19:45:38 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Коргардони «Нотарс»: «Рушди синамои тоҷик орзуи ягонаи ман аст»

Рӯзи 7-уми июл дар Кохи Ҷомӣ нахустнамоиши филми коргардони  ҷавони тоҷик Муҳаммадҷон Раҳмонов баргузор мегардад. Чанд рӯз аст, ки мардум порчаҳои филми «Номус»-ро тариқи мониторҳои шаҳр, таблиғоти шабакахои телевизионӣ мебинанду ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Саҳнаҳои ҷолиб, набарди одаму дарранда, фоҷеа…

muhammadjon rahmonov 2013Ин ҳама диққати мардумро ба худ ҷалб карда, дар зеҳни онҳо ба коргардони филм суолҳои зиёд сар задааст. Мо барои посух ёфтан ба ин суолҳо ба коргардони ҷавони филм Муҳаммадҷон Раҳмонов муроҷиат кардем. Ӯ розӣ шуд, аммо гуфт, ки чун аз пайи охирин корҳои филм аст, вақти ниҳоят кам дорад. Ва мо аз фурсат истифода бурда, посухи чанд суоли худро аз ӯ пурсидем.

-Шумо дар риштаи ҳуқуқшиносии донишгоҳ таҳсил кардаед. Чӣ гуна омадед ба ҷодаи синамо?

-Бале, ман факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро хатм кардаам ва ҳоло дар вазифаи пурмасъул ҳам кор мекунам. Маро шавқи беандозаам овард ба ҷодаи синамо ва хостам дар вақтҳои фориғ аз кор ба филмбардорӣ даст занам. «Нотарс» филми нахустини ман аст ва ман мақсад дорам, ки дар оянда ҳам филмбардориро идома бидиҳам ва баҳри рушди синамои тоҷик ба қадри имкони худ ҳиссагузор бошам. Орзуи ман ин аст, ки синамои тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ машҳур ва соҳиби ҷойгоҳи хоссае бошад.

-Сенарияи филми «Нотарс» моли кист?

-Филмномаро худам навиштаам ва идеяи таҳияи ин филм солҳо дар зеҳни ман буду пайваста онро такмил медодам. Чун имкони муносиб пайдо кардам сабти филмро оғоз намудам.

- Мавзӯи аслии филм чист?

-Филм аз ҳаёти ҷавоне қисса мекунад, ки дилдодаи худро аз даст медиҳад ва боре ҳангоми сафараш ба хориҷи кишвар ҳавопаймо суқут мекунаду ҷавон ҳамроҳи мусофирони дохили тайёра ба ҷангал меафтад. Аксар мемиранд, ва аммо ҷавону чанд тани дигар зинда мемонанд ва маҷбур мешаванд, ки барои ҷон ба саломат  бурдан ва дар талоши ҳаёт худро аз хазандаву даррандаҳои ваҳшӣ ҳимоят кунанд. Дар ин муборизаҳо чанд тан мефавтанд ва ҷавон…. Хайр аз давоми қисса пас аз тамошои филм огоҳ хоҳед шуд.

- Аз порчаҳои филм, ки дар мониторҳои шаҳр ва телевизионҳо таблиғ мешаванд, ба назар мерасад, ки дар филми Шумо аз хазандаву даррандаҳои ваҳшӣ истифода шудааст. Инҳо ҳақиқӣ ҳастанд ё ороишоти компутарӣ?

- Ин суолро ҳазорон нафар аз ман мепурсанд. Бале, дар сабти филм мо аз хазандаву даррандаҳои боғи ҳайвоноти Душанбе ва боғҳои вуҳуши хориҷ истифода бурдем.

- Пас ҳангоми сабти филм мушкил пеш наомад?

- Кадом кор бе мушкилӣ мешавад, албатта мушкилиҳо зиёд буданд, аммо мо тавонистем онҳоро паси сар гузорем. Як нутаи аҷибро мехоҳам ба Шумо гӯям, пеш аз сабти филм мо аз тамоми дастандаркорони филм забонхат гирифтем, ки дар ҳолати аз ҷониби даррандаҳо ё хазандаҳо ба онҳо зиёне расидан, аз мо домангир намешаванд. Ҳамчунин мо дар чанд ҷойи филм тиловати сураҳои Қуръонро ҷой додем.

- Бо кадом мақсад?

- Бубинед, масеҳиёну ҳиндуҳо динҳояшонро дар синамояшон зиёд таблиғ мекунанд. Чаро мо мусулмонон ин корро накунем? Дини мо дини барҳақ аст. Динест, ки саропо тарбият аст.  Истифодаи оёти қуръонӣ дар филм дар тарбияи насли наврас ҳам таъсиргузор аст.

-Дар филми Шумо киҳо нақш офаридаанд?

- Раҷаб Ҳусейн, Кристина Зарифиева, Муҳаммадҷон Раҳмонов,  Бахтиёр Раҳимов,  Ҳамза Самеъ ва ҳунармандони ҷавони дигар.

- Хуб таманно мекунем, ки филми Шумо писанди хотири тамошобин гардад ва дар оянда ҳам бо таҳияи филмҳои ҷолиб ба рушди синамои тоҷик саҳм гузоред.

-Ташаккур. Рушди синамои тоҷик орзуи ягонаи ман аст ва ман кӯшиш мекунам, ки дар амалӣ шудани ин орзуям ҳарчӣ аз дастам ояд, бикунам.

«Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 SaadiGuest 26.08.2013 17:29
Рости ин филм ягон маъни надорад ва агар хамон 3 сомоние, ки ман диски ин филмро харидам ба ягон талбанда медодам савоб мегирифтам..ба коргардони филм гуфтаниям ки аввал сенарияи филмро ба касе нишон дода пас аз он ба сабти филм тасмим мегирифт хубтар мешуд...хар як кор максад дорад лекин дар тамошои ин филм ман ягон максади аникро надидам ...Вой синамои Тоҷикистон
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi