11:27:22 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АФЗАЛШО ШОДИЕВ: «ЛОИҚ РАҲНАМОЯМ БУД»

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев ба муаррифӣ эҳтиёҷ надорад, зодаи Тоҷикистон, тараннумгари дӯстиву ваҳдати миллат, сарояндаи сурудҳои ошиқонаву орифона. Инак сӯҳбати кӯтоҳи хабарнигори ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ»-ро бо ӯ манзури Шумо, муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор» менамоем.

- Мӯҳтарам Афзалшо Шодиев, суруду таронаҳои Шуморо тамоми мардуми кишвар - аз Зарафшон то Бадахшон ва аз Ҳисор то Хатлонзамин бо меҳру самимият гӯш мекунанд. Ба ақидаи Шумо, ин қадар дилбастагии мардум ба сурудҳоятон аз куҷост?

 

- Хоҳарам, мегӯянд, ки “Он чӣ, ки аз дил баромад, ба дилҳо мерасад”. Ман суруду таронаҳоямро барои мардуми кишварам месароям, зеро халқи азизи кишварамро бисёр дӯст медорам. Ободию озодии кишвар ва мардумаш ба ман рӯҳу илҳоми сароидан мебахшад. Шояд халқи азиз ҳаминро хуб дарк кардааст, ки сурудҳоямро гӯш мекунад.

 

- Бештари сурудаҳои Шумо ашъори шоири зиндаёд Лоиқ Шералиро дар бар мегиранд, ин қадар дилбастагӣ ба ашъори устод Лоиқ аз куҷост?

 

- Устоди гиромиқадру зиндаёд барои ман падари маънавӣ буданд ва маро писархон медонистанд. Ман худро шахси хушбахт мешуморам, ки дар зиндагии устод Лоиқ бо ӯ ниҳоят наздик будам ва аввалин шунавандаи бархе аз шеърҳои устод низ ман будам. Лоиқ дар зиндагӣ бароям раҳнамою мутакко буд, вале афсӯс… Ба ҷуз дуо ба арвоҳашон дигар чорае надорам…

 

- Бубахшед, ки бо саволи худ дар мавриди устод Лоиқ дарди дили шуморо рӯй занондам. Инак, ин лаҳза мехостам фаҳмам, ки ашъори кадом шоиронро боз дар сурудҳоятон истифода мебаред?

 

- Аслан ман барои сурудан шеърҳоеро интихоб менамоям, ки маънии воло дошта бошанд. Аз ашъори шоирони классик ва шоирони шинохтаи муосир Гулрухсор, Гулназар, Камол Насрулло ва дигарон истифода мебарам.

 

- Муносибати Шумо бо аҳли қалам, яъне адибон ва рӯзноманигорон чӣ гуна аст?

 

- Муносибати бародаронаву дӯстона, зеро ман шефтаи сухану суханвариам ва ҳар он касе, ки сухани волою боло мегӯяд, эътирофу эҳтиром мекунам.

 

- Оё худатон низ чизе иншо мекунед?

 

- Бале, гоҳ-гоҳ шеъру ёддошт менависам, лекин даъвои шоириву нависандагӣ надорам, баръакс мехоҳам, ки ҳунари сарояндагиямро бештар сайқал диҳам.

 

- Ғайр аз ҳаммиллатон ба ҳунари Шумо боз дар куҷо кафкӯбӣ кардаанд ва ба кадом кишварҳо сафари ҳунарӣ доштед?

 

- Бо суруду наво ва дуруди тоҷикона ба 37 кишвари олам сафарҳои ҳунарӣ доштам. Аммо Тоҷикистон- ватанам, ифтихорам, дору мадорам бароям ягона буд, ҳаст ва хоҳад монд.

 

- Воқеан, дар бораи сафарҳои ҳунарӣ. Имрӯзҳо санъаткорони зиёде аз хориҷ ба кишвари мо барои намоиш додани ҳунари хеш меоянд, дар ин маврид чӣ ибрози андеша доред?

 

- Ин хеле хуб аст. Санъати асил сарҳадҳоро убур мекунад. Агар санъаткорони мо ҳам аз онҳо ибрат гирифта, санъати тоҷикро, ки таърихи оламшумул дорад, ба олам муаррифӣ мекарданд, коре мешавад олиҷаноб. Аммо афсӯс, ки бештари санъаткорони мо танҳо ба санъати ғайр тақлиди кӯр-кӯрона мекунанду халос, ҳол он, ки онҳо бояд санъати миллиро рушду тақвият диҳанд.

 

- Чӣ гуна метавон баъди ин ҳама бегонапарастиҳову тақлидҳои кӯр-кӯрона маданияту санъати тоҷикро рушд ва тақвият бахшид?

 

- Санъаткорону ҳунармандонро рафоқату муттаҳидӣ мебояд. Онҳо бояд ғаразу кинаро аз дилҳои хеш нисбати ҳамдигар зудуда, гирди санъаткорони асил ҷамъ оянду баҳри ин талош варзанд.

 

-Шуморо дастпарвари мактаби устоди санъат Ҷӯрабек Муродов мегӯянд, дар бораи ин мактаб чӣ метавон гуфт?

 

- Мактаби устод Ҷӯрабек Муродов воқеан ҳам ҳам мактаби бузургест, ки даҳҳо шогирдони болаёқатро, ки бисёриашон худ низ ба камоли устодӣ расидаанд, ба шоҳроҳи санъат роҳнамун сохтааст. Ман ҳам яке аз шогирдони ин мактаб ҳастам ва бо устод Ҷӯрабек Муродов робитаи устодию шогирдиам то ҳол пойбарҷост.

 

«Нури Зиндагӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi