03:11:27 11-уми Апрели 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Апрел 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

АБДУЛЛОҲИ ЭЪТИМОДӢ: ҲАФТОД ДАР САДИ ДРАМ ВА ТАБЛАИ ОҲАНГҲОИ АҲМАД ЗОҲИРРО МАН КОР КАРДААМ

Олоти зарбии аврупоии мусиқиро, ки иборат аз чанд дуҳул ҳаст (ба забони русӣ «ударник»), дар Афғонистон бо исмҳои гуногун ном мебаранд. Бархе онро дуҳулҳо меноманд, қисми дигар аз он бо номи ҷозбанд ёд мекунанд. Шахсеро, ки навозандаи дуҳулҳост, драммар ва ё ҷозбанд низ мегӯянд. Ҷозбанд дар Афғонистон асосан дар солҳои сиюм солшумории мелодӣ арзи вуҷуд кард. Муҳаммад

Ахмад Зохир, Абдуллохи Эътимоди, Махбубуллох Махбуб, ХумоюнҲаким нахустин ва бузургтарин навозандаи дуҳулҳои Афғонистон аст. Муҳаммад Алӣ, Вайси Хабирӣ, Қосим Қосимӣ, Чатром Сонӣ, Абдуллоҳи Эътимодӣ азҷумлаи шогирдони ӯ ба ҳисоб мераванд. Дар байни ин навозандагони дуҳулҳо аз машҳуртарини онҳо Абдуллоҳи Эътимодӣ ба шумор меравад. Ҳамкориҳои ӯ бештар бо Аҳмад Зоҳир буд. Ба гуфтаи муҳаққиқон ва алоқамандони садои Аҳмад Зоҳир дар наздик ба ҳаштод фисади таронаҳои ин овозхони бесобиқа ҷозбанд ва ё дуҳулҳоро Абдуллоҳи Эътимодӣ навохтааст.

Абдуллоҳи Эътимодӣ ҳудуди беш аз шаст сол қабл дар шаҳри Кобул ба дунёи ҳастӣ чашм кушод. Дар литсеи «Нодирия» таҳсили илм кард. Азбаски ба мусиқӣ рағбати бепоён дошт навохтани дуҳулҳоро аз худ кард ва бо овозхонҳои омотур, ба хусус Зоҳир Ҳувайдо, ҳамкорӣ мекард. Баъдан ба дастаи мутрибони Аҳмад Зоҳир шомил шуд.

Абдуллохи Эътимоди ва Ришод Зохир, писари Ахмад ЗохирМегӯянд ин кор баъд аз он сурат мегирад, ки Халил Роғиб, драмнавози Аҳмад Зоҳир, ки дар ҳоли ҳозир овозхони маъруф ва наттоқи телевизиони «Ориёно Афғонистон» мебошад, Афғонистонро ба қасди Эрон тарк кард. Дар давраи нооромиҳои Афғонистон Абдуллоҳи Эътимодӣ ба Олмон ҳиҷрат кард. Соли 2006-ум барои чанд муддат ба Афғонистон баргашт ва тайи ду сол ба ҳайси раиси раёсати омӯзиши мусиқии вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон ифои вазифа намуд. Феълан дар Олмон зиндагонӣ мекунад. Писари Абдуллоҳи Эътимодӣ Алии Эътимодӣ бо пайроҳаи падар рафта имрӯз яке аз овозхонҳои ҷавон, вале шинохтаи Афғонистон ба ҳисоб меравад.

Воқеан ин ҳунарманди умедбахш бо Шабнами Сурайё, сарояндаи хеле маъруфи кишвари мо чанд суруди дугона низ хондааст.Вале бармегардем ба сӯҳбатии  Абдуллоҳи Эътимодӣ.

Абдуллоҳии Эътимодӣ чун дигар шахсиятҳои маъруфи Афғонистон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифаи худро дорад. Чанде пеш мо бо ӯ тавассути ин шабака дар тамос шудем ва аз ҳамкориҳояш бо Аҳмад Зоҳири ҷовидон чанд савол додем.

Ахмад Зохир, Абдуллохи Эътимоди, Махбубуллох Махбуб-Салом мӯҳтарам Абдуллоҳ Эътимодии гиромӣ.

-Салом мӯҳтрам Султон Ҳамади азиз.

-Лутф мекардеду мегуфтед, ки Шумо чанд муддат бо Аҳмад Зоҳирҷон драм ва табла кор кардед ва ин кадом солҳо буд?

-Бале, ман аз соли 1974 то он даме, ки Аҳмад Зоҳирҷон шаҳид шуд, бо ӯ драм ва табла кор мекардам.

-Метавонед ёдовар шаваед, ки дар таҳияи кадом албомҳои Аҳмад Зоҳир шумо бо ӯ ҳамкорӣ кардед? Гап ин ҷост, ки бо Аҳмад Зоҳирҷон дигар драмнавозон ва табланавозон аз қабили Набил Мискинёр, Халил Роғиб, Читром Сони, Муҳаммад Осифи Чиштӣ ва дигарон ҳамкорӣ кардаанд.

-Бале, аз коссети чаҳорум то коссети сездаҳуми студиёи Афғон-музик, тамоми коссетҳои студиёи Музик сантар (ба ғайр аз кассети «Ситораҳо») ва як коссети Орёно музикро бо Аҳмад Зоҳир ман драм ва табла кор кардам. Оқои Набил Мискинёр чанд оҳанги аввали родиюии даврони мактабхонӣ бо оркестари омотурон навохтаанд. Ва оқои Халил Роғиб чанд оҳанги родиюи ва шаш оҳанг дар коссети сеи Афғон музикро навохтаанд. Ман фикр мекунам, ки 70 дар 100-и драм ва таблаи оҳангҳои Аҳмад Зоҳирро ман навохтаам. Читром Сонӣ таблаи чанд оҳанги родиёӣ ва коссети Ориёно -музикро кор кардааст.

Ахмад Зохир, Абдуллохи Эътимоди ..-Ориёно музик ду коссет дорад. Яке «Дарди дил» дигаре «Мавсими гул». Шумо  дар таҳияи кадоме аз ин коссетҳо ҳамкорӣ кардед?

-Дроам ва таблаи оҳангҳои албоми  «Мавсими гул»-ро ман кор кардам.

-Банда дар як китоби худ бо номи «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии ғарб» навиштаам, ки драм ва таблаи оҳангҳои «Ай қавми ба ҳаҷ рафта», «Ту бароям муқаддасӣ», «Маро чун қатраи ашке зи чашм андохтӣ рафтӣ», «У бону бону ҷоно, «Нола ба дил шуд гиреҳ»-ро Шумо кор кардед. Оё ин дуруст аст?

-Комилан дуруст аст. Оё Шумо китобро ба забони форсӣ навишта кардед?

-На китоб бо ҳуруфи сирилик аст. Шумо хонда метавонед сириликро?

-Мутаассифона, не.

-Шумо бо Аҳмад Зоҳирҷон ҳамроҳ акс гирифтаед?

-Бале аксҳои зиёд дорам.

-Агар лутф кунеду чанд акси худро ҳамроҳ бо Аҳмад Зоҳирҷон барои муштариёни сомонаи «Рӯзгор», ки аксаран ҳаводорон садои ҷовидонаи Аҳмад Зоҳир ҳастанд, бифиристед, хеле сипосгузор мебудем. Мо ин сӯҳбати кӯтоҳро бо иҷозаи Шумо  бо он аксҳо якҷо  ба нашр мерасонем.

Каме андактар мӯҳарам Абдуллоҳ Эътимодӣ ба унвонии банда се акси бо Аҳмад Зоҳир ҳамроҳ гирифтаашонро фиристоданд, ки ҳамакнун онҳоро бо арзи ташаккур ба мӯҳтарам ҷаноби Абдуллоҳи Эътимодӣ ва  бо ин мусоҳибаи кӯтоҳ ба маърази тамошои муштариёни сомонаи «Рӯзгор» мегузорем. Он нафаре, ки дар тан пираҳани сурх дораду дар паҳлӯи Аҳмад Зоҳирнишастааст, ҳамон шахс Абдуллоҳи Эътимодӣ мебошад.

Дар ин мавзӯъ: ХАЛИЛРОҒИБ: АҲМАД ЗОҲИР ДАР ТЕЛЕВИЗИОНИ ТЕҲРОН СЕ СУРУД САБТ КАРДА БУД

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi