05:23:48 01-уми Июли 2025 сол

АКСҲОИ ХОТИРАВӢ…

Зиёданд касоне, ки бо устоди зиндаёд Султони Ҳамад аксҳои хотиравӣ гирифта. Ва зиёданд нафароне, ки ба ҷашну маросимашон устод онҳоро аккосӣ карда. Ва боз зиёданд дӯстоне, ки аксҳоеро дар худ нигоҳ медоранд, ки аз он ёдҳо доранд...

s.hamad bo duston 2654545Мо аз оғоз гуфта будем, ки хотираҳои дӯстонро гирдоварӣ мекунем ва ин корро шуруъ кардаем. То ин замоне ҳар чизе дӯстон ирсол карданд ва ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ кориданд, гирд овардем. Вале мехоҳем аксу наворҳои видеоиро низ гирдоварӣ кунем.

Аз дӯстон хоҳиш дорем ҳар аксу наворе дар ихтиёр доранд, нусхае аз онро ба мо ҳам ирсол кунанд. Ва агар таърихе дорад он навор ё расм, низ бинвисанд. Шояд устод соядасте ба расмеву китобе навишта, ки он низ барои мо аҳамият дорад. Хулоса, ҳар чизе камтарин иртиботе ба ҳаёту фаъолияти устод Ҳамад дорад, барои мо пурарзиш аст ва мехоҳем ҳамаро гирдоварӣ кунем ва дар ин ҳамин саҳифа ҷо диҳем.

Интизорем!

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ