки ин қазия бояд барои боқӣ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки азми сафар ба Покистонро доранд, дарс шавад. Ҳар вақте ба ин кишвар меоед, ҳатман худро дар консулгарӣ сабти ном кунед ва ҳам дар шӯъбаи махсуси вазорати хориҷааш. Вагарна ҳангоми сафарҳо дар дохили Покистон метавонед дучори чунин мушкил шавед.”

Бино ба гузориши расонаҳои Покистон, нирӯҳои шибҳанизомии ин кишвар мавсум ба “Хоссадор”, рӯзи ҷумъа, 20 феврал ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар минтақаи  Тахтабеки Оҷонсии Хайбар дар сарзаминҳои қабиланишини ин кишвар дар роҳ ба сӯи Турхам дастгир кардаанд.

Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон визаи Покистонро дошта, то ин сафари ахирашон 23 рӯзро дар Исломобод, пойтахти ин кишвар сипарӣ кардаанд, вале ниҳоди махсусеро, ки иҷозаи сафар ба манотиқи аз нигоҳи амниятӣ хатарноке, чун Хайбару Турхамро медиҳад, аз азми худ барои сафар ба ин қаламрав азқабл  огоҳ накардаанд.

Турхам дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгир шуда, як нуқтаи умдаи транзити мол аз бандарҳои ин кишвар ба Афғонистону Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон ба шумор меравад. Манобеи покистонӣ мегӯянд, аз Турхам то Шерхон Бандар - як гузаргоҳи асосии тиҷорӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон – ҳамагӣ 8 соат роҳ аст ва ҳамарӯза аз посгоҳҳои марзиву гумрукии Турхам то 100 контейнер мол фақат ба Тоҷикистон меравад.

Аммо оҷонсии Хайбар аз тарафи дигар дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон воқеъ шуда, мустақиман ба ҳукумати марказӣ итоат мекунад ва яке аз пойгоҳҳои умдаи ҷангиёни исломӣҳам ба шумор меравад. Манобеи покистонӣ эҳтимоли аз роҳи Турхам ба Афғонистон убур кардани ҷангиёни исломиро ночиз мешуморанд, чунки ин минтақа таҳти назорати нирӯҳои артиши Покистон қарор дошта, ба маҳзи аҳамияти бузурги тиҷориву иқтисодиаш ҳамчун масири транзитӣ шадидан ҳимоят мешавад.

Дар ҳар сурат, то ҳол мушаххас нест, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон – Сайфуллоҳ ё Шафӣ ва Таваккал - дар ағбаи Хайбар чӣ меҷустанд? Тоҷироне буданд, ки ба суроғи сарнавишти борҳои худ ба Турхам мерафтанд? Ва чаро барои сафар ба ин минтақаи хатарнок иҷозаи шӯъбаи махсусро надоштанд?

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi