Акcҳои хотиравӣ
Абдуазими Абдуваҳҳоб: Равони поки устодон шоду хонаи охираташон мунаввар бод!
Моҳи майи соли 2015 дар маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо", ки бо ширкати устод Мӯъмин Қаноат баргузор шуда буд, аз устод Султон Ҳамад чанд акс бардоштам. Вақте аксҳоро ба устод равон кардам, як аксеро, ки дар он ман ҳам будам, бо чунин дуо бароям фиристонда буданд:
"Абдуазимҷон, гирифтам. Як ҷаҳон сипос. Дар ҳақиқат хеле олӣ гирифтаӣ. Бораккаллоҳ! Дар як муддати кутоҳ ин қадар аксҳои ҷолиб! Хеле мамнун! Дасти Шумо дард накунад! Худо файзу баракатро дар коратон бештар кунад! Омин!"
Равони поки устодон Мӯъмин Қаноат ва Султон Ҳамад шоду хонаи охираташон мунаввар бод!